Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам,
Зеби дастурхони одам,
Иззати меҳмони одам.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳою дони гандум.
Ранҷи деҳқон аст гандум,
Ганҷи деҳқон аст гандум,
Файзи даврон аст гандум,
Номи мардон аст гандум.
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳою дони гандум.
Дар баҳорон мекашад сар,
Сабзааш чун нӯги ханҷар,
Хӯшааш чун зулфи духтар,
Донааш ҳамранги ахтар.
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳою дони гандум.
Ҷумъа Қувват
Шеър дар васфи Нон ва гандум, Нон бувад чун чони одам, шеъри Чумъа Кувват.