Дарки ҷомеа ҳамчун низоми иҷтимоӣ

147

Ҷомеа танҳо иборат аз маҷмӯи оддии ҷӯзъҳои ташкилдиҳандаи он набуда, балки ин ҷӯзъҳо бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, низоми мустақили худинкишофёбанда мебошад. Асоси таҳлили системавии ҷомеа аслан марбут ба он аст, ки дар заминаи ҳамагуна таърифдиҳиҳо ҷомеаро ҳамчун маҷмӯи ҷузъҳои бо ҳамдигар робитадошта тасвир менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам барои татбиқи таҳлили системавии ҷомеа баррасии система ҳамчун маҷмӯи томе, ки унсурони он дар заминаи робитаю муносибатҳои муайян ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, нисбат ба шароити муҳит як чизи ягона мебошад, ҷоиз аст. Аз ин нуқтаи назар ҷомеа ҳамчун система иборат аз маҷмӯи одамонест, ки тавассути фаъолияти якҷоя барои ба даст овардани ҳадафҳои муштарак ба ҳамдигар алоқаманданд. Дар ҷараёни чунин фаъолият байни одамон муносибатҳои гуногун ташаккул ёфта, сохтори ҷомеаро барпо месозанд. Яъне ҷузъҳои ташкилдиҳандаи ҷомеа ҳамчун низом ин пеш аз ҳама инсон ва зуҳури фаъолнокии ӯ ҳамчун субъекти асосии таърихист, ки дар шаклҳои фаъолияти амалияш таҷассум мегардад. Мундариҷаи ин фаъолиятро мақсади дигаргунсозӣ, тағйирдиҳии олам ташкил медиҳад ва ин фаъолият дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Дар асоси маҳз ҳамин шаклҳои фаъолияти инсон муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ташаккул меёбанд. Муҳимтарини онҳо муносибати истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он ташаккули дигар муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ ба амал меояд, ки онҳоро мо дар фасли гузашта баррасӣ намуда будем. Барои мо дар ин ҷо тазаккури он чиз зарур аст, ки муҳимтарин ҷузъҳои ташкилдиҳандаи таркиби ҷомеа ҳамчун низом иборат аз инсон, фаъолияти амалии инсон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд.

Чун низомҳои дигар ҷомеа низ бартар аз сифатҳои ҷузъҳои ташкилдиҳандаи худ мебошад. Яъне дар кулл, умум ҷомеа он сифатҳоеро доро аст, ки ҷӯзъҳояш онро дар алоҳидагӣ надоранд. Бинобар ҳамин ҳам наслҳои гуногун ҳамдигарро иваз мекунанд, рафтори як гурӯҳашон нисбат ба гурӯҳҳои дигар тамоюли мутафовит дорад, вале ин барои барқарории ҷомеа, суботи он халал ворид намесозад. Зеро онҳо ҳаёти иҷтимоияшонро на дар ҷойи холӣ, балки дар асоси ба ворисият гирифтани дастовардҳои наслҳои пешина ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани сарватҳои моддию маънавии ҷомеа ташкил менамоянд.

Дар сохтори ҷомеа муносибатҳое мавҷуданд, ки нисбат ба ҷӯзъҳои ташкилдиҳандаи система дорои мустақилияти хос мебошанд. Аз ин ҷиҳат ҷомеа ҳамчун низом системаи кушода маҳсуб меёбад, ки ҳамеша барои қонеъ гардонидани талаботҳои ҷӯзъҳои ташкилдиҳандааш дар ҷараёни табодули алоқаю вобастагиҳо бо муҳити иҳотакардаи табиии худ мебошад. Дар сурати қонеъ нагаштани ин талаботҳо мавҷудияти босуботи ҷомеа ҳамчун система таҳти суол қарор мегирад ва зиддиятҳои дар он мавҷудбуда ба низову фурӯпошии низом метавонанд оварда расонанд.

Асосан ҷӯзъҳои мӯҳими ташкилдиҳандаи ҷамъият ҳамчун томи мураккаб ин соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор мераванд, ки ҳар кадоме дар навбати худ ҳамчун зерсистема иборат аз таркиби мураккаб мебошанд. Ҷӯзъҳои ташкилдиҳандаи таркибии ҳар кадоме аз ин соҳаҳо барои пайдо кардани тасаввурот оид ба ҷамъият ҳамчун ташкилаи том заминаи муҳимро муҳайё месозанд. Бинобар ҳамин аксар маврид муҳаққиқон ҷомеаро дар сатҳи ташкилотҳои алоҳида(давлат, маориф, низоми истеҳсолот), ҳамбастагию алоқамандии умумиятҳои иҷтимоие, ки тавассути онҳо одамон вориди гурӯҳҳои дастаҷамъона мегарданд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Алоқаву ҳамбастагиҳои дар заминаи фаъолияти гуногунҷабҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию маънавии одамон ба амалоянда муносибатҳои ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд. Аслан муносибатҳое, ки бевосита дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ба амал меоянд муносибатҳои фарогирандаи соҳаи ҳаёти маънавии ҷомеаро аз якдигар фарқ мекунанд. Агар муносибатҳои истеҳсолӣ асоси мавҷудияти ҷомеаро ташкил диҳанд, пас муносибатҳои хусусияти идеологӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ дошта маҳсули алоқамандию ҳамкории одамон дар раванди эҷод ва паҳн кардани арзишҳои фарҳангӣ мебошанд. Аммо ин ҷузъҳои ташкилдиҳандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар алоқамандии якдигар қарор дошта, инкишофи ҷомеаро таъмин менамоянд.

Дар асоси ин гуна таҳлили системавии ҷомеа мо доир ба ҳама гуна ҷомеа новобаста аз замону хусусиятҳои мавҷудияти таърихии онҳо тасаввурот пайдо мекунем. Яъне донишҳои дар ин замина ҳосилкардаамон барои  таҳлили ҳама гуна умумияти одамон, ки ҷомеа номида мешаванд, имконият фароҳам меорад. Чунин усули дараҷаи таҳлили системавии ҷомеа ба мо имконият медиҳад, ки умумиятҳои тарзи ҳаёти чодарнишинӣ, саҳронишинӣ ва кишварҳои муосири аз дастовардҳои илмӣ васеъ истифодабарандаро ҳам ҳамчун ҷомеа баррасӣ намоем. Аз нуқтаи назари мантиқ дар ин ҷо асосноккунии муайянии ҷинсии ҳама гуна падидаи таҳти мафҳуми «ҷомеа» қароргиранда ба даст меояд. Ин дараҷаи таҳлили системавии ҷомеа барои дарки мундариҷаи асосии мафҳуми «иҷтимоӣ», ки алоқаманд ба тасвири мӯҳити аз табиат ҷудошудаи тарзи ҳаётгузаронии инсон, муносибатҳои миёни онҳо дар заминаи тақсими кор бавуҷудомада аст, муҳим мебошад. Вале чуноне ки маълум аст, ҷомеа на танҳо дар чунин шакли куллӣ, абстрактӣ(яъне умуман ҷомеа) вуҷуд дорад, балки он зуҳури мушаххаси таърихӣ дорад, ки дар дарки фарди алоҳида ҳам ҷомеа аксар маврид дар чунин шакл зоҳир мешавад. Зимни таҳлили ҷомеа дар ин шакли зуҳураш равшан мегардад, ки бо вуҷуди наздикии шакли фаъолияти дастаҷамъонаашон одамон дар зинаҳои муайяни инкишофи таърихияшон ба натиҷаҳои гуногун ноил мегарданд. Дар як зинаи инкишофи таърихӣ фаъолияти истеҳсолии одамон дар як шакл (масалан хоҷагидории соддаи кишоварзӣ), дар зинаи дигари инкишоф дар шакли куллан дигар(бо истифода аз техникаю технологияи пешрафта) намудор мегардад. Ин дигаргуниро дар фаъолияти маънавии одамон низ дучор омадан мумкин аст. Яъне одамон дар ҳамаи ҷомеҳо машғул ба иҷрои корҳои идоракунӣ, тарбия, худопарастӣ, тафреҳ(истироҳат) мебошанд, вале зуҳури онҳо дар заминаи ҳаёти ҷомеаҳои мушаххас аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, амалияи таъмини тартиботи ҷамъиятии дар ҳаёти ҷомеаҳои имрӯзаи пешрафтаи саноатӣ роиҷ аз чунин амалияи дар доираи ҳар як ҷомеаи рӯ ба инкишоф амалишаванда куллан фарқ мекунад. Моҳияту мазмуни ин фаъолиятҳо дар заминаи ҳамаи ҷомеаҳо ба ҳам наздик аст, аммо аз ҷиҳати зоҳиршавияшон онҳо гуногун ба чашм мерасанд.

