Мусулмонон! Зи дур ояд садое,
Садои ҷонгудозе, ғамфизое.
Надонам, куҷо шабхун зада гypг,
Вале донам, ки нолад ошное.

Ятиме, дардманде, бенавое,
Баровард аз дили саҳро садое:
«Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед,
Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷойе».
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ,
Чун боди баҳор ҷонфазо меоӣ.
Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор,
Чун хона хароб шуд, куҷо меоӣ?
Ин кинаварон боз бо найранги дигар,
Доранд фари фитна бо оҳанги дигар.
Фарёд, ки ин шуъбадабозон ҳар рӯз,
Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.
Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам!
Ай ғарқаи хуну ашк, танҳо Ватанам!
Ман ҷуз ту дигар ном наёрам бар лаб,
Ай во Ватанам, во Ватанам, во Ватанам.
- Дигар эҷодиёти Халилуллоҳ Халилӣ
- Зиндагиномаи Халилуллоҳ Халилӣ
Дубайтию рубоиёт аз Халилуллох Халили, эчодиёти Халили, бо забони точики.