Санъати Юнони кадим. Меъмори. Хайкалтароши. Санъати тасвири.
МЕЪМОРӢ
Бинокории юнониён дорои санъати баланди меъморӣ буд. Сутунҳои биноҳои боҳашамат ва айвонҳо бо маҳорати баланд кандакорӣ карда мешуданд. Айвонҳоро асосан барои истироҳат месохтанд. Онҳо девори махсус надоштанд. Ба ҷои деворҳо сутунҳо меистоданд. Сутунҳои айвонҳо ба биноҳо ҳусни тоза зам мекарданд. Аз рӯйи зебу зинат ва нақшу нигор сутунҳо ва айвонҳо «дорӣ» ва «ионӣ» ном доштанд. Қисми болои сутунҳои ионӣ кандакорӣ карда шуда, ба шохҳои гӯсфанди ба поён печида монандӣ дошт.
Ҷамъомадҳои асосии тантанавии шаҳриён дар ибодатхонаҳо барпо мегардиданд. Аз ин рӯ, юнониҳо онҳоро тарзе месохтанд, ки бо барҷастагӣ ва зебоии худ аз биноҳои дигари шаҳр фарқ кунанд.
Ибодатхонаҳо дар шакли чоркунҷа сохта мешуданд. Таҳкурсии онҳо аз замин баландтар ва бомашон дунишеба буд. Нишебии бом ва кунгураи иморат шакли секунҷа дошт, ки онро «фронтон» меномиданд. Одатан дар гирдогирди биноҳои ҷамъиятӣ айвонҳоеро месохтанд, ки ин биноҳоро боз ҳам зеботар мегардонданд.
Юнониҳо ба сохтмони ибодатхонаҳо диққати махсус медоданд, чунки онҳоро «хонаи Худо» меномиданд. Фарқи ибодатхонаҳо аз биноҳои дигар дар он буд, ки таҳкурсии онҳоро баландтар сохта, дохилашонро бо ҳайкалҳо зебу зинат медоданд.
ҲАЙКАЛТАРОШӢ
Юнониҳо дар ҳайкалтарошӣ ҳамто надоштанд. Дохилу беруни ибодатхонаҳои онҳоро ҳайкалҳо зиннат медоданд. Ҳайкалҳои зиёде дар майдонҳои шаҳрҳо низ гузошта шуда буданд. Онҳо шаҳрҳоро боз ҳам зеботару дилнишинтар мегардонданд.
Ҳайкалҳоро ҳайкалтарошони юнонӣ, асосан, аз санги мармар ва чӯб тарошида, онҳоро ранг мекарданд. Барои тасвири чашми ҳайкалҳои биринҷӣ сангҳои ҳаррангаро ба кор мебурданд. Ба рӯйи як қисми ҳайкалҳои чӯбин устухони тунуки филро мечаспонданд, то ки ба пӯсти бадани одам монанд шавад. Ин кор аз ҳайкалтарошон маҳорат ва малакаи калонро талаб мекард.
Ҳайкалтарошон дар асарҳои худ худоҳо, арбобони давлатӣ, варзишгарон ва ашхоси дигари машҳури Юнонро тасвир мекарданд. Агар кас ба «Дискпарто» ном ҳайкали Мирон нигарад, ба назар чунин мерасад, ки ҳоли ҳозир мушакҳои бадани бо шиддати том тарангшудаи варзишгар рост мешаваду дискро ба масофаи дур ҳаво медиҳад. Ҳайкалҳои «Сари Афина», «Дискпарто», «Гуштигирон» ва ҳайкалчаи зан табиӣ ва гуворо офарида шудаанд. Онҳо аз маҳорати фавқулодаи ҳайкалтарошони Юнони қадим шаҳодат медиҳанд.
САНЪАТИ ТАСВИРӢ
Мардуми Юнони қадим биноҳои ҷамъиятиро назар ба хонаҳои худ бештар зебу зинат медоданд. Юнониҳо табъи баланди зебоифаҳмӣ доштанд. Қариб дар ҳар як хонаи юнонӣ гулдонҳои бо нақшу нигор ва суратдорро дидан мумкин буд.

Рассомони юнонӣ ҳангоми расмкашӣ дар гулдонҳо аз рангҳои гуногун истифода мебурданд. Дар рӯйи гулдон ва зарфҳои дигари тагашон сурхранг бо ранги сиёҳ расм мекашиданд, ки ба онҳо ҳусни тоза Расми 210. Тасвири қурбони кунӣ. мебахшид. Соли 540 пеш аз милод.
Рассомони юнонӣ деворҳои биноҳои истиқоматиро оро медоданд. Онҳо дар асарҳои худ саҳнаҳои фоҷиавию мазҳакавӣ ва ғайраро меофариданд.
Дар Юнони қадим кандакорӣ ва нақшу нигоркашӣ ҳам ба дараҷаи баланд рушд карда буд. Хусусан, девору сутунҳои биноҳои ҷамъиятиро аз асарҳои кандакорию нақшу нигори юнонӣ зебу зинат мебахшиданд.
Ҳайкали Зевси ОлимпӣҲайкали Зевси Олимпӣ ягона муъҷизаи олам мебошад, ки дар қитъаи Аврупо офарида шудааст. Дар Юнон дигар ягон ибодатгоҳи Эллада ба қатори муъҷизаҳои олам мансуб нест. Ҳайкали Зевс дар ибодатгоҳи дарозиаш 64 метр, бараш 28 метр ва баландии манзилҳои дохилиаш 20 метрӣ маҳфуз буд. Тасвири ҳайкал: Зевси то миён урёни аз чӯб сохташуда, баданаш бо варақаҳои рангашон ҷигарӣ, аз устухони фил оро додашуда, либосҳояш бо баргҳои тиллоӣ пӯшонидашуда, дар як дасташ ҳайкали тиллоии Ника – олиҳаи ғалаба ва бо дасти дигар найзаи дарозро ба замин зер кардааст. Зевс муҳташам ва босалабот тасвир ёфтааст. Вақте Фидий (ҳайкалтарош) кори худро анҷом дод, ба назди ҳайкали дар болои фарши мармарии ибодатхона гӯё шино мекарда бошад, омада пурсид: –Ту ризо ҳастӣ, Зевс? Дар ҷавоб садои раъд шунида шуд ва фарши зери пойи ҳайкал кафид. Зевс розӣ буд… Баъд ба фармони шоҳаншоҳҳои Византия ҳайкалро бо эҳтиёти тамом ба Константинопол оварданд. Гарчанде мардуми шаҳр насронӣ буданд, ба Зевс даст набардоштанд. Дар асри V милодӣ қасри шоҳаншоҳ Феодосии II сӯхт. Ҳайкали чӯбин туъмаи оташ шуд. Аз офаридаи Фидий ба ҷуз якчанд варақи устухонии ба хокистар мубаддалшуда ва дорои ҷилои тиллоӣ чизи дигаре боқӣ намонд. Ҳамин тавр, муъҷизаи ҳафтуми олам аз байн рафт. |
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Биноҳоро дар Юнони қадим чӣ тавр месохтанд?
- Намуди ибодатхонаҳои Юнони қадимро шарҳ диҳед.
- Ибодатхонаҳо аз биноҳои дигари ҷамъиятӣ бо чӣ фарқ мекарданд?
- Дар бораи санъати ҳайкалтарошии Юнони қадим нақл кунед.
- Гулдонҳоро рассомони юнонӣ чӣ тавр оро медоданд?
- Аз рӯйи расмҳо дар бораи санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва рассомии Юнони қадим маълумот диҳед.
- Аз рӯйи яке аз расмҳои мавзӯъ ҳикоя тартиб диҳед.