Миср дар ахди Рамзеси I, Сети I ва Рамзеси II. Миср дар ахди Рамзеси III. Иктидор ва таназзули Мисри кадим.
Миср дар аҳди Рамзеси I, Сети I ва Рамзеси II. Ин фиръавнҳо дар Мисри қадим дар солҳои 1338–1251 пеш аз милод ҳукмронӣ кардаанд.
Рамзеси I
Рамзеси I ( солҳои 1338 – 1337 ) забткориҳои Хоремхебро давом дод. Вай барои мустаҳкамкунии лашкар чораҳои ислоҳотии самаранокро амалӣ кард. Сараввал лашкарро ба се қисмат тақсим карда, ба онҳо номи худоҳои Мисрро дод. Ба ҳар як ҷузъи лашкар дастаи аробасаворонро ҳамроҳ кард. Ин навгонӣ имкон дод, ки ба мавқеи душман ҳуҷуми барқвори ногаҳонӣ карда шавад. Фиръавн барои худ горди махсус ҳам таъсис дод. Дар лашкари Миср нисбат ба пештара зархаридони хориҷӣ зиёдтар шуданд. Барои ҳаракат кардани лашкар аз қалъаи Ҷару то биёбони Осиё роҳи ҳарбӣ сохта, он тавассути чоҳҳо аз об таъмин карда шуд.
Сети I
Сети I (солҳои 1337 – 1317 п.а.м.) баъд аз Рамзеси I ҳукмронӣ кардааст. Ӯ як маротиба ба Сурия бомуваффақият лашкар кашид. Бо шарофати чунин лашкаркашӣ мавқеи Миср дар Сурия, Фаластин ва Финиқия мустаҳкамтар шуд. Ин маълумот дар натиҷаи ҳафриёти вайронаҳои мисрии Фаластини замони Сети I ба даст омадааст.
Рушди нави Миср, ки дар замони ҳукмронии Сети I оғоз ёфта буд, дар сохтмони иншооти бузурги ин фиръавн таҷассум гардидааст.

Ӯ аз Бубастис, ки дар резишгоҳи дарёи Нил воқеъ аст, то ба Амадаи Нубия як қатор ибодатгоҳҳои бузург сохтааст.
Рамзеси II
Рамзеси II ( солҳои 1317 – 1251 п.а.м.) вориси Сети I мебошад. Ин фиръавн ба ҷангҳои истилоъгаронаи боз ҳам васеътари Миср даст мезанад. Барои дар Финиқия, Фаластин ва Сурия аз нав барқарор кардани мавқеи Миср ӯ муқобилияти ҳокимони он ҷоро, ки бо лашкари давлати Хетт муттаҳид шуда буданд, бояд мешикаст. Барои ин Рамзеси II аввал мавқеи худро дар соҳилҳои Сурия мустаҳкам карда, баъд дар соли чоруми ҳукмрониаш фармуд, ки дар наздикии Бейрути ҳозира, дар санге номи ӯро нависанд. Баъд аз ин лашкари сиҳазорнафараро ғун карда, ба муқобили давлати Хетт лашкар кашид.
Соли 1296 пеш аз милод шоҳи давлати Хетт Хеттушил бо Рамзеси II созишномаи сулҳ баст. Мувофиқи ин созишнома, ки то ҳол маҳфуз мондааст, ҳарду тараф дар оянда аз забти заминҳои ҳамдигар даст мекашанд. Созишномаи сулҳи байни Миср ва давлати Хетт тавассути никоҳи сулолавии байни Рамзеси II ва шоҳдухтари Хетт мустаҳкам карда шуд.
Рамзеси II на танҳо бо лашкаркашиҳои бомуваффақияти худ машҳур аст. Ӯ инчунин дар давлатдорӣ низ комёбиҳои беназир дорад. Қисмати шарқии минтақаи резишгоҳи рӯди Нилро обёрӣ карда, дар он ҷо шаҳрҳои калон бино кардааст. Яке аз он шаҳрҳо пойтахти нави Миср Перрамзес (Хонаи Рамзес) мебошад. Дар яке аз папирусҳои он замон ин шаҳри пуршукӯҳ чунин тасвир ёфтааст: “Шоҳ барои худ шаҳре сохт, ки онро “Фотеҳ” ном гузошт. Ин шаҳр дар байни Фаластин ва Миср воқеъ гардида, аз хӯрокворию таомҳои гуногун пур аст. Ҳама шаҳрҳои худро тарк карда, дар атрофи ин шаҳр сокин шуданд. Дар тарафи ғарбии шаҳр ибодатгоҳи Амон ва дар қисмати ҷанубии он ибодатгоҳи Сэт воқеъ гардидааст. Астарта ба тарафи ҷануби шаҳр мисли уфуқи осмон меояд. Рамзес, ки Амон дӯсташ медорад, ба он ҷо ҳамчун Худо меояд”.
Миср дар аҳди Рамзеси III
Фиръавн Рамзеси III дар Миср солҳои 1204–1173 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст.

