Маълумот дар бораи таҷҳизоти дӯзандагӣ

Маълумот дар бораи тачхизоти дузандаги.


1. Сӯзан асбоби дарздӯзӣ буда, онро аз замонҳои қадим истифода мебаранд. Аввал ба ҷойи сӯзан хори дарахтон. устухони моҳию ҳайвонотро истифода мекарданд. Баъд онро аз нуқра, мис, тилло, оҳан ва дертар аз пӯлод месохтагӣ шуданд. Аз асри ХIХ истеҳсоли сӯзан дар фабрикаҳо ба роҳ монда шуд. Андозаи сӯзанҳо аз №1 (хурд) то 12 (калон) буда, асосан аз пӯлод сохта мешаванд. Барои матоъҳои тунук сӯзанҳои №1, 2, 3-ро истифода мебаранд. Сӯрохии сӯзанҳо вобаста ба андозаашон ҳар хел мешавад.

2. Қайчӣ – асбоби тези дӯзандагӣ. Он аз замонҳои қадим маълум аст. Баъд аз пайдо шудани қайчӣ дар болои дари дӯконҳои дӯзандагӣ ҳамчун нишон ё рамзи дӯзандагӣ шакли қайчиро мекашиданд.

Қайчӣ барои буридани матоъ, ришта ва ғайраҳо зарур аст. Андозаи онҳо аз №1 (калон) то №8 (хурд) мешавад. Барои матоъҳои борик №1 ва барои риштаҳо №8-ро истифода мебаранд. Қайчиро аз пӯлод месозанд.

3.Ангуштпона ҳанӯз аз асри ХV маълум буд. Ангуштпонаро аввал аз чарм, тилло ва дигар металлҳо месохтанд. Доир ба пайдоиши ангуштпона ривояте ҳаст. Гӯё писаре ба духтаре ошиқ шудааст, ки вай хизматгори подшоҳ будааст ва ба либос гулдӯзӣ мекардааст. Барои он ки сӯзан ба дасти духтарак нахалад, ҷавон ангуштпонаро сохта, ба вай туҳфа кардааст. Ангуштпона бо ҳамин роҳ ихтироъ шуд ё бо роҳи дигар аҳамият надорад. Муҳимаш он, ки дар вақти дарздӯзӣ ангуштони дастро аз халидани сӯзан эҳтиёт мекунад. Аввал онро бе сарак тайёр мекарданд, баъд бо сараки болояш маҳкам тайёр мекардагӣ шуданд.

Асбобҳои дӯзандагӣ
Асбобҳои дӯзандагӣ
ҚаблӣБофти матоъ. Кори амалии №19
БаъдӣТашкил кардани ҷойи кор барои дӯхти дастӣ. Риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти дарздӯзӣ