Сохтори созмон. Созмони талабагии мактабхо

Аз ҷиҳати сохтор Созмони талабагии мактабҳо дар се зина фаъолият мекунад:

  1. «Ахтарон» – зинаи ибтидоии созмон буда, хонандагони синфҳои ибтидоиро (1-4) муттаҳид мекунад. Шиори асосии онҳо «Мо кӯдакони фаъол, хушахлоқ, ростқавл ва хушбахт мебошем!»
  2. «Ворисони Сомониён» зинаи дуюм буда, хонандагони синфҳои 59-ро дар бар мегирад, ки шиорашон «Барои хизмат ба халқу Ватан доимо тайёрем!»
  3. «Сомониён» зинаи сеюм буда, хонандагони синфҳои 10-11-ро муттаҳид мекунад. Шиори онҳо «Мо ба меҳнат ва ҳимояи Ватан доим тайёрем».

Сараввал созмон дар аввали соли таҳсил дар маҷлиси умумимактабӣ таъсис дода мешавад. Аз ҳисоби аъзоёни созмон раис, муовин ва котиб интихоб карда мешавад. Раёсати Созмонро аъзоёни он интихоб мекунанд. Ба Созмон бо таври ихтиёрӣ дар асоси изҳори даҳонӣ ва ё арзаи шахсӣ ба аъзогӣ қабул карда мешавад. Ба қайдгирии аъзоён дар Созмонҳои ибтидоии мактабҳо (гуруҳҳо, клубҳо аз рӯи шавқу ҳавас) сурат мегирад. Аъзоёни Созмон бояд талабҳои Низомнома ва оинномаро риоя карда, ҳар моҳ ҳаққӣ аъзоги супорад. Созмон дар ҳолате қарор қабул карда метавонад, ки дар маҷлис аз нисф зиёд аъзоён иштирок дошта бошанд ва маҷлисҳои Созмон моҳе як маротиба даъват карда мешавад.

Нақшаи кори бошад барои як сол тартиб дода мешавад.

 «Ахтарон» зинаи ибтидоии Созмони талабагӣ буда, бояд на кам аз се нафарро дар сафи худ муттаҳид намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМавзӯъ. Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
БаъдӣМақсади асосии Созмони «Ахтарон»