Ворисони Рамзеси II барои дар Осиё нигоҳ доштани мавқеи Миср муборизаро давом медоданд. Дар ҳамин давра аз ҷануби баҳри Эгей ба Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолу Шарқӣ қабилаҳои мусаллаҳи сершумор зада медароянд, ки мисриёни онвақта онҳоро “халқҳои баҳрӣ” номидаанд. Ба фиръавн Марнепта лозим омад, ки ҳам бар зидди қабилаҳои ба қаламрави Миср ҳамлакарда ва ҳам бар зидди шӯришҳои дар Сурия баамаломада мубориза барад.
Ихтилофҳои дохилӣ низ давлатдории Мисрро заиф мекарданд, вале ҳамин ки Сетнахт ном ҳоким соҳиби тахту тоҷи шоҳии Миср гардид, ба фиръавнҳои сулолаи XX асос гузошт ва зиддиятҳои дохилии Миср барҳам зада шуд. Сетнахт ҳокимияти марказии давлатро аз нав мустаҳкам кард. Аз ҷониби ӯ баъзе чораҳое низ андешида шуданд, ки обрӯю эътибори коҳинонро аз нав баланд бардоштанд.
Таназзули Мисри қадим
Салтанати Рамзеси III давраи охирини иқтидори ҳарбии Мисри қадим буд. Ғалабае, ки лашкари Миср бар лашкари либиягиҳо ва “халқҳои баҳрӣ” ба даст дароварданд, обрӯй ва эътибори заифшудаи Мисрро то як дараҷа аз нав барқарор кард. Ин ғалаба ба Миср ба муҳлати кӯтоҳ бошад ҳам, сулҳу амонӣ овард. Чӣ тавре ки дар яке аз навиштаҷоти Рамзеси III гуфта мешавад, дар замони ҳукмронии ӯ ҷанговарон “метавонистанд бе ягон тарсу ваҳм қомати худро рост кунанд. Дар Нубия ва дар Сурия душманон набуданд. Камон ва силоҳи дигар дар силоҳхона бидуни истифода хобида буданд. Ҷанговарон метавонистанд серу пур хӯрок хӯранд, нӯшида ҳаловат баранд. Зану фарзандонашон дар наздашон буданд”.

Сарфи назар аз ин хулосаҳои Рамзеси III Миср дар давраи ҳукмронии ӯ рӯ ба таназзул ниҳад. Бо ҳамин давраи шоҳигарии нави Миср ба охир расид. Шаш сулолаи боқимондае, ки дар Миср баъди сулолаи XX ҳукмронӣ карданд, иқтидори ин давлатро ба асли пештара баргардонда натавонистанд. Аз ин рӯ, Миср заминҳои дар Осиё бадастовардаи худро аз даст дод ва ба туъмаи истилоъгарони хориҷӣ табдил ёфт. Миср акнун танҳо ба мудофиаи худ машғул буд.
Ҳукмронии сулолаҳои XXII – XXVI фиръавнҳо дар Мисри қадим ба замони Мисри ниҳоӣ – оғози асри XI ва то истилои Юнону Мақдуния рост омадааст.
Савол ва супоришҳо
- Фиръавн Рамзеси I барои пурқувват намудани лашкари Миср чӣ кор кард?
- Миср дар замони ҳукмронии Сети I чӣ гуна аз нав ба авҷи тараққиёт муваффақ шуд?
- Дар байни Миср ва давлати Хетт кадом созишнома ва чӣ тавр баста шуд?
- Пойтахти нави Миср чӣ ном дошт?
- Дар папирус пойтахти нави Миср чӣ тавр тасвир ёфтааст?
- Дар бораи лашкари Мисрро пурзӯр кардани Рамзеси III нақл кунед.
- Дар давраи ҳукмронии Рамзеси III вазъи Миср чӣ гуна буд?
- Дар замони ҳукмронии кадом фиръавн шоҳигарии нави Миср рӯ ба таназзул ниҳод?
- Кадоме аз фиръавнҳои дар ин мавзӯъ номбаршуда ба шумо бештар маъқул шуданд ва барои чӣ?