Навиштану хондани ададҳои бисёррақама

Ҳар як адади натуралиро ба воситаи даҳ рақам 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 навиштан мумкин аст. Чунин тарзи ифодаи адад навишти даҳии адад ном дорад. Дар ин навишт қимати рақам ба ҷойи ишғолкардаи он вобаста аст. Масалан, агар рақами 5 дар охири адад ҷойгир бошад, 5 якӣ (воҳид)-ро ифода менамояд. Агар аз охири адад дар ҷойи дуюм омада бошад, 5 даҳиро нишон медиҳад, агар аз охири адад дар ҷойи сеюм ҷойгир бошад, 5 садиро ифода менамояд ва ғайра.

Ададҳои дурақама (аз 10 то 99) аз шумораи муайяни якиҳо ва даҳиҳо иборатанд. Масалан, адади 12 аз 1 даҳӣ ва 2 якӣ, адади 44 аз 4 даҳӣ ва 4 якӣ, адади 50 аз 5 даҳӣ иборатанд.

Ададҳои серақама (аз 100 то 999) ба ғайр аз якиҳо ва даҳиҳо боз рақами садиҳо низ доранд. Масалан, адади 247 аз 2 садӣ, 4 даҳӣ ва 7 якӣ иборат мебошад. Адади 606 аз 6 садӣ ва 6 якӣ иборат аст. Адади 700 танҳо 7 садиро дарбар гирифтааст.

Ададҳои чоррақама (аз 1000 то 9999) бар замми якиҳо, даҳиҳо ва садиҳо боз ҳазориҳоро низ дороанд. Масалан, адади 4569 аз 4 ҳазорӣ, 5 садӣ, 6 даҳӣ ва 9 якӣ иборат аст. Адади 2020 аз 2 ҳазорӣ ва 2 даҳӣ ташкил ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои хондани ададҳои бисёррақама онҳоро аз рост ба чап ба разрядҳо ҷудо менамоянд. Се рақами охири адад якиҳо, даҳиҳо ва садиҳо гурӯҳи садиҳо номида мешавад. Се рақами минбаъдаи дар самти чапи гурӯҳи садиҳо ҷойгирбуда (ҳазориҳо, даҳҳазориҳо, садҳазориҳо) гурӯҳи ҳазориҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, разрядҳои миллион, даҳ миллион ва сад миллионро ифодакунанда гурӯҳи миллиониҳо, се рақами минбаъда гурӯҳи миллиардиҳо номида мешаванд ва ғайра.

  Мисоли 1.

триллиониҳо миллиардҳо миллиониҳо ҳазориҳо Садиҳо
213 047 580 609 451

Адади овардашуда ин тавр хонда мешавад: 213 триллиону 47 миллиарду 580 миллиону 609 ҳазору 451.

Ададҳои натуралиро ҳамчун суммаи ҷамъшавандаҳои разрядии онҳо навиштан мумкин аст. Масалан, 374=300+70+4 ё ки 374=3*100+7*10+4. Ҳамин тавр, 1987=1*1000+9*100+8*10+7. Бо ибора, адади як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт аз 1 ҳазорӣ, 9 садӣ, 8 даҳӣ ва 7 якӣ иборат аст.

Мисоли 2. Адади панҷ миллиарду ҳафтоду панҷ ҳазору серо бо воситаи рақамҳо менависем.

Аз чап ба рост менависем: дар гурӯҳи миллиардиҳо 5, дар гурӯҳи миллиониҳо 000, дар гурӯҳи ҳазориҳо 075, дар гурӯҳи садиҳо 003. Дар натиҷа адади 5000075003 ҳосил мешавад. Дар ҳар яке аз гурӯҳҳои ҷудошуда, ба ғайр аз якумаш бояд се рақам мавҷуд бошад. Бинобар ҳамин, шумораи миллиониҳои адад бо се нул навишта шуд. Ғайр аз ин, пеш аз рақами якиҳо низ ду маротиба 0 гузоштем.

Мисоли 3. Адади ҳафтсаду ҳафт миллиарду понздаҳ миллиону як ҳазорро бо рақамҳо менависем: 707015001000.

Ададҳои натуралӣ ва адади сифр


Навиштану хондани ададхои бисёрракама, навишти дахии адад, Ададхои дуракама, Ададхои серакама, Ададхои чорракама, садихо, хазорихо, миллионихо, миллиардихо, ададхоро чи тавр менависанд, ададхоро чи тавр мехонанд, ракам, тарзи навишти адад, ракам, рақам, математика бо забони точики.

ҚаблӣАдадҳои натуралӣ ва адади сифр
БаъдӣМуқоисаи ададҳои натуралӣ