Ҷаҳонбинӣ ва таълимоти буддоия дар давраи аввали пайдоиши он

Дар давраи аввали пайдоиши худ буддоия нафақат системаи динӣ, балки бештар системаи фалсафӣ-этикӣ буд. Асоси ҷаҳонбинии буддоияи он давраро «чор ҳақиқати олӣ», ки ҳангоми омадани илҳом ба Гаутама (Буддо) ошкор гардида буданд, ташкил менамояд.

Буддо дар бораи он чор ҳақиқат ҳанӯз дар баромади аввалини худ дар Банорас хабар дода буд. Он чор ҳақиқати олӣ инҳоянд: таълимот оиди ранҷу азият, сабабҳои ранҷу азият, қатъ гардонидани азият ва роҳҳои қатъ гардонидани ранҷу азият.

Тамоми ҳаёти инсон тибқи таълимоти Буддо, аз ранҷу азият иборат аст. «Таваллуд ин машаққат аст, пирӣ азият аст, беморӣ ранҷу азоб аст, ҳамроҳ будан бо шахси номатлуб ранҷ меорад, фироқи шахси маҳбуб машаққат аст, чизи матлубро ба даст наовардан азоб аст». Сабаби асосии ин ҳама ранҷу азоб  тибқи ақидаи Буддо алоқаи дӯстӣ доштан бо ҳаёту ҳастӣ мебошад.

Ин алоқаи дустӣ бо ҳаёт ба он оварда мерасонад, ки инсон ҳар дафъа такрор ба такрор аз нав тавлид ёбад. Қатъ гардонидани ранҷу азоб бо роҳи барҳам задани алоқаи дӯстӣ бо ҳаёт ва пурра нест кардани ҳама гуна хоҳиш  ба даст оварда мешавад. Инсон дар худ ҳама гуна кӯшиши вуҷуд доштан, ҳамагуна хоҳиш, шавқу рағбат ва ҳама гуна алоқаю ҳавас ба касею чизе, ки надошта бошад, мебояд пахш намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кас чи тавр метавонад ҳама гуна шавқу рағбат ва хоҳишҳои худро нест созад? Дар ин бора ҳақиқати олии чорум чунин таълим медиҳад: барои қатъ намудани азият  риояи роҳе, ки аз 8-ҷузъ иборат аст, мадад мерасонад. Он аз «дини порсоёна, ҷасорати порсоёна, суханони порсоёна, амалҳои порсоёна, тарзи ҳаёти порсоёна, кӯшишҳои порсоёна, афкори порсоёна, мушоҳидаҳои порсоёна»  иборат мебошад. Агар кас дар ҳаёти худ талаботҳои ин роҳи 8-ҷузъаро риоя намояд, дар ниҳояти кор комил мегардад, ба арҳат (шахсияти муқаддас, валӣ) табдил меёбад ва ба нирвана фурӯ меравад.

Нирвана, тибқи таълимоти буддоия ин дараҷаи охирини олии ҳолате мебошад, ки ҳар як донишманд бояд барои ба он расидан кӯшиш намояд. Нирвана ҳолати саодату оромию хомӯшию наҷоти абадист.

Мафҳуми нирванаро худи буддоиҳо ҳар хел шарҳ медиҳанд: нестшавии пурра ё аз ин олам ба олами донистанашавандаи ғайр гузаштан; баъзеҳо ақида доштанд, ки инсон дар вақти зиндагияш ба нирвана мерасад, дигарон чунин мешумориданд, ки инсон фақат баъди марги ҷисмаш ба нирвана мерасад. Вале дар ҳар сурат, дурусташ он аст, ки нирвана маънои қатъ гардидани силсилаи, ба ақидаи ҳиндуён, азнавтаваллудшавиҳои ҳама гуна ҷисми зинда мебошад. Ин силсилаи азнавтаваллудшавиҳои беохирро буддоиҳо «сансара» меноманд.

Тибқи ақидаи буддоиҳо ҳамаи ҷисмҳои зинда баъди машаққатҳо аз нав таваллуд меёбанд. Яъне марг инсонро аз ранҷу азоби ҳастӣ наҷот намебахшад, зеро баъди марг боз азнавтаваллудшавӣ ҷой дорад. Аз ин доираи пуразоби сансара, яъне азнавтаваллудшавиҳои беохир бо як роҳ халос шудан мумкин аст ва он ҳам бошад расидан ба дараҷаи «арҳат»-зоҳиди муқаддас, валие, ки ҳақиқатро дониста аст. Аз рӯи ақидаи браҳманӣ ҷисми зинда ҳангоми азнавтавлидшавӣ метавонад ба худ шаклҳои мухталифро гирад, яъне ӯ метавонад ҳамчун ҳайвон, рустанӣ, ҷин ё Худо тавлид ёбад. Аммо шакли олии азнавтавлидшавӣ-ҳамчун инсон тавлид ёфтан аст.

Чунки аз ин шакл фақат инсон метавонад ба ҳолати беҳтарини олӣ-нирвана гузарад. Худи Буддо, ба ақидаи буддоиҳо то ҳамчун Гаутама тавлид ёфтанаш чандин азнавтавлидёбиҳоро аз сар гузаронидааст. Ӯ дар рӯи замин дар шакли одамони каста ва касбу кори гуногун, дар осмон ҳамчун баъзе худоҳо, аз он ҷумла-Браҳма зиндагӣ карда буд. Ӯ дар байни одамон аввалин шуда ба илҳому рӯшноӣ  расид. Аз ин рӯ дигар ӯ аз нав тавлид намегардад. Марги Буддо-ин бевосита ба нирвана гузаштани ӯ мебошад.

Роҳи ягонаи дастёбӣ ба ҳолати арҳат ва ба воситаи он ба ҳолати нирвана гузаштанро буддоия дар кӯшишҳои бошууронаи худи одам ва риояи роҳи 8-ҷузъа медид. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро ба ғайр аз худаш аз сансара наҷот дода наметавонад. Дар ин роҳ инсон бояд ба худоҳо умед набандад. Буддо вуҷуди худоҳоро инкор намекард. Вале мегуфт, ки онҳо низ аз сансара наҷот наёфтаанд. Дар назари Буддо инсоне, ки ба дараҷаи ноил шудан ба илҳому  рӯшноӣ расидааст, аз худоҳо боло меистад.

ҚаблӣРивоятҳо дар бораи зиндагии Буддо ва пайдоиши буддоия
БаъдӣЭтикаи буддоия