Адабиёт, театр ва бозихои олимпии Юнони кадим. Адабиёт. Театр. Бозихои олимпи.
АДАБИЁТ
Адабиёти Юнони қадим аз достонҳои машҳури Ҳомер «Иллиада» ва «Одиссей» оғоз меёбад, ки онҳо дар асри VIII пеш аз милод навишта шуда, то асри IV пеш аз милод мураттаб гардидаанд. Ҳомер маҳорати баланд ва табъи нозуки шоирӣ дошт. Образҳоро хеле ифоданоку воқеӣ инъикос мекард. Бинед, ки ӯ сипари Ахиллро дар достони «Иллиада» чӣ тавр тасвир менамояд:
Мазраи шоҳонаро рассом аҷаб тасвир кард,
Мардикорон тез мекарданд гандумро дарав.
Се нафар бандинабоф истодаву чанде писар,
Хӯшаҳоро дарза карда, мекашонанд нав ба нав.
Шоҳ истода бо кибру ғурур аз ҳосилот.
Ҳаёт дар дасташ асои нуқракӯби дилрабо…
Ошпазҳо зери тӯсе монда чандин дегро,
Дар сипар тасвир гашта расми чандин гов…
Адабиёти шифоҳии Юнони қадим ниҳоят ғанӣ буд. Ба он, пеш аз ҳама, асотирро дохил кардан лозим аст.
Юнониҳо онҳоро хеле дӯст медоштанд. Асотир дар бораи саргузашти аҷоибу ғароиби қаҳрамонони халқ ва худоҳо нақл мекунанд. Устураҳоро, дар бораи Дедал ва Икар, дар бораи Геракл, дар бораи Демет ва Парфенон, дар бораи аргонавтҳо ва дар бораи Атлант мақоми калон дошта, аз фолклори ғании Юнони қадим дарак медиҳанд.
ТЕАТР
Намоишҳои театрии юнониҳои қадим ҳар сол 2–3 маротиба якчандрӯзӣ ташкил карда мешуданд, лекин ин намоишҳо рӯзи иди Дионис хеле бошукӯҳ мегузаштанд. Иди Дионис иди кишоварзӣ буд. Кишоварзон ва аҳли оилаи онҳо дар рӯзи Дионис ба либосҳои идона дар бар ба кӯчаҳо баромада, хурсандӣ мекарданд. Дар рӯзи иди Дионис дар театрҳо
ва ҷойҳои дигари серодами шаҳрҳо актёрҳо намоишномаҳоро намоиш медоданд. Дар он ҷойҳое, ки театр набуд, дар нишебии теппаҳо барои намоишномаҳо саҳна тайёр мекарданд, ки онро «скене» меномиданд. Навозандагон ва хор дар шафати «скене» ҷой дода мешуданд, ки онро «орхестра» меномиданд. Актёрҳо дар чунин ҷойҳо намоишномаҳои худро манзури тамошобинони сершумор менамуданд.
Завқи бадеии юнониҳои қадим нисбат ба театр хеле баланд буд. Онҳо ин навъи санъатро хуб мефаҳмиданд ва дӯст медоштанд. Барои ҳамин, дар аксари шаҳрҳои Юнони қадим театрҳо сохта шуда буданд. Баъзеи ин театрҳо ниҳоят калон буданд. Масалан, дар шаҳри Афина театре сохта шуда буд, ки дар он ҳазор нафар тамошобин ҷой мегирифт.
Актёрҳо мувофиқи мазмуни намоишҳои саҳнавӣ ҳангоми иҷрои нақшҳо ниқоб мепӯшиданд. Нақши занҳоро ҳам мардҳо иҷро мекарданд.

Дар театрҳои юнонӣ намоишномаҳои фоҷиавӣ ва мазҳакавиро ба саҳна мегузоштанд. Мардум онҳоро хуш мепазируфтанд. Юнониҳо фоҷиаро «трагедия» меномиданд, ки маънояш «суруди бузҳо» мебошад. Дар фоҷиаҳо воқеаҳо ниҳоят тезутунду пурэҳсос сурат гирифта, оқибат бо марги фоҷиавии қаҳрамонони асосӣ анҷом меёфтанд.
