Андешахои Абуабдуллохи Рудаки

Андешаи Шоир Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Дар шеъри Рӯдакӣ ғайр аз баёни ҳол ва мадҳ, ки бо намунаҳои онҳо шинос шудем, мавзӯъҳои панду ҳикмат, вазъи замон, ишқ, май, табиат ва ҳаҷв асосӣ мебошад. Шоир омӯхтан аз гузашти рӯзгор, баҳра бардоштан аз таҷрибаи онро баҳри дафъи ҳама гуна ҳодиса маслиҳат медиҳад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар кӣ номӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ номӯзад зи ҳеч омӯзгор.

***

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ӯ ба ҷаҳон на бо чашми сар, балки бо чашми хирад нигаристанро таъкид мекунад ва мегӯяд, ки ин дунё мисли дарёи бузургест, барои гузаштан аз он аз накукорӣ киштие бояд сохт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад.
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ

Рӯдакӣ барои ба чашми хирад нигаристан ба олам бохирад будан, дониш омӯхтан, фарҳанг омӯхтанро шарти аслӣ мешуморад. Ӯ донишро ба чароғи равшане, ки роҳро равшан мекунад ва ҳам ба ҷавшане, ки тани одамро аз ҳама бадиҳо нигаҳ медорад, монанд кардааст.

Рӯдакӣ ба он бовар дорад, ки дар зиндагӣ барои фарзанди инсон ғайр аз донишу хирад ҳамчунин “тани дурусту хӯи неку номи нек” зарур мебошад, зеро ҳар он кӣ Эзад ин чаҳор хислатро ба ӯ додааст, ”шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад”:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.

Шоир бар нафси худ амир будан, бар кӯру кар нукта нагирифтан, дасти фитодае гирифтанро аз хӯи неки инсонӣ медонад ва номи онро “мардӣ” гуфтааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Рӯдакӣ мардумро ба дӯст будан даъват менамояд ва беҳтарин суханҳоро дар ҳаққи дӯстон сурудааст. Вай бартар аз дидори дӯст набудани шодии дигаре ва талхие талхтар аз фироқи дӯсти пурҳунарро дар ҷаҳон таъкид менамояд:

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Ин байт ва бисёре аз байтҳое, ки ба сифати панду ҳикматҳои Рӯдакӣ иқтибос шудаанд, аз маснавии “Калила ва Димна”–и ӯ мебошанд.

Рӯдакӣ бо гуфтани панду ҳикмат ва маснавиҳои ахлоқие, мисли “Калила ва Димна” суннати пандноманависиҳои адабиёти қадимро давом додааст.

Дар шеъри Рӯдакӣ ба ҷуз мадҳ ва панд мавзӯи дигаре, ки мақоми асосиро дорост, ишқ мебошад ва дар ғазал, қитъа ва рубоиҳои ӯ бозтоби густарда дорад. Муҳтавои ишқияҳои шоирро васфи ҷамоли зебои ёр ва шарҳи сангиндилию бемурувватӣ ва бевафоиҳои он, вафои ошиқ ташкил медиҳад.

Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.

***

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!

***

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.

Он чаҳорчӯбе, ки Рӯдакӣ дар ишқиясароӣ муайян намуда буд, дар адабиёти форсии тоҷикӣ асрҳои аср давом кард. Ишқ дар тафсири Рӯдакӣ ва шоирони ишқиясарои порсигӯ баёни ғаму дарди ишқ аз ҷудоӣ, бемурувватӣ ва сангиндилии ёри зебо мебошад.

Инчунин хонед:

Дилам бар Рудаки сузад (шеъри Гулназар Келди)

 

ҚаблӣТаърихи сиёсӣ (дар давраи Темуриён)
БаъдӣБинокорӣ на меъморӣ (дар замони Темуриён)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед