Ватан (Ватан вайрона аз ёр аст)

Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳар ду?

Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду?

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ватанро аз хатар фикри вакилон мекунад эмин,

Ва ё сарнайзаи як лашкари ҷаррор1, ё ҳар ду?

Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,

Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду?

Каманди бандагӣ бар гардани бечорагон маҳкам,

Зи банди сабҳа2 шуд, ё риштаи зуннор, ё ҳар ду?

Ба қатлу ғорати деҳқону истисмори заҳматкаш,

Фақат масҷид бувад бонӣ ва ё дарбор, ё ҳар ду?

Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон

Зи чаккуш3 мешавад, ё доси ҷавҳардор4, ё ҳар ду?

Вакил аз хидмати миллат тағофул5 мекунад амдан6,

Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор, ё ҳар ду?

Ба маҷлис нисбати Эронфурӯшӣ медиҳанд, аммо

Намедонам кунам иқрор, ё инкор, ё ҳар ду?

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери теғам, ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду!

Туро рӯзе ба куштан медиҳад ночор, Лоҳутӣ,

Забони ростгӯ, ё табъи оташбор, ё ҳар ду?

Вакил аз хидмати миллат тағофул мекунад амдан,

Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор, ё ҳар ду?

Абулқосим Лоҳутӣ


  1. Ҷаррор – бадхоҳ.
  2. Сабҳа – тасбеҳ.
  3. Чаккуш – болға.
  4. Ҷавҳар – санги қиматбаҳо, ин ҷо ба маънои тез, обутобдода.
  5. Тағофул – ғафлат, худро ба нодонӣ задан.
  6. Амдан – қасдан, дидаву дониста.

Шеър дар бораи Ватан

ҚаблӣҲуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо
БаъдӣҲуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн