Ноҳияи саноатӣ

Сиклҳои истеҳсолӣ ҳамчун асоси комплексҳои минтақавию истеҳсолӣ эътироф карда шудааст. Аммо сикли минтақавию истеҳсолӣ шакли бо ҳам пайвастагии истеҳсолот будаи соҳаҳои ғайриистеҳсолиро дарбар намегирад. Аз ин ҷиҳат вай аз воҳидҳои тақсимотии ноҳияи иқтисодӣ (микро-мезо ва макроноҳияҳо) ва саноатӣ (ноҳияи саноатӣ, маркази саноатӣ) фарқ мекунад. Ноҳияи саноатӣ қисми таркибии ноҳияи иқтисодӣ буда, асоси онро соҳаҳои саноат ташкил медиҳанд.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Ноҳияи саноатӣ ду хел мешавад: соҳавӣ ва интегралӣ (комплексӣ). Ноҳияи соҳавӣ-соҳаҳои алоҳидаи (саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинасозӣ, саноати кӯҳӣ ва ғайра) саноатро дар бар мегирад. Ноҳияи интегралӣ бошад, дар асоси бо ҳам алоқамандии минтақавию умумииқтисодӣ ва истеҳсолӣ-технологӣ ташаккул меёбанд ва ҳама соҳаҳои саноатро муттаҳид менамоянд.

Ташаккул ёфтани ноҳияҳои интегралӣ-саноатӣ протсесси тӯлонӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ин протсесс аз солҳои пешазҷангӣ оғоз ёфта, ҳоло ҳам давом дорад. Дар натиҷа якчанд ноҳияҳои интегралӣ-саноатӣ ташаккул ёфтаанд. Онҳо дар заминаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ тараққӣ мекунанд.

Ноҳияҳои интегралӣ-саноатӣ ба он соҳаҳо тахсис гардонида шудаанд, ки бо харҷи нисбатан ками ашёи хом ва меҳнат маҳсулот мебароранд. Маҳсулоте, ки ноҳияҳои интегралӣ-саноатӣ истеҳсол мекунанд, на фақат дар ҷумҳурӣ, балки ба хориҷа бароварда мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ноҳияҳои интегралӣ – саноатӣ аз якдигар бо бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекунанд. Дар фарқияти онҳо се аломат роли асосиро мебозад:

  1. пайдоиш (шароит, имконият, зинаҳои ташаккулёбӣ ва инкишоф);
  2. мақсад (махсусгардонии истеҳсолот ва таркиби истеҳсолӣ);
  3. ҷиҳати хоси бо ҳам алокамандии қисмҳои таркибӣ.

Бояд хотирнишон кард, ки дар Тоҷикистон ноҳияҳои саноатӣ (соҳавию интегралӣ) тамоман омӯхта нашудааст. Бинобар, дар айни замон тақсимоти ноҳияҳои соҳавӣ ва интегралии саноатӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Қатъи назар аз он, ташаккулёбӣ, ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии саноати ҷумҳуриро ба инобат гирифта, дар ҳудуди он якчанди ноҳияҳои интегралии саноатиро ҷудо кардан мумкин аст: ноҳияҳои саноатии назди Сирдарё, Варзоб, Вахш, Яхсӯ. Онҳо аз якдигар бо пайдоиш, вазифанокӣ ва таркиби истеҳсолии худ фарқ мекунанд.

Ноҳияи назди Сирдарё  ноҳияи саноатии тараққикардатарини ҷумҳурӣ мебошад. Соҳаҳои асосии саноат, ки махсусгардонии ноҳияро муайян менамоянд, дар заминаи ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва сарватҳои зеризаминӣ кор мекунанд. Ба онҳо саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургияи ранга ва сӯзишворӣ дохил мешаванд. Корхонаҳои ин соҳаҳо, асосан дар шаҳрҳои Хӯҷанд, Қайроқум, Конибодом, Исфара воқеъ гардидаанд. Калонтарини онҳо комбинати матоъҳои абрешими Хӯҷанд, корхонаи Кабоол-Тоҷик-Текстайлз»-и Хӯҷанд, комбинати қолинбофии Қайроқум, заводи равғанкашӣ ва фабрикаи калобаресии Конибодом, комбинати консерваи Исфара мебошанд. Шӯроб-шаҳри ангиштканҳо, Нефтобод-шаҳраки нефтчиён ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Ғафуров корхонаҳои хӯрокворӣ, дар шаҳракҳои минтақаи кӯҳҳои Қаромазор металлҳои ранга истеҳсол мекунанд. Дар Истаравшан фабрикаи кешбофӣ ва заводи вино ва консервабарорӣ кор мекунад. Дар Пролетар заводи пахтатозакунӣ, дар Спитамен заводи пахтатозакунӣ ва ордкашӣ амал мекунанд.

