Ҳол чист?
Ҳол аъзои пайрави ҷумла буда, замон, макон, сабабу мақсад, тарз ва миқдору дараҷаи амалро мефаҳмонад. Ҳол ба саволҳои кай?, аз кай?, то кай? куҷо?, ба куҷо? аз куҷо?, чаро?, ба кадом сабаб?, чӣ тавр?, чӣ тарз?, чӣ қадар? ҷавоб мешавад.
Ҳол ба хабар тобеъ буда, ба воситаи пешояндҳои то, дар, ба, аз, бе, бо ва баъзан бе пешояндҳо алоқаманд мешавад:
- Писарони шумо ва мисли онҳо боз ҳазорон фарзандони халқи мо (кай?) имрӯзҳо бо даъвати Ватан рафта истодаанд (Ф.Ниёзӣ). 2. Пахтачинӣ (чӣ тавр?) босуръат давом дошт…
Ҳол дар таҳлили ҷумла бо -.-.-.-. (тире-нуқта) ишора мешавад.
Хол чист?
Давоми матн пас аз блоки реклама