Гуногунии олами ҳайвонот

Дар кураи Замин (об, хушкӣ, хок, ҳаво) ҷойе нест, ки ин ё он намуди ҳайвонот мавҷуд набошанд. Ҳоло дар дунё тақрибан 2 млн намуди ҳайвонот маълуманд. Шумораи намудҳо дар ҳар як гурӯҳи ҳайвонот фарқ мекунад. Аз ҳама намуди бисёр дар гурӯҳи ҳашарот (малахҳо, шапалакҳо, гамбускҳо, магасҳо ва ғайраҳо) буда, онҳо зиёда аз 1 млн намуд доранд. Дар ҷойи дуюм аз ҷиҳати шумораи намуд нармбаданҳо меистанд, ки 113 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Намудҳои боқимондаро кирмҳо, моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, парандаҳо ва ширхӯрон ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ҳайвонот аз ҷиҳати андоза ва шакли бадан гуногунанд (расми 4). Масалан, дарозии бадани кити кабуд 30-33 м буда, вазнаш 150 тонна аст, вале дар табиат ҳайвоноте вуҷуд доранд, ки онҳоро  фақат  ба  воситаи  асбобҳои  заррабин (микроскоп) дидан мумкин аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама
Расми 4. Андозаи муқоисавии бадани ҳайвонот

Шакли бадани ҳайвонот низ гуногун аст: чатршакл (медузаҳо), ситорамонанд (ситораи баҳрӣ), дарозрӯя (кирмҳо, бисёрпойҳо, морҳо) ва ғайра (расми 5).

Расми 5. Шаклҳои гуногуни бадани ҳайвонот

Қисмҳои бадан, рӯйпӯш, пой ва узвҳои ҳис дар ҳайвонот гуногунанд. Масалан, пӯсти кирми лойхӯрак луч аст, вале пӯшиши бадани гамбӯскҳо сахт аст, чунки дар таркибаш моддаи махсуси органикӣ – хитин дорад. Пӯсти моҳиҳо бо пулакчаҳои тағоякиву устухонӣ, пӯсти морҳо бо пулакчаҳои шохин, паранда бо пар, ширхӯрон бо мӯй пӯшида шудааст.

Узви ҳаракати ҳайвонот гуногун буда, онҳо тавассути пой, бол, қаноти шиноварӣ ва ғайра ҳаракат мекунанд. Миқдори узвҳои ҳаракати онҳо гуногунанд. Масалан, саг, калтакалос, қурбоққа тавассути ду ҷуфт пой, ҳашарот тавассути 3 ҷуфт, харчанг тавассути 5 ҷуфт, бисёрпойҳо бошанд, ба воситаи зиёда аз даҳ ҷуфт пой ҳаракат мекунанд. Гурӯҳи дигари ҳайвонот узви ҳаракат надоранд, масалан, коралаҳои полипӣ дар зери об ба ягон ашё часпида, беҳаракат зинадагӣ мекунанд ё хеле суст ҳаракат мекунанд. Кирми лойхӯрак тавассути дарозу кӯтоҳшавии мушакҳои бадан, яъне ҳангоми кашиш хӯрдани мушакҳои бадан ҳаракат мекунад. Дар ҳайвоноти камҳаракат, одатан, узвҳои ҳис чандон тараққӣ накардааст.

Ҳайвонот на фақат бо намуди зоҳирӣ, балки бо сохти узвҳои дарунӣ ва рафторашон низ аз ҳам фарқ мекунанд.

Таносуби бадани ҳайвонот. Дар гамбӯскҳо, харчанги дарёӣ, қурбоққа, саг ва ғайраҳо узвҳо дар тарафи чап ва рости бадан баробар ҷойгир шудаанд. Масалан, гамбӯск як ҷуфт чашм, як ҷуфт мӯйлаб, ду ҷуфт бол, се ҷуфт пой дорад. Агар аз бадани ин гуна ҳайвонот як хати ростро ба дарозии баданашон гузаронем, узвҳои бадан ба ду қисми баробар ҷудо мешаванд. Ҳайвонҳоеро, ки узвҳои ҷуфт доранд ва онҳо дар ду тарафи бадан баробар ҷойгир шудаанд, ҳайвоноти таносуби баданашон дутарафа меноманд (расми 6).

Расми 6. Ҳайвонҳои таносуби баданашон дутарафа ва шуоъшакл

Ҳамаи ҳайвонҳое, ки фаъолона ҳаракат мекунанд, таносуби баданашон дутарафа аст. Дар ду тарафи бадан баробар ҷойгир шудани узвҳо ба ҳайвон имконият  медиҳад, ки мувозинати баданро баробар нигоҳ дошта, рост ҳаракат кунад ва ба осонӣ ба тарафи чап ва рост нигоҳ кунад. Дар ҳайвонҳои таносуби баданашон дутарафа даҳон, узвҳои ҳис, узвҳои муҳофизат ва ҳуҷум дар қисми пеши бадан ҷойгир шудаанд. Махсус будани пеши бадан ба он вобаста аст, ки дар ҳайвоноте, ки фаъолона ҳаракат мекунанд, маҳз тавассути қисми пеши бадан ба душман, сайд ва дигар ҷисмҳои сари роҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар раванди дуру дарози инкишофи олами ҳайвонот дар табиат ҳамон намудҳое боқӣ мондаанд, ки қисми пеши бадани онҳо хубтар ҳис мекард ва узвҳои нағз тараққикардаи муҳофизат ва ҳуҷум доштанд.

Ҳайвонҳое, ки суст ҳаракат мекунанд, шакли зиндагии нишастагиро мегузаронанд ва фаъолияти ҳаётгузарониашон суст аст. Таносуби баданашон дигар буда, онҳо дар намуди зоҳирӣ ба гул, рустанӣ, саққо ва чатр монанданд. Аз бадани ин гуна ҳайвон агар якчанд хати симметрӣ гузаронем, бадани он ба ду қисми баробар тақсим мешавад (ба расми 6 нигаред). Ин гуна таносубро таносуби шуоъшакл ё нурӣ меноманд. Ба ин гуна ҳайвонот аз ҳар тарафи бадан таъсири муҳити беруна баробар мерасад.

Зоология – илм дар бораи ҳайвонот


Саволҳо

  1. Барои чи сохти хайвонот дар руйи Замин ин кадар гуногун аст?
  2. Таносуби танаи хайвонот гуфта чиро мефахмед?
  3. Таносуби дутарафа ва шуоъшаклро бо мисолхо фахмонед.

Гуногунии олами хайвонот,  Намудхои хайвонот аз чихати андоза ва шакли бадан, Таносуби бадани хайвонот

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед