Зиндагиномаи Абулкосим Лохути

Дар ин макола Зиндагиномаи Абулкосим Лохути, Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Лохути, Ашъори/эчодиёти Лохути оварда мешавад.


Гар дусад раҳ ба сари дор равам, Лоҳутӣ,
Боз дар маслаки худ якдиламу подорам.

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон дар оилаи косиби куҳнадӯз (гевакаш) таваллуд ёфтааст. Ӯ дар нуҳсолагӣ шогирди челонгар, баъд шогирди дарзӣ ва пасон шогирди оҳангар будааст. Падараш Аҳмад низ табъи шоирӣ дошта бо тахаллуси «Илҳомӣ» шеър мегуфтааст ва нахустустоди Лоҳутӣ дар шеърсароӣ ҳамоно падараш будааст.

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1904 дар синни ҳабдаҳсолагӣ бо мадади ташкилоти «Одамият» ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Зулму истибдод дар ҳамон давра дар Эрон ба дараҷаи авҷи худ расида буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Лоҳутӣ муътақид буд, ки рӯзе инқилобе мешавад ва решаи зулму истибдодро месӯзад ва худ низ ба мубориза алайҳи истибдод бар мехезад. Шеърҳои инқилобӣ ва зидди зулму бедодгариҳо сурудаи ин шоири инқилобӣ вирди забони муборизон буд. Ниҳоят, ҳокимияти замон Лоҳутиро ба қатл ҳукм мекунад. Оқибат Лоҳутӣ соли 1922 баъди таҳдиду таъқибҳои сахти ҳокимони Эрон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ мебарад.

Аз устод Абулқосим Лоҳутӣ осори гаронбаҳое чун достону ғазалҳои равон, қитъаҳо, рубоиву дубайтиҳои шево боқӣ мондаанд. Лоҳутӣ соли 1957 дар Маскав вафот кардааст.


Шархи холи/зиндагиномаи Абулкосим Лохути бо забони точики, биография, эчодиёт.

ҚаблӣАхмади Дониш
БаъдӣШеърҳо дар васфи Тоҷикистон