Бинокорӣ на меъморӣ (дар замони Темуриён)

Бинокори на меъмори (дар замони Темуриён). Темур ва Темуриён сохтмони биноҳоро беш аз пеш вусъат медоданд ва феодалони сарватманд дар ин кор ба онҳо тақлид ва пайравӣ менамуданд. Хусусан дар ду пойтахти давлати темурӣ Самарқанд ва Ҳирот бинокорӣ ба авҷи баланди худ расида буд. Дар асри XV бисёр шаҳрҳои дигар низ бо иморатҳои зебо ороста гардиданд.

Аз қасрҳои сершумори онвақаи Осиёи Миёна танҳо як қисмати пештоқи Оқсарои Шаҳрисабз, ки бо амри Темур бино сохта буд, маҳфуз мондааст. Биноҳои зебову муҳташам аз истеъдод ва маҳорати баланди ороишгарони он давра гувоҳӣ медиҳанд.

Бо фармони Темур яке аз хиёбонҳои Самарқанд ба бозорнои хурраму обод табдил дода шуда буд. Сафири Испа­ния Гонзалес де Клавихо, ки дар соли 1404 ба шаҳри Самарқанд омада буд, аз дидани сохтмони нотамоми ин бозор ба ваҷд омада, онро хеле таърифу тавсисф намудааст. Шоҳрух ҳам дар Ҳирот ҳамин гуна як бозоре сохт. Дар ду тарафи хиёбони чорсу, ки бозор воқеъ гардида буд, биноҳои дутабақаи дуконҳо сохта шуда, болои хиёбонро саросар гунбазҳои панҷаранок пушонида буданд.

Мадраса, масҷид ва мақбараҳои то замони мо расидаи он давра аз комёбиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашию биносозӣ ва ороишгарии меъморони асри XV гувоҳ медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Василаҳои ороишгарӣ хеле гуногун ва мукаммал буданд. Дар ин бобат аз комёбиҳои замони пеш ва навъовариҳои тозаи давраи Темур ва Темуриён истифода бурда мешуд.

Барои охири асри XIV ва ибтидои асри XV майли бо нақшу нигор тамоман фаро гирифтани деворҳо хос аст. Баъдтар усули чидани хиштро бештар ва ба таври васеъ исти­фода намуда, дар заминаи он аз хиштҳои сирдор катиба ва нақшҳои оддӣ месохтагӣ шуданд. Дар солҳои 1399-1404 дар Самарқанд масҷиди Бибихонум сохта шуд.

Ҳоло аз ин масҷид фақат як харобае боқӣ монда бошад ҳам, вай аз шукӯҳ ва азамати пешинаи он ба хубӣ шаҳодат медиҳад.

Мақбараҳои асри XV аз назаргоҳи меъморӣ гуногуннавъ ва басо диққатангезанд. Мақбараи на чандон калон, вале аз ҷиҳати ороиш хеле зебои Шоҳи Зинда, мақбараҳои Руҳобод, Қутби Чаҳордаҳум, ниҳоят Гӯри Мир аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи темурӣ ба шумор мераванд. Аз ин миён Гӯри Мир, ки дар он Темур ва авлоди ӯ дафн шудаанд хеле диққатҷалбкунанда аст. Сохт ва тарҳи он бисёр оддист. Ороишоти даруни толори чаҳоргушаи тоқчаноки он бо салаботи мутантани худ касро дар ҳайрат мегузорад.

Бинои расадхонаи Улуғбек ки дар доманаи баландии Чупонатои Самарқанд сохта шудааст, аз нодиртарин ёдгориҳо ба шумор меравад. Аз ин бино фақат як теппача ва тудаи партовҳои сохтмон боқӣ мондаасту бас. Аммо бо кӯшиши бостоншиносон тарҳи табақаи поини таҳкурсии иморат маълум шуд. Муқаррар гардид, ки бино мудаввар буда, 30 метр баландӣ доштааст ва тавассути чубҳои кандакорӣ, сафолҳои сирдори нақшин ва сангҳои мармар ороиш ёфтааст. Ғайр аз ин аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум мешавад, ки расадхона се ошёна доштааст. Бақияҳои олоти асосии расадхона асбоби дуқушаи зовиясанҷ, ки барои мушоҳидаи офтоб, моҳ ва зимнан дигар сайёраҳо кор фармуда мешуд маҳфуз мондааст.

Аз бинокориҳои Ҳироти асри XV хусусан маҷмӯи иморати Мусалло, ки аз масҷид, Мадраса ва мақбара иборат аст шоёни таваҷҷӯҳ мебошад. Ҳоло аз ин ёдгории меъморӣ қисмати хеле каме боқӣ мондааст. Манораҳои сеҷузъаи бисёр мавзун ва мақбараи хеле ҷолиби Гавҳаршод, ки яке аз гушаҳои мадрасаро ишғол намуда, қисми таркибии он ба шумор мерафт, аз ҳашамат ва азамати он гувоҳи медиҳанд.

Таърихи сиёсӣ (дар давраи Темуриён)

ҚаблӣАндешахои Абуабдуллохи Рудаки
БаъдӣСанъати наккоши ва минётури (дар давраи Темуриён)