Мисолҳо оиди Муодилаҳо

Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Муодилаҳо овардем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, 1. б))


  1. Муодиларо ҳал кунед:

а) 582+k=961;

б) p+269=701;

(Ҷавоб p=432, Маъмурияти сомона)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

в) x–687=3215;

г) 2607–k=1782;

д) 5706–p=3846;

е) y–7650=3350.


  1. Ман ададеро фикр кардам. Агар ба он 25-ро ҷамъ карда, аз натиҷа 34-ро тарҳ намоям, 56 ҳосил мешавад. Он ададро ёбед.

  2. Масъаларо бо ёрии муодила ҳал кунед:

а) Дар халта якчанд дона себ буд. Баъди он ки аз он ҷо 17 дона себ гирифтанд, шумораи себҳо 46-то шуд. Аввал халта чанд дона себ дошт?

б) Халта 57 кг биринҷ дошт. Аз он як миқдор биринҷ гирифтанд. Баъди ин ба ҳамон халта боз 16 кг биринҷ илова карданд. Дар натиҷа, массаи биринҷи халта боз 57 кг шуд. Аз халта чӣ қадар биринҷ гирифтанд?


  1. Муодила тартиб дода масъаларо ҳал кунед:

а) Аз ададе 762-ро тарҳ намуда, ба натиҷаи ҳосилшуда 178-ро илова карданд. Дар ҷавоб 416 ҳосил шуд. Адади номаълумро ёбед.

б) Намоишгоҳро 368 нафар одам тамошо мекард. Вақте ки аз он ҷо у нафар баромада рафту ба намоишгоҳ 72 каси дигар ворид гашт, шумораи тамошобинони намоишгоҳ ба 160 нафар расид. Аз тамошои намоишгоҳ бори аввал чанд нафар баромада рафт?


  1. Қимати ифодаи 2005 – k+754-ро ҳангоми k=600; 2005 будан ёбед.

  2. Дар халтача 2 кг 250 г шакар буд. Баъди аз он гирифтани як миқдор шакар массаи шакари боқимонда 750 г шуд. Аз халтача чӣ қадар шакар гирифтанд?

  3. Дар ҳавз ба миқдори x л об буд. Бо воситаи қубури якум ба ҳавз 85 л об ворид шуда, бо воситаи ҳар кадоме аз ду қубур 38 л об хориҷ шуд. Дар ҳамин муддат дар ҳавз 16 л об боқӣ монд. Дар аввал ҳавз чӣ қадар об дошт?

  4. Алӣ ва Бӯрӣ 21-то, Бӯрӣ ва Валӣ 22-то, Алӣ ва Валӣ 23-то чормағз доранд. Ҳар кадоме аз ҷӯраҳо чандтогӣ чормағз дорад?

  5. Ман кадом ададро фикр кардам, агар:

а) ба адади фикркардаам аввал 45-ро ва баъд аз он 76-ро ҷамъ карда, 201-ро ҳосил карда бошам?

б) ба адади фикркардаам 125-ро ҷамъ карда, аз натиҷааш 82-ро тарҳ кунам, адади 43 ҳосил шавад?


  1. Решаи муодиларо ёбед: 45 – (х – 13) = 36.

Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, нигаред ба мисоли 1. б))

Муодила. Бо ёрии муодила ҳал кардани масъала


Саволхои математика, тести математика, муодилахои математики.

ҚаблӣМуодила. Бо ёрии муодила ҳал кардани масъала
БаъдӣАллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед