Асбоби кории асосии одамони ҷамоаи ибтидоӣ сангҳои теғадор буданд. Дар натиҷаи ҳафриёт бостоншиносон онҳоро ҳамроҳи устухонҳои одамони қадимтарин пайдо намудаанд. Бо сангҳои теғадор онҳо чӯб метарошиданд, пӯсти ҳайвони шикоркардаро аз танаш ҷудо мекарданд, корҳои дигари рӯзгорро ба ҷо меоварданд.

Одамони ибтидоӣ мисли ҳайвонҳои даранда панҷаю нохунҳои боқувват ва дандонҳои сахт надоштанд. Онҳо ба замми сангҳои нӯгтезу теғадор барои кофтани замин, шикор, афшондани мева ва корҳои дигар калтакро ҳам истифода мебурданд.

Сангҳои нӯгтез, калтак ва чӯби заминканӣ аз олоти аввалини меҳнати одамони ибтидоӣ ба шумор мерафтанд. Бо ёрии онҳо одамони асри санг барои худ хӯрок ба даст оварда, худро муҳофизат ҳам мекарданд.
Маҳз ба туфайли сохтан ва истифода бурда тавонистани ҳамин гуна олоти меҳнат, ки ҳарчанд хеле одию номукаммал буданд, одамони ибтидоӣ аз ҳайвонот фарқ мекарданд. Маълум аст, ки ҳайвонҳо афзори одитарини кориро ҳам сохта наметавонистанд.

Мавзӯи пурра >> Асри санг. Ҳаёти одамони қадимтарин. Одамони ибтидоӣ