Асосҳои назариявию методологии сиёсатшиносӣ

Ташаккулёбии сиёсатшиносӣ ҳамчун илм бо инкишофи асосҳои назариявию методологии ин фан алоқаманд аст. Ф.Нитсше ҳанӯз дар замони худ дарк намуда буд, ки кашфиёти асосии ҳар як илм, пеш аз ҳама, методҳои маърифатии он ба шумор меравад. И.П.Павлов қайд менамояд, ки «дар илм чизи аввалиндараҷа ва аз ҳама муҳим ин метод мебошад». Гуфтан мумкин аст, ки натиҷаи таҳқиқот аз метод вобаста аст.

Методологияи сиёсатшиносии муосир ба муносибатҳои муҳимми илмӣ такя менамояд, ки он дар омӯзиши соҳаи сиёсии ҳаёти ҷомеа натиҷаҳои мусбат медиҳад.

Аммо методҳои сиёсатшиносиро аз методологияи он фарқ бояд кард. Методология стратегияи умумӣ мебошад, аммо методҳо тактикаи таҳқиқот ба шумор мераванд. Методологияи илмҳои сиёсӣ методҳои мухталифи маърифати сиёсие мебошад, ки истифодаи онҳо бо масъалагузорӣ, интихоби меъёрҳои методологӣ ва талаботҳои таҳқиқоти сиёсӣ алоқамандӣ доранд. Методҳо маҷмӯи восита, талабот ва усулҳои гузаронидани таҳқиқот, инчунин ба даст овардани маълумоти нав ва донишҳои нав бо роҳи омӯзиши воқеияти сиёсӣ ва дигаргуншавии маълумотҳои мавҷуда мебошанд. Намудҳои асосии методологияи таҳқиқоти сиёсӣ зина ба зина дар раванди рушду инкишофи афкори сиёсӣ ба вуҷуд омадаанд.

Айни замон методҳои сиёсатшиносиро ба панҷ гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

– методҳои умумиилмӣ (методҳои мантиқӣ, позитивистӣ ва эмпирикӣ);

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– методҳои сиёсатшиносии классикӣ;

– методҳои аз илмҳои дигар гирифташуда (методҳои антропологӣ, сотсиологӣ, таърихӣ, психологӣ ва ғ.);

– методҳои сиёсатшиносии постклассикӣ;

– методҳои сиёсатшиносии амалӣ.

А) Методҳои умумиилмӣ. Ин методҳо дар маҷмӯъ ба ҳамаи илмҳо мутааллиқ буда, амалан онҳоро ҳамаи соҳаҳои маърифати илмӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар миёни методҳои умумиилмӣ методҳои мантиқиро аз ҳам фарқ менамоянд, ки онҳо аз методҳои зерин иборатанд: анализ, синтез, индуксия, дедуксия, аналогия, экстраполятсия ва монанди инҳо.

Инчунин, методҳои таҳқиқоти эмпирикӣ низ методҳои умумиилмие мебошанд, ки кулли илмҳои ҷомеашиносӣ онҳоро ба таври баробар истифода менамоянд: мушоҳида, таҳлили ҳуҷҷатҳо, озмоишҳои лабораторӣ, саволномаҳо, пурсишномаҳо, методҳои оморӣ ва ғ.

Сиёсатшиносии муосир аз методҳои позитивистӣ ба таври васеъ истифода менамояд, ки дар миёни онҳо таҳлили системавӣ ва методи бихевиористӣ мавқеи махсусро касб менамоянд.

Таҳлили системавӣ ҷаҳони сиёсатро ҳамчун механизми мукаммале муаррифӣ менамояд, ки он аз унсурҳои бо ҳам вобаста иборат буда, онҳо дар механизми мазкур вазифаи мушаххасро иҷро менамоянд. Иқтидори эвристикии методи мазкур дар он ифода меёбад, ки ҳар як объект ҳамчун системаи мукаммал тасаввур карда мешавад. Ҳар як унусури таркибии системаи мазкур вазифаи мушаххасро иҷро менамояд ва занҷираи «унсур-вазифа-система» ягонагии вазифавии ҳар як унусри ҷудогонаи система дониста мешавад. Дар заминаи таҳлили системавӣ методи сохторию функсионалӣ пайдо гардидааст, ки барои ташаккули минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам сохтааст. Бинобар ин, методи сохторию функсионалӣ ҷузъи таркибии таҳлили системавӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои 1950-1960 дар илмҳои сиёсӣ бори аввал таҳлили системавӣ бо истифода аз методи сохторию функсионалӣ аз ҷониби сиёсатшиносони амрикоӣ Толкот Парсонс (1902-1979), Дэвид Истон (1917-2014) ва Габриэл Алмонд (1911-2002) мавриди истифода қарор дода шудааст. Методи мазкур имкон медиҳад, ки механизмҳои мураккаби сиёсӣ бо ёрии таҳлили системаи мукаммал омӯхта шаванд.

Рафтори одамон дар соҳаи сиёсат ба воситаи методи бихевиористӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Рафтори сиёсии одамон дар зери таъсири омилҳои мухталиф қарор гирифта, динамикаи сиёсии ҷомеаро ифода менамояд. Баъзан бихевиористон барои ифодаи аниқу дақиқи рафтори сиёсии одамон инчунин аз методҳои миқдорию оморӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин ҳолат маҳдудиятҳои гуманитарии илмҳои сиёсӣ бартараф гардида, ба илмҳои дақиқ шабоҳат пайдо менамоянд. Ба воситаи методи бихевиористӣ, пеш аз ҳама, рафтори сиёсии одамон, манфиатҳои сиёсии онҳо, фаъолиятҳои мутақобилаи онҳо дар раванди сиёсӣ баррасӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки методи бихевиористӣ ба ҷаҳони ботинии инсон ва ҳиссиёти психологии ӯ эътибор намедиҳад. Баръакс, омилҳои зоҳирии фаъолнокии сиёсии инсон диққати бихевиористонро ба худ ҷалб намуда, ба воситаи пурсишномаҳо, мусоҳибаҳо ва контент-анализ хусусиятҳои миқдории зуҳуроти мазкурро таҳлил менамоянд.

Б) Методҳои сиёсатшиносии классикӣ. Сиёсатшиносии классикӣ ба омӯзиши институтҳои сиёсӣ, аз қабили давлат, парлумон, конститутсия, ҳизбҳои сиёсӣ, системаҳои интихоботӣ ва ғ. машғул мегардад. Муносибати мазкур моҳияти методи институтсионалиро ифода менамояд ва дар сиёсатшиносии муосир он ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Омӯзиши институтҳои сиёсӣ хеле муҳим арзёбӣ мегарданд, зеро онҳо дар муқоиса бо равандҳои сиёсӣ мустаҳкам ва устуворанд. Бояд гуфт, ки методи институтсионалӣ хеле сода ва барои ҳамагон дастрас мебошад. Бинобар ин, омӯзиши институтҳои сиёсӣ низ хеле осон аст, зеро онҳо дар заминаи меъёр, қоида ва қонунҳои мавҷуда ба таври қонунӣ арзи ҳастӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар ибтидои асри ХХ афзалияти методи институтсионалӣ боиси ташаккулёбии назарияи модернизатсияи сиёсӣ гардид. Ба андешаи намояндагони ин метод, истифодаи институтҳои демократии Ғарб барои ҷомеаи ғайриғарбӣ хеле муҳим буда, дар таъмини рушду инкишофи онҳо нақши муҳим мебозад. Дар амалияи сиёсӣ зиёда аз 40 давлати африқоӣ Конститутсияи ИМА-ро нусхабардорӣ намуда, институтҳои демократиро ташаккул додан хостанд. Аммо дар амалияи ҷамъиятӣ натавонистанд ба идеали сиёсӣ, яъне ҷомеаи демократӣ ноил гарданд. Маълум гардид, ки институтҳои сиёсии демократӣ дар шароити мавҷудияти фаъолнокии сиёсии одамон рушд менамоянд ва маданияти сиёсии ғайридемкоратии одамон боиси корношоям гардидани онҳо мегардад.

Ғайр аз ин, дар сиёсатшиносии классикӣ методи меъёрӣ низ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Коркард ва асоснок намудани идеали сиёсӣ, ҷустуҷӯи идоракунии идеалӣ ва ниҳоятан, сохтори сиёсии мукаммал идеяҳои марказии методи меъёрӣ мебошанд. Ҳамаи мутафаккирони машҳур, аз ҷумла Афлотун ва Арасту, бо истифода аз муносибати меъёрӣ, ба инсоният моделҳои «ҷомеаи идеалӣ»-и худро пешкаш намудаанд.

