Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар рустаниҳо

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддаҳои маъданиро рустанӣ аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад. Вай метавонад дар шакли маҳлули хокӣ, ки намакҳои маъдании дар об ҳалшаванда дорад, дастраси рустаниҳо гардад. Минбаъд дар рустанӣ ба маҳлули ин моддаҳо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Барои ба ин савол ҷавоб додан, мебояд ба сохти дарунии реша шинос шавем.

Агар аз қитъаи (ҷузъи) ҷаббиши реша пардаи тунукеро кӯндаланг бурида гирем ва дар зери микроскоп аз назар гузаронем, мебинем, ки решаро қабати махсуси ҳуҷайраҳо пӯшидааст: баъзе ҳуҷайраҳо баромадҳои дароз дошта, онҳо аз реша ба ҳар тараф рафтаанд. Инҳо (37) мӯякрешаҳоянд.   Мӯякрешаҳо пардаи тунуки луобӣ ва вакуолаи калони марказӣ доранд. Дарозии мӯякрешаҳо аз 0,1 то 1,5 мм мерасад. Дар баъзе рустаниҳо, масалан, гандум мӯякрешаҳо то 8-9 мм дарозӣ дорад. Миқдори мӯякрешаҳо дар рустаниҳо ниҳоят зиёд аст. Масалан, дар 1 мм2 сатҳи ҷаббандаи решаи гандум аз 50 то 100 адад мӯякрешаҳо вомехӯранд.

Расми 37. Буриши кӯндаланг дар ҷузъи ҷаббиши реша

Дар зери бофтаи пӯшиши тунук, ки дар онҳо мӯякрешаҳо мавҷуданд, ҳуҷайраҳои пӯстлох ҷой гирифтаанд. Онҳо     шаклу андозаҳои гуногун доранд. Дар маркази пардачаи кӯндаланг буридаамон бошад, сӯрохиҳои мудаввар намудоранд. Инҳо рагҳоянд, яъне ҳуҷайраҳои дарози лифофаашон ғафсу дарунхолианд. Рагҳо қад-қади реша то миёнҷояш тӯл кашида, ба пояи рустаниҳо рафта мерасанд. Тавассути       рагҳо обу моддаҳои маъдании ба мӯякрешаҳо дохилгардида то пояи рустаниҳо оварда мешаванд. Ҳар кадом раг аз якчанд ҳуҷайраҳои мурда иборат буда, онҳо найчаи дарози дарунхолиро ба вуҷуд меоваранд ва ҷилди мустаҳками чӯбшуда доранд. Ин ҳуҷайраҳо болои ҳам, нисбат ба тири реша мутавозӣ ҷойгиранд. Моддаҳои зиндаи ин ҳуҷайраҳо вайрон гашта, фақат лифофаи онҳо, ки девори кӯндаланг надорад, боқӣ мондааст.

Об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз ҳуҷайраҳои мӯякрешадор ба ҳуҷайраҳои пӯстлохи реша заҳида (макида шуда) мегузаранд ва аз он ҷо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар гузашта, ба рагҳо дохил мешаванд ва тавассути онҳо ба поя ва бо раги поя (бофтаҳои гузаронандаи поя) то ба баргҳои рустанӣ, яъне қисми рӯйизаминии он ҳаракат мекунанд.

Рагҳои решаи баъзе рустаниҳо калон буда, онҳоро бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Сӯрохии рагҳои ин гуна рустаниҳо нисбатан калон мешаванд. Масалан, андозаи (қутри) рагҳои решаи дарахти забони гунҷишк (шунг) қариб 1-3 мм буда, решаи каду бошад, аз ин ҳам зиёд аст.


Харакати об ва моддахои маъдани дар рустанихо растанихо

Сохти ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)

ҚаблӣБренд чист?
БаъдӣНурӣ. Нуриҳои органикӣ ва маъданӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед