Таснифи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби дуввуми худро пурра ба ҳуқуқу озоди ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшидааст. Боби мазкур 34 моддаро дар бар мегирад, ки аксарияти кулли онҳо дар бораи ҳуқуқу озодиҳои муаӣян меъёр муқаррар намудаанд.

марду зан, баробарии марду зан,

Низоми ягонаи ҳуқуқу озоди ва вазифаҳои асосиро дар заминаҳои гуногун ба гуруҳҳои муаӣян ҷудо қардан мумкин аст. Таснифи илмии ҳуқуқу озоди ва вазифаҳои асоси бо мақсади ҳарчи амиқтар омуҳтани онҳо, муаӣян қардани алоқамандии онҳо бо ин ё он соҳаи ҳаёти инсон ва шаҳрванд гузаронида мешавад. Тасниф яқе аз тарзҳои таҳлил ва ҳулосабарори оиди ин ё он зуҳурот мебошад.

Ҳуқуқу озоди ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ба тариқи зерин тасниф намудан мумқин аст:

1) ҳуқуқу озодиҳои фардӣ;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2) ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ;

3) ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номгуи ҳуқуқу озодиҳои фарди огоз меёбад. Хусусияти хоси ҳуқуқу озодиҳои фардие, ки дар Конститутсия танзим ёфтаанд, иборат аз он аст, ки аксари онҳо ба шахс, яъне ба ҳар як инсон таъин шуда, ба шаҳрванди вобаста нестанд. Онҳо ба ҳар касс аз рузи тавлидёби таалуқ дошта, таҷовузнопазиранд. Гуруҳи мазкур ҳуқуқу озодиҳоеро фаро гирифтааст, ки барои ҳифзи ҳаёт, озоди, қадру номус, шаъну шарафи инсон ва дигар ҳуқуқҳои фитри, ки ба ҳаёти шахси, хусусии у алоқаманд мебошанд, таъин гардидаанд.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёси мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гуруҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёси асосан барои шаҳрвандони ҷумҳури таъин гардидаанд. Барои субъекти аксари ҳуқуқу озодиҳои сиёси гардидан, таалуқ доштан ба шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз омилҳои асоси мебошад. Масалан, аз панҷ моддаи Конститутсия, ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро муқаррар менамоянд, фақат яке аз онҳо (моддаи 30) барои шахс таъин гардидааст. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гуруҳи ҳуқуқу озодиҳои асоси бо сохтори давлати, ташкили мақомоти давлати, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлати ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст. Аз ин ру, ҳуқуқу озодиҳои сиёси аксаран ба шаҳрвандон дастрас буда, ҳориҷиён ва шахсони шаҳрванди надошта фақат аз баъзеи онҳо истифода бурда метавонанд.

Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд, ҳамчун ҳуқуқу озодиҳои фарди қисми таркибии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд Буда, ҳуқуқи инкорнашавандаи онҳо мебошад. Хусусияти хоси давлати демократии муқаррар кардани низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсие, ки иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат таъмин менамоянд, мебошад.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гуруҳи иҷтимоию иқтисоди мақоми махсусро соҳиб аст. Он чунин самтҳои муҳими ҳаёти инсонро ба монади моликиятдори ва меросгузории он, муносибатҳои оилави, меҳнати, таъминоти иҷтимои, истироҳат, саломати, таҳсилро дар бар гирифта, ба таъмини эҳтиёҷоти модди, ҷисмони ва маънавии шахс равона карда шудааст.

ҚаблӣШаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БаъдӣСохтори давлатӣ ва марзи маъмурӣ