Ҳикоятҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»

Чанд ҳикоя аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» меорем. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» асари шоир ва нависандаи маъруф Муҳаммад Авфии Бухороӣ мебошад. Маълумоти муфассал оиди «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва Муҳаммад Авфии Бухороӣ метавонед инҷо мутолиа намоед Гузариш<<


Ҳикоят

Рӯзе подшоҳе бо шоҳзодае ба шикор рафт. Вақте ки ҳаво гарм шуд, подшоҳ ва шоҳзода ҷомаҳои худро дар пушти масхарабози худ ниҳоданд. Подшоҳ табассум кард ва гуфт:

 – Эй масхарабоз, дар пушти ту як бори хар ҳаст?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Масхарабоз гуфт:

– Не, бори ду хар.


Ҳикоят

Шахсе назди табиб рафт ва гуфт:

– Шиками ман дард мекунад, даво кун.

Табиб пурсид:

– Имрӯз чӣ хӯрдаӣ?

Гуфт:

– Нони сӯхта.

Табиб давое дар чашми ӯ кардан хост. Он шахс гуфт:

– Эй табиб, дарди шикамамро бо чашм чӣ муносибат?

Ҳаким гуфт:

 – Аввал туро давои чашм мебояд кард, зеро агар чашмат дуруст мебуд, нони сӯхта намехӯрдӣ.


Ҳикоят

Рӯзе дарвеше гуноҳе бузурге кард. Пеши ҳабашии кӯтвол (соҳиби қалъа) бурданд. Кӯтвол ҳукм кард, ки рӯйи дарвеш сияҳ кунед ва дар тамоми шаҳр бигардонед. Дарвеш гуфт:

 – Эй кӯтвол, нисфи рӯйи ман сияҳ кун, вагарна ҳамаи мардумони шаҳр гумон мекунанд, ки ман ҳабашии кӯтвол ҳастам.

Кӯтвол аз ин сухан хандид ва гуноҳи дарвешро бахшид.


Ҳикоят

Шахсе бо бахиле дӯстӣ дошт. Рӯзе бахилро гуфт:

 – Ҳоло ба сафар меравам, ангуштарини худ ба ман деҳ, онро бо худ хоҳам дошт, ҳар гоҳ онро хоҳам дид, туро ёд хоҳам кард.

Ҷавоб дод, ки:

 – Агар маро ёд доштан мехоҳӣ, ҳар гоҳ ангушти худ холӣ бинӣ, маро ёд кун, ки ангуштарӣ аз фалон хоста будам, надод.

Моҳигир ва ҷавони ситамкор (ҳикояи тоҷикӣ)


Ҳикоят

Дар замони Баҳроми Гӯр ҳокиме буд, ки дар фазлу ҳикмат ягона буд ва дар ҳунару дониш ангуштнамой.

Чун борҳо аҳволи ӯ ба Баҳром бигуфтанд, Баҳром ӯро бихонд ва аз анвои улум имтиҳон кард. Ва чун дар ҳама ҷавоби савоб дод, Баҳром бо худ гуфт: «Вазорат ба вай тафвиз (ба уҳда гузоштан) кунам, аммо бош, то ӯро дар ҳиммату адаб биёзмоям».

Пас, ӯро бо худ дар хон1 нишонд ва ҳамкоса гардонид ва мурғе бирён карда, дар пеши вай ниҳод.

Ҳаким мурғро пора кард ва ба шараҳе2 тамом бихӯрд ва дигарро ҳамчунон ба кор бурд.

Баҳром гуфт: «Ин мард ҳиммат3 надорад, дар пеши ман мурғ чунин мехӯрад, мол дар ғайбати ман чӣ гуна хӯрад?!»

Пас, ӯро ташриф4 дод ва боз гардонид ва бад-он тарки адаб ва дунҳимматӣ5 аз вазорат маҳрум монд.


Ҳикоят

Як киса (халтача) динори шахсе дар хона гум шуд. Ӯ ба қозӣ хабар дод. Қозӣ ҳамаи мардумони хонаро талабид ва ба ҳар кас як чӯб дод, ки ҳамаи он дар дарозӣ баробар буд ва гуфт: «Ҳар кӣ дузд бошад, чӯби ӯ ба қадри як ангушт дароз хоҳад шуд».

Чун ҳамаро рухсат кард, шахсе, ки кисаро дуздида буд, тарсид ва чӯби худро ба қадри як ангушт бурид.

Рӯзи дигар чун қозӣ ҳамаро талабид ва чӯбҳоро дид, маълум шуд, ки дузд кист. Кисаи динор аз ӯ гирифт ва ба вай сиёсат кард (ҷазо дод).


Ҳикоят

Афлотунро (Платон) гуфтанд:

Чӣ гӯӣ, ки ҳаргиз ғамгин набошӣ?

Гуфт:

Дил дар чизе набандам, ки дасти ман биравад.


  1. Хон – дастархон.
  2. Шараҳе – ҳарисӣ, тамаъ, рағбат.
  3. Ҳиммат – иродаи зӯр, қасд, азм.
  4. Ташриф додан – ҷома бахшидан, ҷома пӯшондан.
  5. Дунҳимматӣ – пастҳимматӣ, хасис.

Ҳикояҳо аз эҷодиёти Саъдии Шерозӣ


Хикояхо аз Чомеъ-ул-Хикоёт, Ҳикоятҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», хикояхо бо забони точики, хикояхои точики, ҳикоя дар мавзуи ҷавонмардӣ, хикоя дар бораи даре, зимистон хикоя, 

ҚаблӣТезгӯякҳо – Тезгуяки точики
БаъдӣЗиёуддини Нахшабӣ

2 шарҳ

  1. Ман ҳамеша соволҳои худро аз сомонаи шумо меёбам ҳамаашон дуруст мебарояд дигар сомонаҳои интернети 90 % нодуруст аст ташаккур зиёд

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед