Баҳри Мутадорик (дар адабиёт, вазни шеър)

Маънои калимаи мутадорик – дарёфтан, дарак додан ва пайвастан буда, он яке аз баҳрҳои аслии (солими) арӯз аст. Ҳамчунин дар илми бадеи классикӣ яке аз навъҳои қофияро низ мутадорик меноманд.

Ин баҳрро барои он мутадорик – ёфтшуда мегӯянд, ки ҷузви сабаби онро баъдтар ёфта ба рукнҳои дигар ҳамроҳ намудаанд. Мутадорикро забоншинос ва арӯзидони машҳури араб Абулҳасан Ахфаши Балхӣ баъди арӯзидон Халил ибни Аҳмад аз доираи панҷуми арӯзи арабӣ дар шакли мусаммани солим ҷудо кардааст. Аз рукни солими мутадорик се навъи он: мусаммани солим, мусаддаси солим ва мураббаи солим ба вуҷуд меоянд.

Маълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз

Мисолҳо: Мутадорики мусаммани солим:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шуд хазон рушди мо, шуд камон пушти мо,

Хуни дил мечакад аз сарангушти мо.

(Лоҳутӣ)


фоилун / фоилун / фоилун / фоилун

–v–       –v–        –v–        –v–

Ҳусну лутфи туро банда шуд меҳру маҳ,

Хатту холи туро мушки Чин хоки раҳ.


фоилун / фоилун / фоилун / фоилун

Ҳус–ну лут/фи–ту–ро/ бан–да–шуд/меҳ–ру–маҳ,

Хат–ту–хо/ли–ту–ро/муш–ки–Чин/хоки–раҳ.

 

Мутадорики мусаддаси солим:

Ёр дилро садо мекунад,

Дил маро чун раҳо мекунад.

(Лоҳутӣ)

фоилун / фоилун / фоилун

–v–       –v–        –v–

Мутадорики мураббаи солим:

Бонги мурғи саҳар, Мерасонад хабар.

(Фарҳат)


/ фоилун / фоилун /

–v–    /   –v–

Боғбонро бигӯ

Чист ин гуфтугӯ.

Беҳудаву абас

Ин ҳама гуфтугӯ.


/ фоилун / фоилун /

Бо–ғу–бон / ро–би–гӯ

Чис–ту–ин / гуф–ту–гӯ.

Бе–ҳу–да / ву–а–бас

Ин–ҳа–ма / гуф–ту–гӯ

 –v–    /   –v–


Мутадорики мусаммани музол:

Мо ба ҳам тохтем дар раҳи инқилоб,

Мо зафар ёфтем, босмачӣ шуд хароб.

(Айнӣ)

фоилун / фоилун / фоилун / фоилон

–v–    /   –v–    /    –v–    /   –v–


Мутадорики мусаммани махбун:

Чу рухат набувад гули боғи Ирам,

Чу қадат набувад қади сарви чаман.

(Салмони Соваҷӣ)

фаилун / фаилун / фаилун / фаилун

vv–    /   vv–    /    vv–    /   vv–


Мутадорики мусаммани мақтӯъ:

То кай моро дар ғам дорӣ,

То кай орӣ бар ман хорӣ.

(Ҷомӣ)

фаълун / фаълун / фаълун / фаълун

 – –     /     – –     /     – –     /     – –

Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия


Саволҳо

  1. Калимаи «мутадорик» чӣ маънӣ дорад?
  2. Ин вазни шеьр аз тарафи кӣ кашф гардидааст?

Бахрхо, вазни шеър, вазнхои шеър дар адабиёти точик, вазни мутадорик.

ҚаблӣМоҳигир ва ҷавони ситамкор (ҳикояи тоҷикӣ)
БаъдӣСайфи Фарғонӣ