Ачаб дунёст ин дунё (шеъри пурра)

Шеъри зебое бо номи “Ачаб дунёст ин дунё” оварда мешавад. Ачаб дунёст ин дунё текст шеър.

Яке бечораву танҳо,
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард, бепарво,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке чун моҳие дар шаст,
Яке бепул, яке пулмаст,
Яке бепо, яке бедаст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке бо лаъли хандон аст,
Яке бо чашми гирëн аст,
Яке бо ҷони ларзон аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Яке ëри вафодор аст,
Яке бераҳму ҷаллод аст,
Яке муштоқӣ дидор аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке аз одамӣ дур аст,
Зи сарват масту маъмур аст,
Ба фикраш, аз Худо зур аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке дар қайди зиндон аст,
Зи аъмолаш пушаймон аст,
Дилаш лабрези армон аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке аз бачча безор аст,
Яке бар нохунаш зор аст,
Ба ëди бачча бемор аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке дур аз ватан бошад,
Чу гул дур аз чаман бошад,
Чу ҷонӣ дур зи тан бошад,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке дар кудакӣ мирад,
Яке аз гушнагӣ мирад,
Зи ҷабрӣ зиндагӣ мирад,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке бе дину имон аст,
Ва хизматгорӣ шайтон аст,
Паи озорӣ инсон аст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Лоиқ Шералӣ

ҚаблӣЧи тавр бояд ба имтихон (экзамен) тайёр шуд?
БаъдӣАло шодоб сохилхо (шеъри пурра, текст)