«Андарзнома»-и Бузургмехри Бухтагон – вазири шоҳи сосонӣ Хусрави 1 (531-579) маъруф ба Хусрави Анӯшервон бештар бо номи «Ёдгори Бузургмеҳр» ёд мешавад. Бинобар ривояти «Шоҳнома», Бузургмехр дар овони кӯдакӣ аз Марв ба дарбори Хусрави Анӯшервон оварда шудааст. Баъдан ӯ ҳамчун шахсияти дар хирад болову дар дониш тавоно шуҳрат ёфтааст. Кушодани рамзи шатранҷ ва рамзи ҳар яке аз донаҳои он ва ҳам ихтирои нардро ба ӯ нисбат медиҳанд. Пасон аз ӯ бештар бо номи Бузургмеҳри Ҳаким зикр кардаанд.
«Ёдгори Бузургмеҳр» дар шакли пурсишу посух танзим гардида, бо зикри он оғоз мегардад, ки Бузургмеҳри Бухтагон – сарпарасти ҳарами шаҳрёри неруманд Хусрав ва сарвари дарбор бо фармони шоҳаншоҳ Хусрав онро навиштааст, то китоби хубе бошад барои онон, ки аз Яздон офарида шудаанд.
Муаллиф сипас аз он ёдовар мешавад, ки чун чизи гетӣ ҳама гузарону табоҳпазир ва дар гардиш аст, чунонки на дертар дар замони сад сол тан ба фарҷому шаҳрёрӣ ба нестӣ расад, дар замони сесад сол хонавода ба вайронӣ ва ном ба фаромӯшию аз ёд рафтан ва хонумону меҳан ба вайронию нопокӣ ва нажоду пайванд ба фурӯмондагию пушаймонӣ, кӯшиш ба бебарорӣ ва ранҷу кӯшиш ба тиҳигӣ ва подшоҳӣ ба шаҳрёрони замон расад, чизе ки зинда бипояд ва вайрон нашавад, ашӯӣ (росткирдорӣ) ва кори нек мебошад, ки ҳеч кас рабудан натавонад, сухане чанд барои шукӯҳи гетӣ дар ин ёдгор навиштам.
Бахши асосии матни «Ёдгори Бузургмеҳр» аз пурсишу посух иборат аст. Ҳамчун намуна чанде аз он пандҳоро меорем:
Некӣ чисту бадӣ чист?
– Некӣ пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва бадӣ пиндо-ри бад, гуфтори бад ва кирдори бад.
Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек чист ва пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад чист?
– Пиндори нек паймон дар андеша, гуфтори нек родӣ ва кир-дори нек ростӣ. Пиндори бад фирефторӣ дар андеша, гуфтори бад пастӣ ва кирдори бад дурӯғгӯӣ.
Паймон дар андеша чист, родӣ чист, ростӣ чист? Ва фирефторӣ дар андеша чист, пастӣ чист, дурӯғгӯӣ чист?
– Паймон дар андеша ин, ки кас моли ҷаҳон гузарон бинад ва ком ба он чиз барад, ки тани ӯ ба каффораи (товони) гуноҳ ва равонаш ба дӯзах нарасад. Родӣ ин ки кас сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо накунад. Ростӣ ин, ки ба равони хеш рост ва бефирефтор бувад. Фирефторӣ дар андеша ин, ки кас гетиро нопойдор ва менуро ҷовидон донад ва маром бар он чиз барад, ки анҷом вайронии тан ва каффораи гуноҳ ва кайфар ба равонаш бувад. Пастӣ ин ки кас сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо дорад. Дурӯғгӯӣ ин ки кас танро ба мароми равон ба фиреб дорад.
Соҳиби «Ёдгори Бузургмеҳр» дар посух ба пурсиши он ки «Девон кистанд ва чанд тананд?» гуфтааст: «Озу ниёз, хашму рашк, нангу шаҳват, кин, танбалӣ ва деви аҳламуғӣ (бадоинӣ) ва туҳмат».
Ҳамчун намуна чанд пурсишу посухи дигаре ҳам аз «Ёдгори Бузургмеҳр»:
Ба мардумон чӣ ҳунар беҳтар?
– Доноӣ ва хирад.
Аз ин кадом беҳтар?
– Он ки хештан бебимтару бегуноҳтар ва беранҷтар тавонад будан.
Барои мардумон хирад беҳ ё дониш?
– Хирад барои шинохтани кор ва дониш барои писандидани кор.
Кадом гуҳар беҳ?
– Фурӯтанию чарбзабонӣ.
Чӣ хӯ беҳ?
– Хештандорию оштихоҳӣ.
Чӣ оин беҳ?
– Некӣ..
Кадом душман ситамгартар?
– Кирдори бад.
Чизе, ки ба мардумон расад, аз бахт бувад ё аз куниш (кор)? – Бахту куниш бо ҳам монанданд, чунонки тану ҷон.
Шакли пурсишу посухи кӯтоҳро барои баёни пандҳои хеш интихоб кардани Бузургмеҳри Ҳаким тасодуфӣ набуда, аз содиқ будани ӯ ба суннатҳои адабии гузашта гувоҳӣ медиҳад. Ва он барои дар хотир гирифтани пандҳои ӯ ёрӣ мерасонад. Ба ҳамин сабаб аст, ки пас аз чандин садсола низ мардуми мо ба осонӣ аз Бузургмеҳри Ҳаким иқтибос мекунанд ва суханонашонро бо он зеб медиҳанд.
Бузургмехр ки буд, маълумот дар бораи бухургмехри хаким, Андарзномаи Бузургмехр