Аҳамияти ҳайвонот ва таъсири инсон ба шумораи онҳо

Аҳамияти ҳайвонот

Ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд. Бисёр ҳашарот – шапалакҳо, занбӯри асал, баъзе магасҳо, гамбӯскҳо ва ғайраҳо рустаниҳоро гардолуд мекунанд. Тахминан 80%-и рустаниҳои гулдор тавассути ҳайвонот гардолуд мешаванд.

Нақши ҳайвонот дар рӯйи Замин хеле калон аст. Ҳосилхезии хок аз бисёр ҷиҳат ба мавҷудияти ҳайвонот, пеш аз ҳама кирми лойхӯрак вобаста аст. Ин кирм хокро дар чуқурии зиёд мулоим мекунад, ки дар натиҷа даромадани ҳаво, намӣ ба хок қулай ва фаъолияти микробҳои хок баланд мешавад. Решаи рустаниҳо ба қабатҳои чуқуртари хок даромада, хуб мустаҳкам мешаванд. Кирми лойхӯрак хокро ковок карда, онро аз рӯдааш гузаронида, тадриҷан хокро аз қабатҳои поён ба боло мебарорад. Аз ҳамин сабаб олими бузурги англис Ч. Дарвин кирми лойхӯракро «плуги бузурги табиат» номидааст. Дарвин бо кирми лойхӯрак таҷриба гузаронида, нишон додааст, ки дар як сол дар масоҳати  1 м2 кирми лойхӯрак  4 кг хоки хушкро ба боло бардоштааст. Ба ғайр аз кирми лойхӯрак дигар намудҳои ҳайвонот (бисёрпойҳо, кирминаи гамбӯскҳо ва ғайраҳо) организмҳои мурдарафтаи рустанигӣ ва боқимондаи онҳоро хӯрда, аз худ саргин мебароранд. Дар натиҷаи ин ба замин моддаҳои зарурии органикиро, ки барои ҳаёти рустаниҳо муҳиманд, бармегардонанд.

Нақши ҳашарот, аз ҷумла термитҳо, мӯрчаҳо ва кирминаи бисёре аз онҳо низ дар ҷараёни хокҳосилшавӣ хеле калон аст. Обхокиҳо, бисёр хазандаҳо, парандаҳо, ширхӯрҳо, мӯрчаҳо, момохолакҳо, саворакҳо ва дигар намуди ҳайвонот шумораи ҳашароти зараррасонро кам мекунанд. Бисёр ҳайвонот тухм ва дони рустаниҳоро паҳн мекунанд. Намудҳои зиёди ҳайвонот аз давраҳои қадим инҷониб объекти шикор буданд. Маҳсулоти ғизоӣ (гӯшт, асал, шир, тухм), ашёи хом барои саноат (пашм, мӯйина, пӯст, абрешим, пат, мум) ва мавод барои соҳаи тандурустиро (заҳри мор, заҳри занбӯри асал) ҳоло ҳам одамон аз ҳайвонот мегиранд.

Ҳайвонҳо ба ғайр аз фоида зарар ҳам меоранд: ба рустаниҳо зиён мерасонанд, ҳосилро дар анбор вайрон мекунанд, чорворо ҳалок менамоянд, баъзе ҳайвонот микробҳои касалиоварро паҳн мекунанд, ё бемориҳои вазнинро ба вуҷуд меоранд.

Миқдори зиёди кирмҳои муфтхӯр ба соҳаи чорводорӣ, саломатии инсон зарари калон мерасонанд. Бисёр касалиҳои инсонро ҳайвоноти якҳуҷайра ба вуҷуд меоранд, аз ҷумла касалиҳои табларза, исҳоли хунин ва ғайраҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҳити зисти ҳайвонот

Аҳамияти донишҳои зоологӣ

Тавассути донистани илми зоология роҳҳои безарари мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон дар саҳро ва анбор кор карда шудааст. Муваффақиятҳои олимони зоология дар соҳаи бо роҳи сунъӣ зиёд кардани моҳиҳои қиматбаҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво, хонагӣ кардани ҳайвоноти ёбоӣ, барқарор кардани шумораи ҳайвоноти нодир ва ғайраҳо хеле калон аст.

Таъсири инсон ба шумораи ҳайвонот

Инсон бо табиат робитаи зич дошта, аз якдигар ҷудонашавандаанд. Табиат муҳити зисти инсон буда, ягона воситаи вуҷуд доштани он аст. Табиат ва бойигариҳои табиӣ пойдеворе мебошад, ки дар он ҷамъияти инсонӣ зиндагӣ ва тараққӣ мекунад. Инсон ва ҳайвон як ҷузъи табиатанд ва тавассути ҳаётгузаронӣ ва меҳнаташон ба табиат таъсири калон мерасонанд.

Дар давраҳои қадим манбаи асосии зиндагии одам шикор ва моҳидорӣ буд. Одамон барои гӯшт, пӯст ва дигар мақсадҳо, пеш аз ҳама, ҳайвонҳои калон ва намудҳоеро, ки рама-рама шуда мезистанд, шикор мекарданд. Дар он замон аслиҳаи шикор хеле одӣ (таёқ, санг) буд. Аз ҳамин сабаб он вақт таъсири инсон ба табиат (махсусан, ба кам шудани шумораи ҳайвонҳо) чандон зиёд набуд. Тадриҷан аслиҳаи шикор мукаммал гардида, найза, камонғӯлак ва амсоли инҳо пайдо шуданд. Вобаста ба ҳамин ҳайвонот зиёдтар нест карда мешуданд. Дар ҷойи истиқомати одамони қадим устухони ҳайвоноти калонҷусса (мамонт дар минтақаҳои шимолӣ, каркадан дар ҷануб) ёфт шудаанд. Баробари зиёд шудани аҳолӣ, пайдо шудани шаҳрҳо, мукаммал шудани аслиҳаи шикор баъзе ҳайвонот, аз ҷумла тури аврупоӣ (яке аз сарнаслҳои гузаштаи чорвои калони шохдор), тарпан (яке аз сарнаслҳои аспи хонагӣ) (расми 15), дарандаи калони баҳрӣ ё гови баҳрӣ ва бисёр дигар ҳайвонҳо нест гардиданд.

Расми 15. Таъсири инсон ба шумораи ҳайвонот

Яке аз сабабҳои дар табиат кам шудани шумораи ҳайвонот нест кардани онҳо тавассути шикор аст. Ғайр аз ин ба ҳаёти ҳайвонот буридани ҷангалҳо, кишт кардани заминҳои бекорхобида, хушк кардани ботлоқҳо, сохтани сарбандҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, аз сохтани сарбандҳо миқдори зиёди водии дарёҳо ва марзҳои назди онҳо дар зери об монда, теъдоди фаровони ҳайвонот–парандаҳо ва дарандаҳо аз ҷойи сукунати худ маҳрум мешаванд. Дар ин маврид, агар як қисмашон ба дигар ҷойҳо кӯчида раванд, қисми дигарашон нест мешаванд. Аз тарафи дигар, дар ин обанборҳо шумораи парандаҳои обӣ, моҳиҳое, ки дар обҳои ором зиндагӣ мекунанд, зиёд мешаванд.

Истифода бурдани заҳрхимикатҳо дар кишоварзӣ ва ҷангал низ ба шумораи ҳайвонот таъсири калон мерасонад. Моддаҳои заҳрнок дар барги рустанӣ, дар узвҳои ҳайвони алафхӯр ҷамъ мешаванд, ки аз истеъмоли он ҳайвонҳои дигар ба ҳалокат мерасанд (расми 16).

Расми 16. Таъсири муҳити ифлос ба камшавии миқдори ҳайвонот

Ба ҳаёти ҳайвонот, инчунин партовҳои саноатӣ (агар онҳо пешакӣ тоза нашуда, ба об, Замин ва атмосфера  афтанд) хеле хатарнок мебошанд. Ифлос шудани оби баҳр, уқёнус, махсусан, дар вақти фалокати киштиҳои нафткаш ба ҳаёти ҳайвонот таъсири бад мерасонад.

Ҷамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо


Саволҳо

  1. Ахамият ва зарари хайвонот аз чи иборат аст?
  2. Инсон аз хайвонот кадом махсулотро мегирад?
  3. Кадом хайвонхо дар кураи Замин тамоман нест шудаанд?
  4. Сабаби асосии нестшавии хайвонхо дар чист?

Ахамияти хайвонот ва таъсири инсон ба шумораи онхо, Ахамияти хайвонот, Ахамияти донишхои зоологи, Таъсири инсон ба шумораи хайвонот, Таъсири мухити ифлос ба камшавии микдори хайвонот

ҚаблӣҶамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо
БаъдӣМуҳофизати олами ҳайвонот

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед