Арча. Сарв. Санавбар (маълумот)

Арча рустании ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Хелҳои он, асосан, дарахт ё бутташакл буда, баъзан хоб раванда мешаванд. Шаклҳои дарахтии он 10-12 м ва ҳатто то 20-30 м ба боло қад мекашанд.

Баргҳои аксари рустаниҳои ҷавони арча дар солҳои аввали сабзишашон сӯзанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар баъзе намудҳои арча баргҳо ба таври доимӣ сӯзаншакл (патакарча) боқӣ мемонад. Баргҳои сӯзанмонанд шакли нештар ё хорро доранд. Баргҳои пулакчашакл, одатан, хурд буда, болои ҳам ё гирдогирд ҷойгир шудаанд.

Арча дар миқёси ҷаҳон бештар дар мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Наздик ва Марказӣ, инчунин дар минтақаҳои хушки ҷануби Амрикои Шимолӣ мерӯяд. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон 4 намуди арча (хорбурс ё арчаи туркистонӣ, маҳинбурс ё арчаи зарафшонӣ, сарварча ё саурарча, патакарча ё арчаи сибирӣ) нашъунамо мекунанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон дарбаландии 1000-1200 то 3400-3700 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидаанд 14 .

Расми 14. Навдаи арча бо мева
Расми 14. Навдаи арча бо мева

Арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Решаи пурқуввати он ба қаъри замин чуқур рафта, инчунин аз ҳисоби решаҳои паҳлугии тирреша ба гирду атроф васеъ паҳн мешавад. Чунин тарзи решаронӣ ба арча имкон медиҳад, ки об ва моддаҳои ғизоиро аз хокҳои нисбатан камғизо ҷаббида гирад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратуни кӯҳсор нағз тоб меоварад.

Арча дарахти дарозумр аст. Ҳатто дар синну соли 800-1000-солагӣ дар он навдаҳои ҷавон пайдо шуда, метавонанд чалғӯзаи бисёр ва тухми аълосифат ҳосил кунанд.

Дар минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарг арча дар ҷойҳои холии замин, ки барои сабзиши дигар намудҳои дарахтон мувофиқ нест, анбӯҳи мустақили арчазорро ҳосил мекунад. Бо ин роҳ худро аз рақобати дигар рустаниҳо барканор мегирад.

Қисми рӯйизаминии ҳамаи намудҳои арча нисбати системаи (шабакаи) решагиашон ниҳоят суст месабзад. Барои 3,5 м қад кашидани арча зиёда аз 100-120 сол лозим мешавад. Ҳамин тавр, решаи пурқувват ва шохарондаи арча ба тарқиши шахҳои лучу урён фурӯ рафта, қисми рӯйизаминии дар шахҳо овезоншудаи онро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Арчазорони Тоҷикистон рустаниҳои хоси кӯҳистон мебошанд. Омили асосии нисбатан маҳдудкунандаи арча дар минтақаҳои кӯҳӣ, ҳарорати паст ва таркиби ғизоии хок набуда, балки ба қадри кофӣ набудани намии хок мебошад. Дар баробари ин, арчазорони Тоҷикистон аз арчазорони дигар мамлакатҳои ҷаҳон бо он фарқ мекунанд, ки онҳо ба ҳарорати ниҳоят паст (то -30°С) ва ҳам ба ҳарорати ниҳоят баланд (+40°С) тобовар мебошанд.

Сарв низ ба шуъбаи лучтухмон тааллуқ дошта, дарахти ҳамешасабз аст. Вай дар ҷумҳуриамон дар шакли худрӯй масоҳати васеъро ишғол намекунад. Фақат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, дар дараи Сардаи Миёна чакалакзори сарви худрӯйро вохӯрдан мумкин аст.

Одатан, дарахти сарв то 1520 м (баъзан то 30 м) қад мекашад. Пӯстлохи танааш хокистарранг буда, баргаш ба мисли барги арча сабзи пулакчашакл мебошад. Чалғӯзааш гирд ё байзашакл аст, баъди пухтан мекафад ва тухмҳои дар дохилаш буда, ба замин пош мехӯранд. Тухмҳои ба берун афтода, метавонанд қобилияти сабзишашонро то 2-3 сол нигоҳ доранд. Сарв низ чун аксари сӯзанбаргон тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ мекунад. Дар давоми 3-4 соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷойи доимии мувофиқ мешинонанд.

Сарв то ду ҳазор сол умр мебинад. Вай дарахти ҳамешасабзу зебо аз қадимулайём дар ҳудуди Тоҷикистон мавриди парвариш қарор дорад.

Санавбар дарахти сӯзанбарги ҳамешасабз мебошад. Пояаш сутунмонанди рост, пӯстлохаш тираранг, ғафсии танаи баъзе фардҳои калонсолаш то 1-1,5 м, баландии қадаш то 40 м мешавад ва то 350-400 сол умр мебинад.

Суръати сабзиши санавбар нисбат ба арча хеле зиёд мебошад. Вай ба равшанӣ эҳтиёҷи ниҳоят калон дорад. Шохаронии он фақат дар қисми нӯгиаш ба амал меояд ва тарзи ҷойгиршавии шохаҳои он имкон медиҳад, ки рӯшноӣ ба тамоми қисмҳои рустанӣ ба хубӣ дастрас шавад. Тиррешаи санавбаре, ки дар замини сахт мерӯяд, хуб сабзида, хеле чуқур меравад. Дар регзаминҳо бошад, дарахти санавбар ба ҷуз тирреша, дар қабати болотари замин решаҳои иловагӣ низ ҳосил мекунад 15.

Расми 15. Шохаи санавбар
Расми 15. Шохаи санавбар

Санавбар дарахти ба хуну кӣ тобовар мебошад. Дар Тоҷикис тон дарахти санавбарро барои кабудизор кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот, боғҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.


Тест

Барги арча чӣ гуна сохт дорад?

  • А. Сӯзаншакл
  • Б. Пулакчашакл
  • В. Лавҳашакл
  • Г. Мураккаби паршакл
ҚаблӣГуногуншаклии рустаниҳои лучтухм
БаъдӣАфзоиши рустаниҳои лучтухм