Асри санг. Ҳаёти одамони қадимтарин. Одамони ибтидоӣ

Асри санг. Хаёти одамони кадимтарин. Одамони ибтидои.


Одамони ибтидои

Одамони ибтидоӣ. Бостоншиносон бисёр нишонаҳои одамони қадимтаринро дар Африқо, Осиё, Аврупо ва Амрико пайдо намуда, аз рӯйи устухонпораҳояшон шаклу андоми онҳоро муайян кардаанд. Дар натиҷаи ин маълум гардид, ки одамони ибтидоӣ аз одамони имрӯза фарқи калон дошта, ба маймунҳои калонҷусса монанд будаанд. Пешонаашон тангу хамида, майнаашон аз майнаи маймун калонтар, вале аз майнаи одами замони мо хурдтар буд.

Онҳо на ба мисли ҳайвон бо чор пой, балки бо ду пой роҳ мегаштанд ва аз ҳамин сабаб қоматхамида буданд. Дастонашон хеле дароз буда, қариб то ба зонуҳояшон мерасиданд. Бо дастонашон корҳои одиро ба ҷо меоварданд: ягон чизро гирифта заминро меканданд, худро муҳофизат менамуданд.

Расми 1. Одами миллион сол пеш аз замони мо
Расми 1. Одами миллион сол пеш аз замони мо

Дар бораи пайдоиши одамони ибтидоӣ то имрӯз фарзияҳои гуногун пешниҳод шудаанд. Яке аз ин фарзияҳо аз маймун пайдо шудани одам мебошад.

Дар аввал одамони ибтидоӣ мисли мову шумо гап зада наметавонистанд, яъне нутқ надоштанд. Фақат якчанд овози канда-канда мебароварданд, ки онҳо ба нутқ монанд набуданд. Бо ин овозҳо онҳо хурсандиву хашму ғазаб ва тарсу ҳароси худро ифода менамуданд, ҳамдигарро аз хавфу хатар огоҳ мекарданд ва ё дар мавриди таҳдиди хатар ҳамҷинсони худро ба ёрӣ ҷеғ мезаданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Афзори аввалини кории одамони ибтидоӣ

Асбоби кории асосии одамони ҷамоаи ибтидоӣ сангҳои теғадор буданд. Дар натиҷаи ҳафриёт бостоншиносон  онҳоро ҳамроҳи устухонҳои одамони қадимтарин пайдо намудаанд. Бо сангҳои теғадор онҳо чӯб метарошиданд, пӯсти ҳайвони шикоркардаро аз танаш ҷудо мекарданд, корҳои дигари рӯзгорро ба ҷо меоварданд.

Расми 2. Афзори кории қадимтарин
Расми 2. Афзори кории қадимтарин

Одамони ибтидоӣ мисли ҳайвонҳои даранда панҷаю нохунҳои боқувват ва дандонҳои сахт надоштанд. Онҳо ба замми сангҳои нӯгтезу теғадор барои кофтани замин, шикор, афшондани мева ва корҳои дигар калтакро ҳам истифода мебурданд.

Расми 3. Гурӯҳи одамони ибтидоӣ
Расми 3. Гурӯҳи одамони ибтидоӣ

Сангҳои нӯгтез, калтак ва чӯби заминканӣ аз олоти аввалини меҳнати одамони ибтидоӣ ба шумор мерафтанд. Бо ёрии онҳо одамони асри санг барои худ хӯрок ба даст оварда, худро муҳофизат ҳам мекарданд.

Маҳз ба туфайли сохтан ва истифода бурда тавонистани ҳамин гуна олоти меҳнат, ки ҳарчанд хеле одию номукаммал буданд, одамони ибтидоӣ аз ҳайвонот фарқ мекарданд. Маълум аст, ки ҳайвонҳо афзори одитарини  кориро ҳам сохта наметавонистанд.

Расми 4. Гурӯҳи одамони ибтидоӣ ҳангоми шикор
Расми 4. Гурӯҳи одамони ибтидоӣ ҳангоми шикор

Ташаккули одамони ибтидоӣ

Одамони ибтидоӣ мунтазам инкишоф ва ташаккул меёфтанд. Ин раванд хеле дуру дароз – садҳо ҳазор сол давом кард. Вақте ки одамони ибтидоӣ оташро кашф карданд, дар тарзи ҳаёти онҳо тағйироти муҳим ба амал омад. Акнун одамон оташро барои гарм кардани манзил ва пухтани гӯшти ҳайвонҳои шикоркардаашон истифода мебурданд. Баъд аз пӯсти ҳайвонот барои худ сарулибос ва ҷойи хоб тайёр карданро ёд гирифтанд.

