Узвҳои шомма (буйкунанда)

Дар пардаи луобии ковокии бинӣ бисёр ретсепторҳои шомма ҷой гирифтаанд. Онҳо аз моддаҳои газмонанди бӯйдор ангезиш меёбанд. Импулсҳо тавассути асаби шомма аз ретсепторҳо ба минтақаи шоммаи қишри нимкураи калони мағзи сари мо дар бораи моддаҳои бӯйдор ахбор мегиранд (расми 107). Ретсепторҳои шомма, ки таҳлили бӯйҳои гуногун ба онҳо вобаста мебошад, бӯйҳоро дарк мекунанд. Одам хӯрданибоб ва ё бемаза будани хӯрокро аз бӯяш ҳис карда, дар ҳаво пайдо шудани омехтаҳои зарарнок, масалан, гази табииро мефаҳмад.

Расми 107. Анализатори шомма
Расми 107. Анализатори шомма

Мавзӯи пурра: Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа

ҚаблӣУзвҳои ломиса (ламскунанда)
БаъдӣУзви зоиқа (ҳисси чашоӣ, мазза, тамъ)