Хурусчанг (Навруз) – Шеър барои бачагон

Хурӯсҷанг, шеъри бачагона, шеъри кудакона Хурусчанг шеър >>

Ба ҷашни Наврӯз,
Ҷӯраам Беҳрӯз,

Барои набард,
Хурӯсаш овард.

Хурӯси куланг,
Чун бабру паланг,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷасуру тезчанг,
Омодаи ҷанг.

Дар саҳни майдон,
Мисли паҳлавон,

Гарданаш ёзонд,
Болу пар афшонд.

Бо ҷаҳлу ситез,
Карда ҷасту хез,

Дар зӯрозмоӣ
Бо тавоноӣ,

Размид чун уқоб,
Наоварда тоб,

Хурӯси Матлуб,
Бигардид мағлуб.

Хурӯси Диёр
Ҳам бинмуд фирор.

Мо аз ин бозӣ
Мамнуну розӣ,

Рӯҳбаландона,
Рафтем ба хона.

Нормаҳмат Набизода

ҚаблӣМуносибати давлат бо дини масеҳӣ, қонунигардонӣ ва масеҳият
БаъдӣҚитъа дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва вижагиҳои он