Яке аз фоҷианависони машҳури Афина Эсхил буд. Фоҷиаи машҳури ӯ «Прометейи занҷирбанд» ном дорад. Дар он гуфта мешавад, ки бо фармони Зевс Гефест Прометейро дар харсанги кӯҳе занҷирбанд карда, бо мехи оҳанин синаи ӯро сӯрох мекунад. Дар вақти намоиш Прометей ба мардум рӯй оварда, мегӯяд, ки ӯ ба одамон оташ овард, ба онҳо хонасозӣ, ромкунии ҳайвонот ва хондану ҳисобро омӯзонд. Аз ҳамин сабаб, Зевс нисбат ба ӯ дар хашму ғазаб аст. Фоҷиа бо он ба поён мерасад, ки дар зери ғулғулаи раъду барқ харсанге, ки Прометей дар он занҷирбанд буд, ба зери замин меравад.
Нависандаи дигари Юнони қадим Софокл мебошад. Яке аз фоҷиаҳои ӯ «Антигона» буда, ба тамошобинон таъсири калон мерасонд.
Муаллифони намоишномаҳо дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибори калон буданд. Ҳайкалҳои онҳоро дар театрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии дигар мегузоштанд.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Яке аз ҷойҳои муқаддасу тамошобоби машҳури юнониёни қадим кӯҳи Олимп буд, ки он дар мавзеи хушбоду ҳавои Пелопоннес воқеъ гардидааст. Мувофиқи ривоятҳои қадим худоҳои юнониҳо, аз ҷумла Зевс дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекардаанд.

Аз рӯйи одат юнониҳо ба шарафи Зевс дар ҳар чор сол як маротиба дар кӯҳи Олимп Бозиҳои Олимпӣ мегузаронданд. Варзишгарон то Бозиҳои Олимпии оянда тайёрии медиданд. Дар Бозиҳои Олимпӣ варзишгарони беҳтарин доир ба пойга, гуштӣ, ҳаводиҳии диск, найзапартоӣ ва муштзанӣ мусобиқа мекарданд.
Мувофиқи қонун ҳамаи мардони Юнон метавонистанд дар Бозиҳои Олимпӣ иштирок кунанд, лекин тамошои бозиҳо на ба ҳама муяссар мегардид.
Юнониҳо кӯҳи Олимпро ҷойи муқаддас медонистанд. Дар он ҷо ибодатхонаи боҳашамате қомат рост карда, дар дохили он ҳайкали Зевс меистод. Онро ҳайкалтароши машҳур Фидий сохта буд. Гирду атрофи ибодатхонаро биноҳо, ҳайкалҳои худоҳо, ҷанговарони машҳур ва ғолибони Бозиҳои Олимпӣ зинат медоданд. Ба туфайли қаҳрамонҳои Бозиҳои Олимпӣ ҷангҳо қатъ гардида, аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ва аз шаҳр-давлатҳои юнонӣ ҳазорон юнониҳо пиёдаю савора ба тамошои он ҷамъ меомаданд. Тахмин мекунанд, ки Бозиҳои аввалини Олимпӣ дар Юнони қадим соли 776 пеш аз милод баргузор гардидаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи комёбиҳои адабиёти Юнони қадим нақл кунед.
- Ҳомер дар пайдоиши адабиёти Юнони қадим чӣ саҳме гузоштааст?
- Юнониҳо намоиши театриро чӣ тавр ташкил мекарданд?
- «Скене» ва «орхестра» чӣ маънӣ доранд?
- Дар театрҳои Юнони қадим чӣ гуна намоишномаҳо ба саҳна гузошта мешуданд?
- Бозиҳои Олимпӣ дар куҷо ва чӣ тавр ташкил карда мешуданд?
- Дар Бозиҳои Олимпӣ кадом қонуну қоидаҳо вуҷуд доштанд?
- Аввалин Бозиҳои Олимпӣ дар Юнони қадим кадом сол баргузор гардидаанд?