Вале донишҳои дар ин замина ҳосилшуда ба пуррагӣ имконияти донистани ҳаёти ҷомеаи мушаххаси таърихиро намедиҳад. Бинобар ҳамин ҳам зимни таҳлили системавии шаклҳои муайяни зоҳиршавии ҷомеа таваҷҷӯҳ маҳз ба ҷиҳати тарзи татбиқшавии ҷанбаҳои асосии ташкилдиҳандаи он равона карда мешавад. Зоҳиршавии аломату нишонаҳои ҷинсии ҷомеа дар шаклҳои мушаххасии таърихии он дар дараҷаи дигари таҳлили системавии он баррасӣ мешавад. Зеро таҳлили фалсафии ҷомеа танҳо ба баррасии аломату нишонаҳои ҷинсии ба табақабандии иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, истеҳсолоти ҷамъиятӣ мансуб қаноат намекунад, балки шаклҳо ва хусусиятҳои мушаххаси зоҳиршавии онҳоро дар ҳаёти ҷомеаҳои алоҳида таваҷҷӯҳ менамояд. Аз ин рӯ ин дараҷаи таҳлили системавии ҷомеа ҳамдигарро пурра менамоянд ва ба инсон имконияти дарки ҳамаҷонибаи мавҷудияти ҷомеаро фароҳам меоранд. Дар ин маврид на танҳо хусусиятҳои умумӣ ва ҷудогонаи ҷомеа, балки ҷиҳатҳои махсуси мансуб ба ҳар кадоме аз гурӯҳи ҷомеаҳои ба ҳамдигар айниятдошта муайян карда мешавад (ҷомеа(кулл) — ҷомеаи тоҷик(ҷузъ) — ҷомеаи анъанавӣ(махсус). Ин тарзи таҳлили системавӣ заминаи табақабандии ҷомеаҳоро аз рӯи тарзи зоҳиршавии аломату нишонаҳои ҷинсии ҷомеа дар шаклҳои мушаххаси созвораи иҷтимоӣ муҳайё месозад. Истифодаи васеи чунин тарзи таҳлили системавии ҷомеаро мо дар асари ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер «Рӯҳи протестантӣ ва пайдошавии сармоядорӣ» ба равшанӣ мушоҳида мекунем. ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд нишонаҳои «сармоядорӣ»-ро дар ҳамаи ҷомеаҳо дидан мумкин аст, вале он ба шакли густурда танҳо дар ҷомеаҳои пайрави мазҳаби протестантӣ татбиқи худро ёфт. Барои ин анъаноти мансуб ба муносибати динӣ ба расолати иҷрои ҳамагуна кори анҷомдодашаванда(аскетизми меҳнатӣ), ки дар он ҷиҳатҳои махсуси мансуб ба хоҷагидории сармоядорӣ, яъне кӯшиши ба даст овардани  фоидаи ҳарчи бештар, худдорӣ аз масрафкорӣ, худдорӣ аз маишати зиёновари молиявӣ ва ғайра зоҳир мегардад. Зимни чунин таҳлил барои мо ҷеҳраи умуман ҷомеаи сармоядорӣ, зоҳиршавии он дар ҷомеаҳои мардуми пайрави мазҳаби протестантӣ(ҷомеаҳои олмонӣ, инглис, амрикоӣ) ва вижагиҳои махсуси ин сохти ҷамъиятӣ намудор мегардад.

Ҷомеа ҳамчун низоми кушода хусусияти диссипативӣ (калимаи лотинӣ маънояш афшондан, пошидан, пароканда кардан) дошта, асосҳои устуворию суботи он аксар маврид ба тағиротҳои кӯчаки ҷӯзъҳояш ҳассос мебошанд. Яъне дар ин замина тасаввурот оид ба низом низ куллан тағйир пазируфт. Акнун бар асари ин таҳаввулот тасвири синергетикии ҷомеа аз тасвирии муқаррарии он ҳамчун низоми худинкишофёбанда фарқ мекунад. Асоси ин фарқият дар тасвири баҳамтаъсиррасонии ҷӯзъ ва том аст. Дар тасвири муқаррарӣ агар ҷӯзъи тасаввуршавандаи низом иборат аз ҳуҷайра, нейрон, атом, кварк ва ғайра бошад, пас воҳиди хурдтарини дар синергетика тасаввуршаванда ин шабакаи муроқибаи ҳуҷайраҳо, нейронҳо, атомҳо мебошад. Дар низоми мутавозин ҷӯзъҳо худро мустақил нишон медиҳанд ва ҳузури ҳампаҳлӯи дигари худро мушоҳида намекунанд. Дар ин маврид муроқибаи ҷӯзъҳо ба берун нигаронида шуда, тағйироти дар онҳо то ҳадди муайяне мушоҳидашаванда ба тағйири кулл оварда намерасонанд. Вале дар низоми номутавозине, ки синергетики бо он сарукор дорад, муроқибаи ҷӯзъҳо ба берун нигаронида шуда аст ва ҳамагуна таъсири ночизи беруна ҳам дар шароити муайян ба нигоҳдории суботу устувории низом ҳассос, ҳалкунанда зоҳир мешавад. Яъне агар дар низоми мутавозин ҷӯзъҳо танҳо ҳамсояҳои худро бинанд ва бо онҳо муроқиба намоянд, пас дар низоми номутавозин ҳар як ҷӯзъ бо кулли низом муроқиба менамояд. Бинобар ҳамин агар дар низоми мутавозин худинкишофёбию худташаккулёбӣ дар асоси омили мушаххаси устувор сурат гирад, пас дар низоми номутавозин чунин асоси ягонаро барои ҳамаи ҳолатҳо пайдо кардан душвор аст. Яъне ин асосҳо дар ҳар ҳолату шароит гуногунанд ва бинобар ҳамин ҳам гуногунсамтии зуҳури тағирёбии низомро ҳамеша бояд мадди назар дошт.

