Ба кор омода сохтани мошини дарздузи.
Дар вақти мошини дарздӯзиро ба кор даровардан дар рӯйи платформаи мошин бояд ҳеҷ чиз набошад. Ҳамаи асбобҳоро баъди истифода бурдан мувофиқи қоида ва талаботи кор дар қуттиҳо ё халтачаҳои махсус ҷой кунед.
Дар вақти мошини дарздӯзиро ба кор омода кардан ҳамаи қисмҳои кориашро аз назар гузаронед. Онҳо бояд дар ҳолати корӣ бошанд. Сӯзани мошинро ба риштаҳои дарздӯзӣ мувофиқ интихоб карда, ба мошин гузоред, риштаро дар найча печонед, риштаи болоӣ ва поёниро дар ҷояш гузоред.
Интихоби сӯзан ва ришта ба ғафсии матоъ ва маснуоти дӯзандагӣ вобаста аст.
Вобаста ба рақамҳо сӯрохии сӯзан ҳар хел мешавад. Барои матои ғафс сӯзани борик гузоштан мумкин нест, чунки сӯзан дар ин ҳолат мешиканад. Барои матои борик сӯзани ғафс мондан мумкин нест, чунки дар ҷойи дарз сӯрохи сӯзан боқӣ мемонад ва дарз безеб мешавад.
Вобаста ба тарзи дӯхтан сӯзанҳо чанд намуд мешаванд: дароз ва кӯтоҳ, ғафс ва борик, рост ва каҷ (барои дӯхтани махсус).
Сохти сӯзани рост дар расм нишон дода шудааст. Он аз колбаи сӯзан, ки як тарафаш рости суфта ва тарафи дигараш барҷаста (ба он рақами сӯзанро мегузоранд) аст, иборат мебошад. Хизмати колба аз он иборат аст, ки сӯзанро ба сӯзангузорак дохил намуда, бо винти саракдори дастаки тазйиқдиҳанда маҳкам мекунад.
Қутри колбаи сӯзан аз қутри найчаи сӯзан калон аст. Бар қади найча дуто ҷӯяк мегузарад. Аз тарафи барҷастаи колба ҷӯяки дароз ва аз тарафи суфтаи найча ҷӯяки кӯтоҳ мавҷуд аст. Дар вақти дӯхтан ҷӯякҳо риштаро аз хӯрдашавӣ нигоҳ медоранд.
Нӯги тези сӯзан вазифаи дохилшавӣ ба матоъро иҷро мекунад ва он қисми кории сӯзан мебошад. Он барои гузаронидани ришта сӯрохӣ дорад.
Барои он ки кӯк дурусту зебо бошад, сӯзанро дуруст интихоб кардан лозим аст.
Сӯзанҳои мошин аз рӯйи рақамҳо фарқ мекунанд, аз 75 то 150 рақам дорад. Рақами он ҳар қадар калон бошад, сӯзан ҳамон қадар ғафс мешавад. Интихоби сӯзан ба ришта ва матои интихобшуда вобаста аст.


1-сӯзангузарак
2- сӯзандорак
3- винт
4-риштагузарак
5-ришта
6-ҷӯяки кӯтоҳ
7-ҷӯяки дароз
8-сӯрохӣ

в – ҷӯяки кӯтоҳ ва сӯрохӣ
Дар вақти интихоби сӯзан ба сифати он аҳамият додан лозим аст. Нӯги сӯзан бояд рост ва тез, ҷӯякҳо ва гӯшакаш суфта бошад, чунки ҷойи ноҳамвораш сифати риштаро паст ва онро канда мекунад.
Интихоби сӯзан ва ришта. Ҷадвали 10
№ | Матоъ | Рақами сӯзанҳо | Рақами ришта | |
пахтагӣ | абрешимӣ | |||
1. | Матои борики абрешимӣ, шифон, крепдешин | 75 – 65 | – | 65 – 75 |
2. | Чит, сунъӣ, абрешимӣ | 90 – 85 | 80 – 90 | – |
3. | Матоъҳои ғафси пахтагини куртаворӣ | 85 – 90 | 40 – 60 | – |
4. | Матоъҳои пашмии нафиси куртаворӣ | 90 – 110 | 40 – 50 | – |
5. | Матоъҳои пашмии ғафс ва костюмворӣ | 120 | 30 – 40 | – |
6. | Матоъҳои ғафси пашмӣ барои палто |
120 – 150 |
30 – 40 | – |
Савол ва супориш
- Қисмҳои сӯзани мошини дарздӯзиро гӯед ва нишон диҳед. 2. Сӯзани мошини дарздӯзӣ аз сӯзани дастидӯзӣ чӣ фарқ дорад? Чаро риштаро дар сӯзани дастидӯзанда дар ақибаш ва дар сӯзани мошини дарздӯзӣ дар нӯгаш мегузаронанд?
- Интихоби сӯзан ба чӣ вобаста аст?
- Сифати сӯзан чӣ хел муайян карда мешавад?
Фикр кунед, ҷавоб диҳед, иҷро кунед
Ду-се намуди сӯзанро ба дастатон гирифта муқоиса кунед, сифати онро муайян намоед ва гӯед, ки ба он кадом риштаро интихоб мекунед.
Муайян кунед, ки баъди азназаргузаронӣ ва интихоби сӯзану ришта, аъзои бригадаи корӣ ба сифати коратон чӣ хел баҳо доданд.