Бояд гуфт, ки моҳияти назарияҳои сиёсии меъёрӣ, ки дар онҳо масъалаҳои сиёсӣ бо истифодаи методи меъёрӣ омӯхта мешаванд, хусусияти конвенсионалӣ доранд. Назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ» намунаи беҳтарини ин гуфтаҳо мебошад. Яъне, дар заминаи шартнома ва созишномаи тарафайн баррасӣ намудани масъалаҳои сиёсӣ моҳияти методи меъёриро ифода менамояд. Ҳатто таълимоти Макс Вебер дар бораи легитимияти ҳокимият, ки асоси онро эътирофи ҳокимият аз ҷониби мардум ташкил медиҳад, характери меъёрӣ дорад. Бинобар ин, эътироф кардан ва ё накардани сохтори сиёсӣ ва тарзи идоранамоӣ дар маркази диққати намояндагони ин метод қарор гирифта, масъалаҳои сиёсӣ бо ёрии чунин тасаввурот баррасӣ мегарданд.

Методи дигари классикӣ методи компаративӣ мебошад. Ба воситаи методи мазкур институтҳои сиёсӣ ва равандҳои сиёсии ба ҳам монанд муқоиса мегарданд. Баъзан муқоисаи институтҳо ва равандҳои сиёсии давлатҳои алоҳида низ ба воситаи методи мазкур анҷом дода мешавад. Дар илмҳои сиёсӣ баъзан методи мазкурро таҳлили муқоисавӣ ва ё методи муқоисавӣ низ меноманд. Таҳлили компаративии ҳаёти сиёсии ҷомеа хеле мураккаб аст ва на ҳама вақт истифодаи методи мазкур натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Зеро институтҳои сиёсии ба ҳам монанд ҳарчанд зоҳиран ҳамшабеҳи якдигар бошанд ҳам, дар дохили онҳо ихтилофҳои иҷтимоию сиёсие дида мешаванд, ки аз хусусиятҳои психологияи сиёсӣ ва анъанаҳои мардуми он ҷомеа вобаста мебошанд. Масалан, таҳлили муқоисавии сарварии сиёсӣ дар Қоҳира ва Фаронса миқдори зиёди тафовутҳои иҷтимоию фарҳангиеро ошкор месозад, ки дар он хусусиятҳои умумӣ хеле кам ба назар мерасанд.

Дар сиёсатшиносии классикӣ инчунин омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ дар заминаи таҳлили фаъолияти сиёсии одамон низ анҷом дода мешавад. Дар чунин шароит сиёсат ҳамчун соҳаи махсуси фаъолияти инсонӣ муаррифӣ гардида, аз марҳилаҳои мушаххаси амалишавӣ иборат аст. Сиёсат дар чунин навъи фаҳмиш, пеш аз ҳама, раванди омода намудан, қабул кардан ва дар амал татбиқ сохтани қарорҳои сиёсӣ дониста мешавад. Муайян намудани мақсад ва самтҳои фаъолияти сиёсӣ, тақсими манфиатҳо, сафарбарнамоии оммаи мардум, ташкил намудани назорат дар самти амалигардонии мақсад ва вазифаҳои сиёсӣ моҳияти идоракунии сиёсиро ифода менамоянд, ки омӯзиши як қатор масъалаҳо бо назардошти он низ бояд сурат гирад.

В) Методҳои аз илмҳои дигар гирифташуда. Сиёсатшиносии муосир як қатор методҳои таҳқиқотии худро аз илмҳои дигари ҷомеашиносӣ қабул намудааст. Дар миёни онҳо методҳои сотсиологӣ, таърихӣ, психологӣ ва антропологӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.

Вобастагии сиёсат аз равандҳои иҷтимоӣ, махсусан аз сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба воситаи методи сотсиологӣ омӯхта мешавад. Ба ақидаи намояндагони методи сотсиологӣ, сиёсат соҳаи рақобати гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, синфҳо, миллатҳо, мазҳабҳо ва давлатҳо мебошад, ки онҳо дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузоранд. Дар чунин ҳолат муайян намудан ва шарҳу тавзеҳ додани манфиатҳои гуногуни гурӯҳҳои бо ҳам рақиб вазифаи асосии методи сотсиологӣ маҳсуб меёбад.

