Гузоштани сӯзан ба сӯзандорак. Машқи сӯзангузаронӣ

Гузоштани сузан ба сузандорак. Машки сузангузарони. Носозихо дар вакти кор бо мошини дарздузи ва сабабхои нуксони сузан ва гузориши он


  1. Сӯзангузоракро ба ҳолати аз ҳама баландаш гузоред.
  2. Винти сӯзандоракро он қадар маҳкам накунед.
  3. Сӯзанро дар сӯзандорак ба воситаи сӯзангузорак то охир дохил кунед.
  4. Ҷӯяки дарози сӯзан аз тарафи риштагузаронӣ бошад.
  5. Винти сӯзандоракро маҳкам кунед.
  6. Санҷед, ки сӯзан ба сӯрохии пластинкаи сӯзангузорак озод дохил шавад ва ба моку дарнамонад. Барои ин сӯзанро аз поён ба боло дохил кардан лозим аст.
  7. Риштаи боло ва поёнро гузоред.
  8. Сифати кӯкро санҷед. Гузориши дурусти сӯзан барои кори муътадили мошин аҳамияти калон дорад.

Носозиҳо дар вақти кор бо мошини дарздӯзӣ ва сабабҳои нуқсони сӯзан ва гузориши он. Ҷадвали 11

Нуқсони сӯзан ва гузориши он Носозӣ дар кори мошини дарздӯзӣ
1. Сӯзани қатшуда Шикастани сӯзан, кандашавии ришта ва қадами кӯк
2. Сӯзани кунд Ҳалқапартоии кӯк, кандашавии риштаи матоъ
3. Нодуруст гузоштани сӯзан бо ҷӯяки кӯтоҳ аз тарафи риштагузаронӣ Набаромадани кӯк, кандашавии ришта.
4. Сӯзанро пурра дохил накардан Шикастани сӯзан, номунтазамии кӯк

Савол ва супориш
  1. Роҳи дурусти гузоштани сӯзанро гӯед.
  2. Номи он қисми мошинро, ки сӯзан мегузоранд, гӯед.
  3. Риштаро аз кадом тараф ба сӯзан мегузаронанд?
  4. Ҷӯяки дарози сӯзан дар вақти гузоштан ба кадом тараф бояд нигоҳ кунад?
ҚаблӣБа кор омода сохтани мошини дарздӯзӣ
БаъдӣРиштапечонак (мошинаи дарздузӣ)