Ҳикояҳои назмӣ (аз “Мантиқуттайр”и Аттор)

Модар

Модареро тифл дар об уфтод,
Ҷони модар дар тафту тоб уфтод.
Дар таҳйири тифл мезад дасту по,
Об бурдаш то ба нови осиё.
Хост шуд дар нов, ки он модар бидид,
Шуд ба пеши об, аз пас рафт расид.
Модараш дар даст ӯро баргирифт,
Шир додаш ҳолеву дар гирифт.

Қаҳтӣ дар Миср

Хест андар Миср қаҳтӣ ногаҳон,
Халқ мемурданду мегуфтанд «нон»!
Ҷумла раҳ ба раҳ ҳам мурда буд,
Ними зинда ним мурда хурда буд.
Аз қизо девонае чун он бидид,
Халқ мемурданду наомад нон падид.
Гуфт: «Эй дорандаи дунёву дин,
Чун надодӣ ризқ, камтар офарин!»
Ҳар кӣ ӯ густохи он даргоҳ шавад,
Узр хоҳад боз чун огоҳ шавад.
Гар кажӣ гуяд ба-дин даргоҳ на рост,
Узри он бояд ба ширинӣ бихост.
Ҳарчи аз девона ояд дар вуҷуд,
Узр фармоянд аз девони ҷуд.

Товони хар

Буд дар Корез бесармояе,
Орият хоста хар аз ҳамсояе.
Рафт суи осиёву хуш бихуфт,
Чун бихуфт он мард, ҳоли хар бирӯфт.
Гург он харро бидриду бихвард,
Рӯзи дигар товон хост он мард.
Ҳар ду тан омаданд аз роҳ давон,
То ба назди мири Корез он замон.
Қиссаро пеши мир баргуфт рост,
З-ӯ пурсиданд: «К-ин товон кирост?»
Мир гуфто: «Ҳар кӣ гурги яктана,
Сар диҳад дар дашту саҳро гурусна.
Бешак ин товон бар ӯ бошад дуруст,
Ҳар дуро товон аз ӯ боист ҷуст».

Хикояхои назми (аз “Мантикуттайр”-и Аттори Нишопури), Хикоя дар бораи Модар, Кахти дар Миср, Эчодиёти Аттори Нишопури.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣБайтҳои панду ахлоқӣ аз Аттор
БаъдӣИброҳими Адҳам (ҳикоя аз «Тазкират-ул-авлиё»)