Барои мисол, дар назарияи марксистӣ методи сотсиологӣ дар симои иқтисоди марказонидашуда истифода мегардад. Дар чунин ҳолат сиёсат дар муносибат бо базиси иқтисодӣ надстройка ба шумор меравад. Таҳлили равандҳои сиёсӣ низ бо назардошти манфиатҳои иқтисодии синфҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.

Ба воситаи методи таърихӣ равандҳои сиёсӣ дар заминаи рушду инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳлил гардида, омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ аз замони гузашта ба замони ҳозира ва баъдан ба замони оянда нигаронида мешавад.

Яке аз методҳои дигари сиёсатшиносии муосир таҳлили иҷтимоию фарҳангии сиёсат мебошад. Дар доираи таҳлили мазкур масъалаҳои сиёсӣ бо назардошти маданият ва тамаддуни инсонӣ омӯхта мешавад. Ба ақидаи намояндагони методи мазкур, табиати ҳокимияти сиёсӣ аз хусусиятҳои анъанаҳои фарҳангӣ вобаста мебошад. Бешубҳа, иқрор шудан мумкин аст, ки умумияти сиёсии одамон дар ҳар давру замон дар заминаи арзишҳои мушаххаси фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд ва онҳоро волидайн, ибодатхонаҳо, мактабҳо ва дар замони муосир васоити ахбори омма аз насл ба насл интиқол дода истодаанд. Ҳамин тариқ, таҳлили иҷтимоию фарҳангӣ методе мебошад, ки равандҳои сиёсиро аз нуқтаи назари фарҳанг меомӯзад. Муайян намудани анъана ва арзишҳои фарҳангие, ки муайянкунандаи рушди сиёсии ҷомеа дониста мешаванд, вазифаи асосии методи мазкур мебошад.

Методи антропологӣ низ дар сиёсатшиносии замони муосир мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ба воситаи методи мазкур равандҳои сиёсӣ бо назардошти табиати коллективии инсон баррасӣ мегарданд. Аз сабаби он ки як гурӯҳ одамон барои гурӯҳи дигари онҳо сиёсат меофаранд, муайян намудани мавқеи инсон дар сиёсат хеле зарур шуморида мешавад. Ба воситаи методи антропологӣ нақши барҷастаи инсон дар сиёсат новобаста аз мансубияти этникӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешавад, ки дар чунин шароит баробарҳуқуқии ҳамаи одамон дар сиёсат, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як инсон ба миён меояд. Яке аз меъёрҳои дигари методи антропологӣ плюрализми сиёсӣ мебошад, ки он андешаҳои гуногуни сиёсӣ нисбат ба сиёсат ва нақши арзишҳо дар рушди сиёсиро ҳангоми баррасии масъалаҳои сиёсӣ дар мадди аввал мегузорад.

Табиати сиёсии инсон ба воситаи методи психологӣ омӯхта шуда, инчунин ҷаҳони ботинии инсон ва табиати рақобатноки ӯ ба воситаи методи мазкур таҳлил мегардад. Гузашта аз ин, истифодаи методи мазкур моро водор менамояд, ки ҳангоми омӯзиши сиёсат механизмҳои субъективии рафтори сиёсии одамонро ба инобат гирем. Сабабҳое, ки одамонро вориди сиёсат месозанд ва онҳоро маҷбур менамоянд, ки дар равандҳои сиёсӣ ширкат варзанд, доимо хусусияти фардӣ доранд. Яъне, шаклҳои иштироки инсон дар сиёсат аз характер, ирода, дараҷаи маълумотнокӣ ва тарбияи ӯ вобаста аст. Яке аз навъҳои машҳури методи психологӣ психоанализ мебошад, ки бо ёрии он рафторҳои сиёсии ғайримуқаррарии инсон омӯхта мешаванд. Аз ҷумла, майли инсон ба ҳокимият ва ё омода будани он барои тобеият барин масъалаҳо ба воситаи психоанализ таҳлил мегарданд.

