Муколама чист?

Муколама чист? Маълумот дар бораи муколама бо забони точики >>

Гуфтугӯйи ду ва ё якчанд касро муколама меноманд. Дар муколама сухани ҳар як шахс аз сари хат бо аломати тире ва ҳарфи калон сар мешавад.

–Ҳо, Баротов? Кай омадед?

–Ҳамин рӯз.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

–Пётр Николаевич ду бор Шуморо пурсид.

–Вай дар ҳамин ҷост?

–Не, дар хонааш. Нотоб. Фармуд, ки агар биёед, Шуморо ба наздаш равона кунам. Ҳозир равед.

–Дер нест?

–Шумо магар одати Пётр Николаевичро намедонед? Барои вай ҳеҷ кадом соат дер нест. Роҳи хонаи ӯро медонед?

–Медонам.

 Сотим Улуғзода


–Биёед, ки ба тааннӣ нишаста гапзанон кунем. Хӯш, зиёрат қабул!

– Мурод ҳосил.

–Аз Ленинобод кай?

–Як ҳафта пеш баромада будаму аз Москва худи ҳамин рӯз.

–Меваҳои Ленинобод имсол чӣ тавр? Ҳоло нағз пухтаанд?

–Шумо кай боз ин ҷоед, ки чигунагии ҳосилу пухтани вайро мепурсед?

–Нуҳ моҳ шуд, ки ин ҷо омадам. Аввал ду моҳ дар Душанбе будам. Барои таҳсил омадам.

Раҳим Ҷалил

Мухотаб чист?

ҚаблӣНутки айнан наклшуда
БаъдӣУслубшиноси. Услубхои забони точики

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед