Узвҳои ломиса (ламскунанда)

Ретсепторҳои ломиса дар пардаҳои луобӣ ва пӯстӣ ҷойгиранд. Хусусан, онҳо дар забон, ангуштҳо ва кафи даст бисёранд. Ретсепторҳо ҳангоми дастрасонӣ, фишор додан, таъсири сармою гармо ва озоррасонӣ ангезиш меёбанд.

Бо кумаки ломиса одам қодир аст андоза, шакл ва вазни ягон чизро надида муайян кунад. Ҳангоми шаклдигаркунии сатҳи пӯст, ки ба ҳар як дастрасонӣ ё фишор вобаста аст, импулси асаб ба мағзи сар, ба мавзеи ҳисси пӯст мерасад. Ретсепторҳои пардаи луобӣ ва пӯст гармию сардиро ҳис мекунанд. Хабаррасӣ оид ба ҳарорати муҳит барои танзими ҳарорати доимии бадан муҳим аст.

Ретсепторҳои дардҳискунанда ҳангоми ҳар як таъсире, ки боиси ихтилоли бофтаю узвҳо мешаванд, ангезиш меёбанд. Дард водор месозад, ки ба хатари таҳдидовар зуд диққат дода шавад. Маҳз импулсҳои нуқтаи «дард» водор мекунанд, ки даст аз чизи гарм ё сард дур карда шавад (расми 106).


Мавзӯи пурра: Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа

ҚаблӣАшки чашм – Хазинаи маърифат
БаъдӣУзвҳои шомма (буйкунанда)