Таҳлили сиёсӣ бо назардошти вазъият. Омӯзиш ва таҳлили рафтори акторҳои сиёсии замони муосир хеле мураккаб мебошанд. Зеро рафторҳои сиёсии онҳо ғайристандартӣ буда, шарҳи онҳо ба воситаи методҳои сиёсатшиносии классикӣ хеле мушкил аст. Барои мисол омӯзиши рафтори гурӯҳҳои муташшакили ҷиноӣ, террористон, экстремистон ва ғ. ба воситаи таҳлили системавӣ мушкил аст. Онҳо ба оппозитсияи ғайрисистемавӣ шомил буда, ба воситаи методи бихевиористӣ омӯзиши рафтори онҳо номумкин аст. Зеро бо намояндагони чунин гурӯҳҳо ташкил намудани мусоҳиба ва ё дар байни онҳо гузаронидани пурсишнома ғайриимкон мебошад ва онҳо низ бо анъанаҳои фарҳангии мамлакат ҳеҷ алоқамандие надоранд. Сиёсатшиносони замони муосир рафтори ғайриодии акторҳои сиёсии замони муосирро ба инобат гирифта, омӯзиши онҳоро бо назардошти вазъияти мавҷуда зарур мешуморанд.

Таҳлили сиёсӣ бо назардошти вазъият тақозои онро менамояд, ки барои омӯзиши падидаҳои сиёсии зуд-зуд тағйирёбанда методологияи сиёсии гуногун истифода бурда шавад, то ки онҳо норасоии якдигарро пурра намоянд. Махсусан, дар раванди омӯзиши ин гуна масъалаҳо муайян намудани норасоии ин ва ё он метод зарур мебошад. Зеро муайян намудани норасоии методологӣ имкон медиҳад, ки ба ҷойи он методҳои мувофиқтари омӯзиши падидаҳои ғайристандартӣ истифода бурда шаванд.

Яке аз методҳои дигари давраи постклассикӣ методи синергетикӣ мебошад. Синергетика илм дар бораи системаҳои мураккаби худташаккулёбанда мебошад. Бинобар ин, истифодаи методи синергетикӣ ҳангоми омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ бо назардошти ҷустуҷӯи механизмҳои худташаккулёбандаи системаи сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин, синергетика тақозои онро дорад, ки гуногунрангии ҷаҳон заминаи асосии рушду инкишофи он мебошад. Бинобар ин, ҳангоми таҳлили падидаҳои сиёсӣ таъсири омилҳои гуногуни соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ ба сиёсат бояд ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷумла баинобатгирии таъсири омилҳои иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва ҷуғрофӣ хеле муҳим мебошад. Методи синергетикӣ муҳаққиқро вазифадор менамояд, ки ҳангоми омӯзиши равандҳои сиёсӣ на танҳо ба омилҳои сиёсӣ, балки ба омилҳои ғайрисиёсии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Бояд гуфт, ки истифодаи методи синергетикӣ имкон медиҳад, ки сиёсатшиносон аз дихотомияи классикии «сиёсат-иқтисодиёт», «табиат- ҷомеа», «ҳаёти моддӣ – ҳаёти маънавӣ» дур шуда, ба шакли муосири таҷзияи илмӣ машғул гарданд. Дар доираи синергетика рушди сиёсӣ раванди гуногунмаром дониста шуда, дар он марҳилаҳои рушди устувор ба марҳилаҳои буҳронӣ табдил меёбанд ва сипас шароитҳои гуногун ва механизмҳои мухталифи таъмини рушди сиёсӣ пеш меоянд. Расидан ба марҳилаи буҳронӣ системаи сиёсиро ноустувор мегардонад, ки чунин вазъият ҳолати онро дигаргун месозад. Ҳамин тариқ, методи синергетикӣ имкон медиҳад, ки мураккабии равандҳои сиёсӣ омӯхта шавад ва дар он мавқеи акторҳои сиёсӣ муайян карда шавад.

Герменевтикаи сиёсӣ. Ба воситаи методи мазкур матнҳои мураккаб ва душворфаҳми фарҳанги сиёсӣ шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Методи герменевтикаи сиёсӣ имкон медиҳад, ки маданияти сиёсӣ маҳсули тамаддун муаррифӣ гардад ва рушди он аз тамаддун вобаста дониста шавад. Бо ин мақсад дар аксар маврид масъалаҳои сиёсӣ дар доираи фаҳмиши «манзараи сиёсии ҷаҳон» тавзеҳ дода мешаванд. Истифодаи герменевтика дар сиёсат хеле муҳим мебошад ва он бо назардошти манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Аз мадди назар дур мондани герменевтикаи сиёсӣ барои сиёсатмадорон мушкилиҳои нав эҷод менамояд. Масалан, сиёсатмадори прагматик дар рафти музокирот доимо ба манфиатҳо такя намуда, арзишҳо ва анъанаҳои тамаддунҳои дигарро фаромӯш месозад. Ниҳоятан, созишнома ба имзо мерасад ва баъди чанде мефаҳмад, ки шарикони стратегии ӯ, ки аз анъана ва маданияти сиёсии якдигар бехабаранд, дар кишварҳои худ муҳтавои шартномаро ба таври дигар тавзеҳ дода истодаанд. Герменевтикаи сиёсӣ бояд ҳимояи манфиатҳои миллии кишварро бо назардошти анъанаҳои таърихӣ, маданияти сиёсӣ ва махсусан манзараи сиёсии олам ба роҳ монад. Агар гуфтугӯи сиёсӣ танҳо дар сатҳи ҳимояи манфиатҳо сурат гирад, самараи хуб ба бор намеоварад. Вақте сиёсат бо дарки арзишҳо ва анъанаҳои фарҳангӣ гуфтугӯи тамаддунҳоро ба вуҷуд меоварад, имконияти ташаккули фазои якдигарфаҳмӣ ва инсондӯстӣ фароҳам оварда мешавад.