Расми 5. Теғасанг
Расми 5. Теғасанг

Одамон тадриҷан дар ҷойҳои ҳамвори сероб паноҳгоҳҳо месохтагӣ шуданд. Бостоншиносон теъдоди зиёди чунин бошишгоҳҳои одамони асри сангро пайдо кардаанд. Бозёфтҳои археологӣ (бостоншиносӣ)-и ғори Тешиктоши назди шаҳри Тирмиз яке аз онҳо мебошад.

Бо гузашти даҳҳо ва садҳо ҳазор сол ҳаёти одамони ибтидоӣ ба туфайли хосил кардани таҷрибаи зиндагӣ ва малакаи меҳнат торафт рангинтар мегашт, дасту бозуяшон ба кор бештар одат мекард. Меҳнат дар ташаккули шуури одамони ибтидоӣ нақши муҳим бозидааст.


Чамоахои авлодии одамони ибтидои

Ҷамоаҳои авлодии одамони ибтидоӣ. Муборизаи одамон бар зидди дарандагон, меҳнати якҷояи онҳо барои зисту зиндагонӣ, фурӯзон нигоҳ доштани гулхан ва пайдоиши нутқ имконият дод, ки одамон боз ҳам муттаҳиду тифоқтар бошанд.

Расми 6. Сохтани найза
Расми 6. Сохтани найза

Аз вақти пайдо шудани «одами боақл» одамон ба гурӯҳҳои доимии аз хешовандон иборатбуда муттаҳид мешуданд. Аз рӯйи нишонаҳои хешутаборӣ чунин гурӯҳи одамонро авлод номида анд. Ҳайати авлод аз як аҷдод иборат буда, бо ҳамдигар пайванди хунӣ дошта, дар як қаламрав, маҳал ва ё ғор зиндагонӣ мекарданд.

Расми 7. Шикори оҳувон
Расми 7. Шикори оҳувон

Дар авлод мардҳо ба шикор ва моҳидорӣ якҷоя машғул мешуданд, сохтани олоти меҳнат ҳам вазифаи онҳо буд. Занҳо бошанд, ба неъматғундорӣ, аз пӯсти ҳайвонот дӯхтани сарулибос, пухтупаз ва тарбияи кӯдакон машғул буданд. Ҳамин аъзоёни авлод аз он чи ки ба даст меоварданд, якҷоя истифода мебурданд, ғизоро  якҷоя мехӯрданд, яъне озуқа, ашё, манзил, ҳайвоноти хонагӣ ва ғайра моликияти умумии онҳо ҳисоб мешуд.

Расми 8. Ҷамоаи авлодӣ
Расми 8. Ҷамоаи авлодӣ

Бостоншиносон муайян намудаанд, ки дар ҷамоаи авлодӣ занҳоро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ҳайкалчаҳои зиёди занон, ки аз устухон тарошида шудаанд, дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Иҷрои аксари корҳои ҷамоаи авлодӣ ба зиммаи занон буд, яъне дар авлоди ҷамоаи ибтидоӣ дар меҳнат мақоми зан нисбат ба мард баландтар буд. Барои ҳамин ӯ мавқеи ҳукмрон дошт. Беҳуда нест, ки давраи пайдоиши «одами боақл»-ро оғози давраи модаршоҳӣ меноманд. Давраи модаршоҳӣ тахминан дар ҳазорсолаҳои 50-35 пеш аз милод оғоз ёфтааст.

Авлодҳои ҷамоаи ибтидоӣ ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. Кӯдакон аз хурдсолӣ ба корҳои хона ёрӣ  расон да, ба меҳнат одат мекарданд.


Санъати одамони ибтидои

САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ. Бос тон шиносон бисёр «асарҳо»-и санъати одамони асри сангро пайдо намудаанд. Қариб сад сол қабл  асрори ғори воқеъ дар Испанияи кунунӣ, ки дар замонҳои хеле қадим одамон зиндагӣ мекарданд, бостоншиносони испаниро моту ҳайрон кард. Онҳо дар деворҳои ғор суратҳои бо ранг кашидашудаи  ҳайвонҳои гуногунро кашф карданд, ки амали одамони ҷамоаи ибтидоӣ буданд.

Расми мамонт, гавазн ва хирс бо маҳорат тасвир карда шудааст. Ин расмҳо гувоҳи онанд, ки одами ҷамоаи ибтидоӣ дорои қобилияти дарки зебоӣ будааст.

Олимон аз ин расмҳо ба чунин хулоса омаданд, ки санъат тахминан 30 ҳазор сол пеш аз ин дар ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудааст.

«Одами боақл» мушоҳидакор буд. Ӯ ҳайвонҳоро хеле хуб омӯхта будааст, вагарна расмҳою ҳайкалҳоро ин қадар устокорона офарида наметавонист. Ба санъат машғул шудани одами ҷамоаи ибтидоиро ҳамчун як ҷаҳиши бузург дар пайдоиш ва ташаккули минбаъдаи ҳаёти ӯ ҳисобидан мумкин аст.

Расми 10. Бизон ва шикорчӣ
Расми 10. Бизон ва шикорчӣ

Дини одами ибтидои

ДИНИ ОДАМИ ИБТИДОӢ. Магар “одамони боакл” метавонистанд, ки дар назди ҳодисаҳои хавфноки табиат оҷизона cap хам намоянд? Албатта не. Онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, ки сабабҳои cap задани ҳодисаҳои табиатро ошкор созанд, вале барои равшан дарк намудани сабаби ҳодисаҳои табиат дониши онҳо ҳанӯз кофӣ набуд. Дар тасаввури одамони ибтидоӣ ҳодисаҳои табиат гӯё дар зери таъсири кадом як қувваи ғайритабиӣ сурат мегирифтанд. Ба хаёли онҳо, агар он пуф кунад, дар замин ва баҳру уқёнусҳо тӯфон ба амал меояд.

Ҳамин гуна дар кашфи сирру асрори ҳодисаҳои табиат оҷизӣ кардани идрок боиси дар байни онҳо пайдо шудани ҳар гуна эътиқодҳои динӣ гардид. Дар тасаввури одамони ибтидоӣ оламро гӯё қувваҳои пурзӯри ғаиритабиӣ идора мекарда бошанд. Барои ҳамин ҳам, онҳо ба ин қувваҳо ҳамчун ба рӯҳҳо ва ҳодисаҳои пуриқтидор эътиқод пайдо менамуданд. Касбу кори одамон ба эътиқодҳои динии онҳо таъсир мерасонд.

Масалан, кишоварзон боварӣ доштанд, ки худоҳои ҳодисаҳои табиат Офтоб ва абр мебошанд, зеро офтоб ба зироат гармӣ мебахшад, абр бошад, ба зироат об медиҳад. Одамони қадим худоҳоро ё дар шакли одам ва ё дар шакли ҳайвонҳо тасаввур карда, мепарастиданд. Мувофиқи тасаввуроташон сурати худоҳоро аз чӯб ва ё санг метарошиданд, ки мо онро бут меномем. Бутҳоро одамони қадим дар ҷойҳои намоён гузошта, ба онҳо ибодат мекарданд. Одамон гумон доштанд, ки ин бутҳо, ки рамзи худоён буданд, дар парвариши зироат ва барори шикор ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Барои он ки худоҳо талаби одамонро иҷро кунанд, ба бутҳо ибодат ва қурбонӣ мекарданд.

Расми 12. Австралиягиҳо пеш аз шикор
Расми 12. Австралиягиҳо пеш аз шикор

Масалан, дар назди бутҳо сабадҳои пур аз меваҷоту ғалладона ва чорвои кушташударо мегузоштанд. Баъзан ба хотири эътиқод ба бутҳо ҳатто ҳамқавмҳо ва асиронро ҳам қурбонӣ мекарданд. Чунин эътиқоди динии одамони қадим аз насл ба насл гузашта, дар шуури онҳо ҷой мегирифт.


Сарчашма. Одамон оташро ба даст дароварданд

Дар оғоз одамон оташ надоштанд. Оташи ягонае, ки дар Замин фурӯзон буд, аз рӯйи ривоят дар ихтиёри ду дев қарор дошт. Оташ ба одамон зарур буд, лекин ягон одам ҷасорати аз девон хоҳиш кардани ақаллан як лахчаро надошт.

Одами ҷасуре бо номи Ламанг ёфт шуд, ки ӯ усули ба даст овардани оташро ёфт. Вай бо даррандагони гуногун дӯстӣ дошт ва ба онҳо дар бораи ин нияти хеш фикрашро баён кард. Даррандагон нақшаи ӯро дар бораи ба даст овардани оташ шунида, ваъда доданд, ки ба ӯ ёр мерасонанд.

Ламанг дар замини наздикии деҳкада қурбоққаро шинонд, каме дуртар асп ва аз он дуртар гурбаи ёбоӣ, дар наздикии гурба саги ёбоӣ, дар паси он, дар наздикии манзили девҳо шерро гузошт.

Ҳар ду дев дар танҳоӣ гӯё зиқ мешуданд ва ба онҳо омадани меҳмонон маъқул буд. Ламанг дар ин бора хабар дошт. Ӯ ба ҳар яки ҳайвонҳо фаҳмонд, ки онҳо бояд чӣ кор кунанд ва баъд худаш ба назди девҳо рафт.

Девҳо  аз омадани Ламанг хурсанд шуданд ва бо ӯ суҳбат оростанд.

Ламанг иброз дошт:

– Ба одамон оташ ниҳоят зарур аст. Оё шумо метавонед ба онҳо ақаллан як лахчаи фурӯзон бидиҳед? Девҳо cap ҷунбонда гуфтанд:

– Мо бояд оташро муҳофизат кунем ва аз ҳамин сабаб ба ягон кас ҳатто як оташаки хурдтаринро ҳам дода наметавонем.

Ламанг онҳоро гӯш карда, ба назди тиреза омад ва ба берун нигоҳ кард. Ин ишорае буд, ки Ламанг бо дӯстонаш маслиҳат карда буд. Якбора шер наъра кашид, саг аккос зад, гурба  садо баровард, асп шиҳа кашид, қурбоққа вақ-вақ кард. Онҳо чунон доду фарёд бардоштанд, ки девон аз ҷойи худ ҷаста, ба берун нигаристанд, ки чӣ ҳодиса рух дода бошад?

 Ламанг аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, лахчаи фурӯзонро бардошту роҳи гурезро пеш гирифт. Девҳо Ламангро дунболагирӣ карданд. Қариб буд, ки онҳо ба ӯ расида гиранд. Ин лаҳза баъди расидани шер ӯ лахчаи фурӯзонро ба замин партофта, дод зад:

– Гир дӯстам, тезтар бибар!

Шер лахчаро шрифта, бо суръати баланд аз девон дур шуд.

Ҳамин тариқ, шер то ҷойи исти саги ёбоӣ, саги ёбоӣ то ҷойи исти гурбаи ёбоӣ, гурбаи ёбоӣ то ҷойи исти асп рафта расида, лахчаи фурӯзонро ба замин партофта, хитоб кард:

– Гир дӯстам, тезтар бибар!

Аспи ёбоӣ лахчаи фурӯзонро то ба қурбоққа бурда расонд. Қурбоққа  лахчаро гирифта, ҷаҳида-ҷаҳида ба ҷониби деҳа рафт, вале девон ба вай расида гирифта, аз думаш доштанд. Қурбоққа аз чунин сурат гирифтани нақшаи бадастдарории оташ сахт тарсида, бо тамоми қувва ҷаҳид ва дар назди анбӯҳи одамони байни деҳа афтид, вале думаш дар дасти девҳо монд.

Ҳамин тавр, одамон оташро ба даст дароварданд. Қурбоққа аз ҳамон вақт cap карда, дум надорад. Аз тарси ҳамон воқеа чашмони вай барҷаста ва алоянд.

Ин ривоят, бачаҳои азиз, афсона аст.  Афсона ҳам бошад, шумо дарк кардед, ки одамон пас аз пайдоиши худ барои ба даст овардани оташ чӣ талошҳое кардаанд.


Савол ва супоришҳо

  1. Одамони ибтидоӣ чӣ гуна шаклу андом доштанд?
  2. Одамони ибтидоӣ оё гап зада метавонистанд?
  3. Олоти меҳнати одамони асри санг чӣ гуна буд?
  4. Дар бораи бошишгоҳҳо ва сарулибоси одамони ҷамоаи ибтидоӣ нақл кунед.
  5. Сохти ҷамоаи авлодиро шарҳ диҳед.
  6. Одамони қадим оё санъат доштанд?
  7. Дар Испания аз даруни ғope чӣ гуна расмҳо ёфт шудаанд? Онҳоро шарҳ диҳед.
  8. Дар бораи эътиқоди динии одамони асри санг маълумот диҳед.
  9. Одамон оташро чӣ тавр ба даст оварданд?

ҚаблӣШеърхо дар бораи шаби Кадр (лайлатуль кадр)
БаъдӣАфзори аввалини кории одамони ибтидоӣ