Дил ба ин дунё мабанд (ғазал)

Матни газали Дил ба ин дунё мабанд-ро дар инҷо меорем. Ғазали “Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад”

Дил бар ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ чу ояд, навҷавонӣ бигзарад!

Китфу бозуе ту дорӣ, эй ҷавони паҳлавон,
Китфу бозуят бимонад, паҳлавонӣ бигзарад.

Эй, ки дорӣ зӯру бозу, дар ҷаҳони номдор,
Зӯри ту ҳам охир ояд, паҳлавонӣ бигзарад.

Асптозиҳо, ки дорӣ, эй ҷавони шаҳсавор,
Асптозиҳо бимонад, шаҳсаворӣ бигзарад.

Боғу майдоне ту дорӣ, эй ҷавони боғбон,
Боғу майдонат бимонад, боғбонӣ бигзарад.

Гар равӣ шаҳри ғарибӣ, ҳарчӣ ояд бар сарат,
Ҳарчӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад!

Ин сарою мулку манзилро, аҷал вайрон кунад,
Меҳнати садсолаат, дар як тамошо бигзарад.

Ин аҷал ҳамчун пулест, ҷонҳо чун корвон,
Ногаҳон бинӣ з-он пул корвоне бигзарад.

Шамси Табрезӣ, чӣ донӣ ҳолати мастони хеш.
Кори ту ҳам охир ояд, кордонӣ бигзарад!

Шамси Табрезӣ

Шеъри Модар — Ба кунчи сандали биншаста шабхо модари пирам

ҚаблӣThe Rubaiyat of Omar Khayyam
БаъдӣҚасидаи “Шикоят аз пирӣ” ва шеъри ҳолия