Талаботи санитарию гигиени ва коидахои техникаи бехатари дар вакти кор бо мошинаи дарздузии пойи.
Пеш аз он ки бо мошинаи дарздӯзии пойӣ ба кор сар кунем, аввал дуруст бо пой ҳаракатдиҳиро ёд гирифтан лозим аст. Педалро ҳамвор ва гардонаро ба тарафи худ ҳаракат кунондан, ба ҳолати дасту пой аҳамият додан лозим аст. Тасмаро дар вақти кор нагузаронед. Дар вақти сӯзанро ба ресмон нагузаронидан пойро аз педал гиред.
Машқ дар мошинаи дарздӯзии пойӣ:
- Пойро ба педал ин тавр гузоштан лозим аст. Пойи рост бояд аз пойи чап каме пештар истад.
- Гардонаро ба тарафи худ ҳаракат диҳед ва педалро бо пой ба ҳаракат дароред.
- Дастро ба болои платформаи мошин гузоред. Бароибоздоштани мошин пойро аз педал гиред ва бо дасти рост гардонаро боздоред. Ҳолати даст бояд қатшуда бошад. Машқро якчанд бор такрор кунед. Дар вақти машқ мошинаи дарздӯзӣ дар ҳолати корӣ бошад, ба таги тазйиқдиҳанда матоъро дуқабата карда гузоред ва машқро бе гузаронидани ришта давом диҳед. Аввал бо педал ба ҳаракат даровардани мошинро ёд гирифта, сипас риштаро гузаронида, дар мошини дарздӯзӣ корро сар кунед.
Калимаҳои педал, гардона, тасмаи ба ҳаракат оваранда, чархи асосиро дар хотир нигоҳ доред.

Савол ва супориш
- Дар вақти кор бо мошини дарздӯзӣ тарзи дар курсӣ дуруст нишастанро нишон диҳед. Ҳолати дасту пой бояд чӣ хел бошад?
- Агар гардона гоҳе ба як тараф ва гоҳ ба тарафи дигар ҳаракат кунад, чӣ ходиса рух медиҳад?


















