Хислатнома (Тавсифнома, Характеристика)

Хислатнома ҳуҷҷатест, ки ба хатмкунандаи мактаби миёна бо имзои роҳбари синф ва сарвари мактаб, ба донишҷӯи мактаби олӣ маъмурияти донишгоҳ, ба донишҷӯёни курсҳои 1-5 дар сурати зарурат (ба кор дохил шудан, агар кор пас аз дарсҳо бошад, ба мақомоти расмӣ – милитсия, додситонӣ, додистон ва ғайра, агар кори донишҷӯ ба ин мақомот дахл дошта бошад) ба корманди муассиса барои ишғоли вазифаи нав, барои гузаронидани аттестатсияи мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда, дохил шудан ба аспирантура, сафар ба кишварҳои хориҷӣ, пешниҳод ба мукофот ва ғайра дода мешавад. Вобаста ба ҳар яке аз ин навъҳо тавсифнома ба шакли гуногун ва бо мазмуну мундариҷаи мувофиқ тартиб дода мешавад.

тарзи навиштани характеристика

Ҷузъҳои тавсифнома:

Қисми якум:

  1. Номи санад
  2. Ному насаби шахсе, ки ба ӯ тавсифнома дода мешавад.
  3. Унвони илмӣ (агар дошта бошад), таърихи таваллуд, миллат, таҳсилот.

Қисми дуюм:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ахбор дар бораи фаъолияти таҳсилӣ, кор (ихтисос, касб), муддати таҳсил, кор дар мактаб, донишгоҳ, муассиса, сатҳи донишандӯзӣ, маҳорати касбӣ ва гайра.

Қисми сеюм:

Дар бораи сифатҳои ақлоқию сиёсӣ ва кории корманд, муносибат ба кор, боло бурдани сатҳи махорати касбӣ ва дониш, ширкат дар корҳои ҷамъиятӣ, рафтор дар зиндагӣ, оила, хислатҳои шахсӣ, муносибат бо атрофиён ва ғайра. Агар мукофотҳои давлатӣ ва дигар мукофотҳо дошта бошад, зикр мешаванд.

Қисми чорум:

Ҷойи пешниҳоди тавсифнома. Тавсифномаро барои корманд раиси муассиса ва раиси иттифоқи касаба имзо мекунанд. Дар поёни тавсифнома сана гузошта мешавад. Муҳри муассиса низ зарур аст.


Намуна:

Тавсифномаи

донишҷӯи курси дуюми шуъбаи андоз ва андозбандии факултаи иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шарифов Ҷамолиддин Сабурович, соли таваллудаш 2000, миллаташ тоҷик.

Шарифов Ҷамолиддин аз соли 2018 донишҷӯи ДМИТ мебошад. Дар муддати таҳсил ӯ худро чун донишҷӯи боинтизому хушахлоқ нишон дод. Дар дарсҳо мунтазам иштирок менамояд ва аз фанҳои таълимӣ дониши хуб андухтааст. Дар сессияҳои имтиҳонотии гузашта ӯ аз фанҳои таълимӣ баҳои «хуб» ва «аъло» гирифтааст.

Дар озмуни донишкада аз фанни забони тоҷикӣ иштирок карда, ҷои дуюмро гирифт. Дар конференсияҳои илмии ҳарсолаи донишкада маърӯза мекунад.

Мавсуф дар корҳои ҷамъиятии факулта ва донишкада, шанбегиҳо фаъолона иштирок менамояд. Ҳамроҳи ҳамкурсон дар баровардани газетаҳо ба муносибати Соли нав ва Наврӯз фаъол аст.

Шарифов Ҷамолиддин шахси хоксору ҳалим, поквиҷдон, боинсоф, нисбат ба дӯстону ҳамкурсон мушфиқу меҳрубон мебошад. Дар байни ҳайати курс ва факулта соҳиби иззату эҳтиром мебошад.

Тавсифнома барои пешниҳод кардан ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дода шуд.

Муовини декани факултаи

иқтисодиёт ва молия оид ба

тарбия, дотсент           /                         / Шукуров Б.

24 апрели соли 2019.


Намунаи дигар –>>

Тарзи навиштани хислатнома (намунаи характеристика)


Инчунин хонед:

Тарҷумаи ҳол (Зиндагинома, Автобиография)


Калидвожаҳо: Намунаи тавсифнома, характеристика бо забони точики, на таджикском языке, намуна, хислатнома, тарзи навиштан.

ҚаблӣТарзи навиштани Забонхат (Расписка)
БаъдӣНамунаи Хислатнома (характеристика, намуна)