Ноҳияи назди Варзоб дар инкишофи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ин ноҳия ҳам ба дараҷаи баланди инкишофи саноат фарқ мекунад. Саноати мошинсозӣ ва металлкоркунӣ, маснуоти сохтмон, чӯбкоркунӣ, трикотажӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагин, пойафзолдӯзӣ, винобарорӣ ва равғанкашӣ соҳаҳои махсусгардидаи саноати ноҳия ба ҳисоб мераванд. Марказҳои саноати ноҳия шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ваҳдат мебошанд. Корхонаҳои калонтарини шаҳри Душанбе заводҳои «Тоҷиккабел», «Тоҷиктекстилмаш», «Корхонаи шоҳибофӣ», «Корхонаи истеҳсолии матоъҳои пахтагин», корхонаи муштараки «Роҳи Абрешим» ва ғайра мебошанд. Дар шаҳри Турсунзода корхонаи алюминии тоҷик, заводи чинибарорӣ ва дар шаҳри Ваҳдат бошад «комбинати орду биринҷ» воқеъ гардидааст. Корхонаҳои алоҳида дар шаҳраки Варзоб (НБО), Чиптура (заводи консерв), Пахтаобод (коркарди геран), низ сохта шудаанд.

Ноҳияи саноатии назди Вахш аз ҷиҳати инкишофи саноат ҷои сеюмро ишғол менамояд. Дар ноҳия саноати сабук (заводҳои пахта-тозакунӣ), хӯрокворӣ ва вазнин бартарӣ дорад. Соҳаҳои махсусгардидаи ноҳияи саноат электроэнергетикӣ, кимиёвӣ, пахтатозакунӣ, ресмонресӣ ва равғанистеҳсолкунӣ мебошанд. Калонтарин марказҳои саноатии ноҳия шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Ёвон аст. Дар Қӯрғонтеппа заводҳои пахтатозакунӣ, трансформаторбарорӣ, равғанкашӣ, консерв, ресмонресӣ, дар Сарбанд корхонаи саҳҳомии «Тоҷиказот», дар Ёвон -комбинати электрокимиёвӣ ҷойгир шудаанд.

Ноҳияи саноатии назди Яхсу нисбат ба ноҳияҳои назди Сирдарё, назди Варзоб ва назди Вахш саноати суст тараққикарда  дорад. Корхонаҳои саноатӣ асосан маҳсулоти хоҷагии қишлоқро кор мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар таркиби саноати ноҳия саноати сабук ва хӯрокворӣ бартарӣ доранд. Саноати пахтатозакунӣ соҳаи махсусгардида ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар ин ноҳия фабрикаи ресмонресӣ, заводи чармгарӣ, фабрикаи қолинбофӣ ва дигар корхонаҳо сохта шуданд. Маркази саноатиии ноҳия шаҳри Кӯлоб, шаҳракҳои Данғара, Совет, Восеъ, Москов мебошанд.

Ноҳияи саноатии назди Зарафшон дар айни замон саноати ҳаматарафа тараққикарда надорад. Аммо барои инкишофи он имконияти калон дорад. Ноҳия вобаста ба коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ба истеҳсоли металлҳои ранга, тилло, вино, консерва, коркарди ибтидоии тамоку махсус гардонида шудааст. Маркази саноатии ноҳия шаҳри Панҷакент мебошад. Дар он корхонаи консерва, фабрикаи тамокукоркунӣ воқеъ гардидааст. Дар шаҳраки Колхозчиён заводи винобарорӣ сохта шудааст. Металлҳои ранга (ордааш) дар комбинати Анзоб ва Ҷиҷикрӯд истихроҷ карда мешаванд. Дар шаҳрчаи Таррор корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» кор мекунад.

Бояд дар назар дошт, ки ноҳияҳои интегралии саноатӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷихати дараҷаи ташаккулёбӣ ва инкишоф аз якдигар фарқ мекунанд. Ноҳияҳои саноатии Сирдарё, назди Варзоб хеле тараққӣ карда мебошанд. Ташаккулёбии онҳо ҳанӯз дар солҳои 30-юм ибтидо ёфта буд. Таркиби соҳавии саноати онҳо нисбатан мураккаб аст. Ноҳияҳои саноатии назди Вахш, Яхсу ва Зарафшон ҷавон буда, дар арафаи ташаккулёбӣ ва инкишоф мебошанд.