Таъсиси давлати Юнону Макдуния. Чангхои байнихамдигари. Рушду нумуи Макдуния. Юнонро ишгол кардани Макдуния.
ҶАНГҲОИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ
Дар охирҳои асри V ва аввали асри IV пеш аз милод дар Юнон ҳукмронии Спарта муқаррар гардид. Шоҳи он барои ба тасарруфи худ даровардани шаҳру давлатҳои юнонӣ шурӯъ кард. Ӯ аввал лашкари Гераклро торумор карда, баъд хост, ки ҳокимияти худро ба маҳалҳои дигари Юнони Балкан паҳн кунад. Инро фаҳмида, шоҳҳои Афина, Коринф, Аргос, Эвбей ва ҳокимони баъзе вилоятҳои Юнони Ғарбӣ ба муқобили Спарта якҷоя лашкар мекашанд. Шоҳи Спарта Агасилай, ки ин вақт дар Осиёи Хурд бар зидди Эрон меҷангид, аз вазъият бохабар шуда, таъҷилан ба Спарта бармегардад. Спартагиҳо ба муқобили душманони худ 23 ҳазор аскар ҷамъ намуда, онҳоро хуб мусаллаҳ мекунанд. Дар ҳамин вақт флоти Спарта, ки дар Осиёи Хурд монда буд, аз тарафи форсҳо торумор карда мешавад. Афина бо ҳамроҳии иттифоқчиёни худ Спартаро мағлуб мекунад. Баъд аз ин мавқеи Афина торафт пурзӯртар мешавад.

Соли 378 пеш аз милод иттифоқи қалъашикан. Расми замони дуюми Афина ташкил ёфт. Дере нагузашта ба он чандин шаҳру давлатҳои юнонии зидди Спарта дохил шуданд. Ғайр аз муттаҳидсозии шаҳр-давлатҳо, юнониҳо боз чандин иттифоқҳои дигари ҳарбиро ташкил карданд. Дар байни онҳо ҷанг қариб беист давом мекард. Дар он гоҳ як иттифоқ ва гоҳ иттифоқи дигар пирӯзӣ ба даст медаровард. Ҳамин тавр, дар арафаи ба Юнон ҳуҷум кардани Мақдуния Юнон давраи парокандагии худро аз cap мегузаронд.
РУШДУ НУМӮИ МАҚДУНИЯ
Дар давраи ҳукмронии Файлақуси II (Филипп), ки ба солҳои 359 – 336 п.а.м. рост омадааст, Мақдуния ба давлати пуриқтидори Балкан табдил меёбад. Файлақуси II, пеш аз ҳама, ба рушди хоҷагии Мақдуния диққат дод. Ҳамаи соҳаҳои дигари мамлакат ба он вобаста буд. Барои ҳамин дар навбати аввал дар мамлакат ислоҳоти хоҷагӣ гузаронд. Чунин шароите муҳайё кард, ки махсусан истеҳсоли маъдан зиёд шавад. Оҳан барои истеҳсоли силоҳ зарур буд. Истеҳсоли тиллоро ҳам хуб ба роҳ монд. Пулҳои аз тилло сикказада талаботи давлатро қонеъ кунонида тавонистанд.
Дар ҳамин давра кишоварзӣ низ рушду нумӯ кард. Файлақуси II якчанд сол дар Юнон зиндагӣ карда буд. Барои ҳамин ҷиҳатҳои баду неки флоти онро хуб медонист. Ин буд, ки флоти ҳарбии ташкилкардаи Файлақуси II аз флоти юнониҳо пурқувваттар буд.
ЮНОНРО ИШҒОЛ КАРДАНИ МАҚДУНИЯ
Файлақуси II доно ва эҳтиёткор буд. Ӯ дар зарфи 5 соли аввали ҳукмрониаш сарҳадҳои давлати худро аз ҳуҷумҳои юнониҳо муҳофизат намуд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои забткорӣ аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебурд. Ин буд, ки ӯ ба духтари яке аз шоҳҳои қабилаҳои хурди молоси фракиягӣ, ки Олимпиада ном дошт, хонадор шуд. Баъд аз ин бо ҳамроҳии ин шоҳ лашкари Иллирияро, ки рақиби Фракия буд, торумор кард. Сипас бо шоҳи Афина забон як карда, бар зидди шаҳрҳои Халкида мубориза бурд ва дастболо шуд. Баъдан аз қавли худ гашта, ба душмани Афина табдил ёфт.
Дар миёнаҳои асри IV пеш аз милод Файлақуси II бо лашкари худ ба ҷониби соҳилҳои фракиягии баҳри Эгей ҳаракат карда, лашкари Фракияро торумор намуд. Файлақуси II сарҳадҳои шимолии Мақдунияро мустаҳкам карда, ба шимоли Юнон лашкар кашид.