Г) Методҳои сиёсатшиносии амалӣ. Таҳқиқоти сиёсии амалӣ барои мушаххас намудани роҳу усулҳои ташаккули равандҳои сиёсӣ ва афзалияти онҳо анҷом дода мешавад. Таҳлилгарон, коршиносон ва мушовирони давлатӣ намояндагони фаъоли таҳқиқоти сиёсии амалӣ ба шумор рафта, доираи васеи методҳои сиёсатшиносии амалиро истифода менамоянд. Дар миёни онҳо методҳои контент-анализ, методи сенариявӣ, методи экспертӣ ва моделсозӣ маълуму машҳуранд.

Контент-анализ техникаи омӯзишӣ ва таҳқиқотие мебошад, ки бо ёрии он мундариҷаи иртибот ва муошират ба таври объективӣ, систематикӣ ва миқдорӣ тавсиф карда мешавад. Бо ёрии контент-анализ ҳуҷҷатҳои муҳимми расмӣ таҳлил гардида, бо роҳи муайян намудани такрорёбии мафҳумҳои калидӣ ва ҳодисаву падидаҳо моҳияти масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсӣ мушаххас гардонида мешавад. Дар шароити инқилоби иттилоотӣ чунин навъи таҳлил бо ёрии барномаҳои махсуси комютерӣ низ дар муддати кӯтоҳ анҷом дода мешавад. Масалан, ба воситаи компютер ҳамагӣ дар якчанд дақиқа муайян намудан мумкин аст, ки дар матни паёмҳои сарварони сиёсӣ кадоме аз мафҳумҳои калидӣ аз ҳама бештар истифода гардидаанд ва сипас масъалаҳои мазкурро масъалаҳои рӯзмарра муаррифӣ намудан мумкин аст.

Методи сенариявӣ бештар дар самти ояндабинии сиёсӣ истифода бурда мешавад. Бо истифода аз методи мазкур намунаҳои гуногуни сенарияҳои сиёсӣ тартиб дода шуда, аз байни онҳо сенарияи имконпазирро интихоб менамоянд ва ба ҳамин тариқ пайдарпайии воқеаву ҳодисаҳоро пешгӯӣ менамоянд. Дар чунин шакл таҳлил намудани равандҳои сиёсӣ имкон медиҳад, ки шаклҳои имконпазири ҳодисаҳои оянда муайян карда шаванд.

Методи экспертӣ ба пурсиши коршиносон ва мутахассисони касбии соҳаҳои мухталиф асос меёбад. Дар амалияи таҳлили сиёсӣ хулосаҳои гурӯҳҳои экспертӣ хеле зиёд истифода мешаванд, ки дар миёни онҳо методи Делфи ва ҳуҷуми ақлӣ афзалияти бештар дорад. Дар доираи методи Делфи ҳангоми таҳлили масъалаи сиёсӣ иштироки коршиносон ба таври ғоибона ба роҳ монда мешавад ва онҳо ба саволҳои мавҷуда ба таври хаттӣ посух гардонида, аз исми худ ёдоварӣ намекунанд. Сипас маълумотҳои бадастомада ба таври оморӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.

Истифодаи муносибатҳои мухталифи методологӣ ба сиёсатшиносӣ имкон медиҳанд, ки паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеа таҳлил карда шаванд.

ҚаблӣКатегорияҳои сиёсатшиносӣ
БаъдӣСохтори сиёсатшиносӣ