Ҳамин тавр фалсафаи иҷтимоӣ зимни омӯзишу таҳлили системавии ҷамъият онро ҳамчун объекти мураккабташаккулёфтае, ки тавассути муайянии сифатияш аз дигар объектҳои хусусияти иҷтимоидошта фарқ мекунад, мадди назар дорад. Дар ин замина се равиши таҳлил аз ҷомеа, ки яке ҷанбаи субъектии ҷомеаро ҳамчун дастаҷамъии худамалкунанда тасаввур мекунад, дигаре равиши амалкардӣ, ки ҷомеаро на ҳамчун дастаҷамъии умумиятҳо, балки ҳамчун раванди ҳастии дастаҷамъии одамон медонад ва ташкилавӣ, ки дар доираи ташкилаи низомноки ниҳодӣ барқарории робитаи устувори байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро таъкид менамояд, ташаккул меёбад. Ин тарзи баррасиҳо аз ҷомеа имконият медиҳад, ки моҳияти куллан иҷтимоии ҳастии ҷамъият, ки мо онро қаблан бо мафҳуми «сотсиум» ишора намуда будем, на дар шакли сирф таҷридӣ, абстрактӣ, балки дар заминаи тарзи мавҷудияти воқеиии ҷомеаи таърихӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад. Ин гуна таҳлилу баррасиҳо аз ҳастии ҷомеа дар заминаи таҳлили системавӣ ба амал меояд ва он дарки муайянии сифатию хусусиятҳои аз падидаҳои дигари олам фарқкунандаи ҷамъиятро муяссар мегардонад.

Барои дарки вижагии зоҳиршавии ин хусусияту сифатҳои ҷомеа дар масири таърих кашфи асосҳои моддии рушди он нақши барҷаста дорад. Маҳз ҳамин омил аз бисёр ҷиҳат боиси дар маркази андешаи фалсафӣ қарор додани заминаи гуногунии зоҳиршавии фаъолияти иҷтимоии инсон дар ҷомеаҳои мухталиф гашт. Ин дастовардро аслан бо вуҷуди доштани собиқаи пештарааш, масалан Ибни Халдун низ пешбурди истеҳсолоти модддиро зарурияти рушди ҷомеа меҳисобад, мансуб ба таълимоти Карл Маркс медонанд. Зеро дар ин ҷо шохисҳои санҷидашавандаи рушди ҷомеа ва табақабандии онро дар ҷаҳорчуби инкишофи истеҳсолоти моддӣ ва дастрасии одамон ба неъматҳои ҷомеа пешниҳод шуда буд. Дар заминаи чунин андешарониҳо аз ҷомеа баъдан ҳавзаи мавзӯи омӯзиши фалсафаи иҷтимоӣ ва сотсиология мушаххас гардид. Яъне мавзӯи фалсафаи иҷтимоӣ агар иборат аз омӯзиши ҷомеа ба таври куллӣ ва вобастагиҳои дарунии зоҳиршавию такомули таърихии он бошад, пас сотсиология асосҳои мадании зоҳиршавии фаъолияти инсонро дар ҳавзаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамин тавр, фалсафаи иҷтимоӣ дар омӯзиши худ аз ҷомеа ба хусусияти таҷассуми қонунҳои фалсафӣ дар зиндагии иҷтимоии инсон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Равиши фалсафӣ дар омӯзиши сотсиологии ҷомеа низ нақши муҳим дорад. Худи пайдошавии ҷомеашиносӣ бар асари корбасти диалектикаи моддигаройӣ дар ҳавзаҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ ва кашфи заминаи моддии равандҳои таърихӣ имконпазир гардид. Таҳлили раванду робитаҳои истеҳсолӣ нишон доданд, ки ҷанбаҳои зиндагии башарият умумиятҳои наздик доранд ва бо такя аз ин бардошт минбаъд батадриҷ имконияти таҳти мафҳумҳои муштарак (ҷомеаи суннатӣ, ҷомеаи саноатӣ, синф, қишри иҷтимоӣ, давлат, миллат, форматсия в.ғ.) таҳлил намудани ҷомеаҳои мухталиф ба даст омад.


Дарки чомеа хамчун низоми ичтимои