Ин вақт дар байни давлатҳои юнонӣ ҷангҳо идома меёфтанд. Як қисми давлатҳо аз ҷониби Спарта ва қисми дигарашон аз ҷониби Афина ҷанг мекарданд. Ин ҷанг аз соли 355 то соли 346 пеш аз милод давом кард ва номи «Ҷанги муқаддас»-ро гирифт, чунки он бо сабаби аз тарафи фокидҳо забт карда шудани ибодатхонаи муқаддаси Аполлон ба амал омада буд. Файлақуси II вазъи баамаломадаро ҳаматарафа санҷида, қарор дод, ки ҳимоятгарони ибодатхонаи Аполлонро ҷонибдорӣ мекунад. Ин мавқеъ ба ӯ имконият дод, ки бе мамоният ба ишғоли шаҳрҳои Фессалия шурӯъ кунад. Баъди ғалаба бар фокидҳо Файлақуси II мефармояд, ки 3000 асири фокидиро ба об ғарқ кунанд. Ин ғалаба обрӯйи Мақдуния ва Файлақуси II-ро зиёд кард.

Файлақуси II забткориҳои худро таҳти шиори муттаҳидкунии Юнон идома дод. Аз ҳамин сабаб ӯ дар худи Юнон тарафдори зиёд дошт. Ҳангоми лашкаркашӣ баъзе шаҳру маҳалҳо бар зидди лашкари Файлақуси II муқобилате нишон намедоданд.
Соли 337 пеш аз милод бо ташаббуси Файлақуси II дар Коринф кунгураи умумиюнонӣ даъват карда шуд, ки он ҳукмронии Мақдунияро дар Юнон тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ, Юнон бо роҳи зӯрӣ муттаҳид карда шуд. Кунгура иттифоқи шаҳрҳои Эллинро ташкил кард, ки сардори он Файлақуси II эълон гардид.
Яке аз қарорҳои кунгураи Коринф эълони ҷанги муқаддас бар зидди давлати Ҳахоманишиён буд. Барои оғози «ҷанги муқаддас»-и зидди давлати Ҳахоманишиён Файлақуси II бо лашкари 10-ҳазорнафараи худ ба Осиёи Хурд раҳсипор гашт, вале соли 336 пеш аз милод дар ин ҷо аз тарафи хизматгораш кушта мешавад.
ҚАРОРДОДИ СУЛҲИ ФАЙЛАҚУСИ II БО ШАҲРҲОИ ЮНОНӢ СОЛИ 337 ПЕШ A3 МИЛОД.САВГАНД “Ман ба номи Зевс… Гелиос, Посейдон, Афина, Арес, ҳамаи худоҳо ва олиҳаҳо савганд мехӯрам. Ман ба сулҳ содиқ мемонам ва он қарордодеро, ки бо Файлақуси Мақдунӣ ба имзо расидааст, намешиканам. Ман тавассути хушкӣ ва об лашкар намекашам, ба ашхосе, ки ба савганд содиқ мемонад, зарар намеоварам. Ман тавассути ягон ҳилаю найранг ва баҳонаҷӯие бо мақсадҳои ҳарбӣ ягон шаҳр, истеҳком ва бандарро, ки ба иштирокдорони қарордоди сулҳ тааллуқ доранд, ишғол намекунам. Ман ба ҳокимияти Файлақус, насли вай инчунин, сохти давлатии ҳар кадом давлат халал намерасонам, баъди он ки ин савганд садо дод. Ман худам ягон кирдори мухолиф ба ин қарордодро нахоҳам содир кард ва ба дигарон ҳам то ба қадри тавоноиям имконият намедиҳам. Агар касе баҳри халалдор сохтани қарордоди сулҳ коре кунад, дар он сурат ба зарардидагон хоҳам гуфт, ки чӣ xeл ёрие мехоҳед, ҳамон ёриро мерасонем… |
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои юнонӣ нақл кунед.
- Файлақуси II дар Мақдуния кай ба сари ҳокимият омад?
- Файлақуси II барои тараққиёти Мақдуния чӣ чораҳо андешид?
- Дар бораи ҷангҳои Файлақуси II бар зидди шаҳр-давлатҳои юнонӣ нақл кунед.
- Муҳорибаи ҳалкунандаи Мақдуния бар зидди юнониҳо кай ба амал омад?
- Кунгураи Коринф кадом қарорҳоро қабул кард? Он кадом сол баргузор гардида буд?
- Лашкаркашии Файлақуси II бар зидди давлати Ҳахоманишиён бо чӣ анҷом ёфт?



















