Азимут ва муайян кардани он дар маҳал

Ҳамаи ашёву объектҳои сатҳи Замин нисбат ба самти шимол бо кунҷҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Аз ин ҷост, ки кунҷи байни самти шимол ва самти объекти дар маҳал воқеъгардидаро азимут меноманд.

Бузургии кунҷи он дар доираи рӯйи қутбнамо бо дараҷа ифода шудааст. Дар доираи қутбнамо онро аз 0 (шимол) дараҷа сар карда, ба тарафи рост мувофиқи гардиши ҳаракати ақрабаки соат ҳисоб мекунанд (расми10). Дар ин сурат азимути ашёе, ки бевосита дар шимол мушоҳида карда мешавад, ба 0 баробар аст. (Акнун муайян мекунем, ки кунҷи азимути ашёе, ки дар шарқ, ҷануб ва ғарб воқеъ гардидаанд, ба чанд баробар аст?)

10.Қутбнамо (Компас)

Дар маҳал барои муайян намудани азимути воқеии ин ё он чиз якчанд амалро бояд иҷро кард. Пеш аз ҳама сепояро гузошта, ба он лавҳаҳоро мустаҳкам карда, баъд қутбнаморо дар болои он гузошта ба тарафҳои мувофиқ мегардонем. Барои ин қутбнаморо тавре давр мезанонем, ки нӯги кабуди ақрабак «Шим» ва нӯги сурхи он ҳарфи «Ҷ»-ро нишон диҳад. Сипас аз сӯрохии нишонгираки қутбнамо ба чизе, ки азимути онро дар маҳал муайян мекунем, нигоҳ карда, ҳалқаи қутбнаморо то он даме тоб медиҳем, ки сӯрохии нишонгирак ба самти ашёи дар маҳал воқеъбуда мувофиқ шавад. Он ҷое, ки хати аз нишонгирак ба самти чизе (дарахт ё иморат ва ғайра) равонашуда ҷадвали қутбнаморо мебурад, бузургии азимути объектро муайян мекунад.

Аз рӯйи азимут ҳаракат низ мекунанд. Барои ҳаракат кардан аввал қутбнаморо ба тарафҳои уфуқ мувофиқ мекунем, яъне қутбнаморо то нӯги кабудаш (шимолро нишон додан) давр мезанонем. Баъд дар рӯйи қутбнамо донаи гӯгирдро мегузорем. Он бузургии азимутро нишон медиҳад.

Самтҳои уфуқ аз рӯйи нақша муайян карда мешавад. Одатан, онро аз рӯйи тирчае, ки дар тарафи чапи нақша кашида шудааст, муайян мекунанд. Бо ин мақсад нақшаро ба назди худ гузошта, дар он тирчаро меёбем. Нӯги тирча бо ҳарфҳои «Шим» ишора шудааст, ки самти шимолро нишон медиҳад, қисми поёни он Ҷануб мебошад. Дар ин сурат тарафи рости тирча самти шарқ ва тарафи чапи он самти ғарбро ифода мекунад. Инро дониста аз нуқтаҳои гуногуни нақша тамоми тарафҳои уфуқ ва самти ҷойгиршавии объектҳоро муайян кардан мумкин аст (расми11).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
11.Азимут ва муайян кардани он

Объект рӯ ба кадом тарафи уфуқ воқеъ гардида бошад, ҳамон тарафи уфуқро номбар мекунем: дар қисми шимолии нақша ҷойгир шуда бошад – шимолӣ, дар ҷануб – ҷанубӣ, дар ғарб – ғарбӣ ва дар қисми шарқиаш бошад – шарқӣ.

Ҳангоми муайян намудани самтҳои хатҳои каҷ (масалан, маҷрои дарё, роҳи пиёдагард) онҳоро шартан ба порчаҳои (қисмҳои) рост тақсим мекунанд. Дар он ҷое, ки самт дигар мешавад, тарзи самтёбӣ дар ҳамин нуқтаро ба кор мебаранд.

Нақша ва харита

  1. Азимут чист ва аз рӯйи он чӣ тавр ҳаракат мекунанд?
  2. Азимути самтҳои шарқ, ҷануб ва ғарб ба чанд дараҷа баробар аст?

Азимут ва муайян кардани он дар махал? Кутбнамо (Компас)? Азимут бо забони точики, Азимут чист?

ҚаблӣМаҳал (Самт ва Уфуқ)
БаъдӣЗоология – илм дар бораи ҳайвонот