Талмех (талмеҳ дар адабиёт)

Маънои луғавии талмеҳ ба гӯшаи чашм ишора кардан, нигоҳи сабук намудан ба сӯйи чизе мебошад. Ҳамчун истилоҳ он санъати бадеии маънавиеро гӯянд, ки адиб дар зимни каломи манзум ё мансури худ ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо, ба қаҳрамонон ва шахсиятҳои таърихӣ, асотирӣ, ба шеъри нодири машҳур ё масали машҳур, ё оят ва ҳадиси маъруф ишора намояд.

адабиёти точик

Монанди рубоии зери Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Юсуфрӯе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам.

Дар ин рубоӣ ишора ба баъзе аз лаҳзаҳои қиссаи Юсуф ва Зулайхо меравад. Аз ҷумла ишора ба он ки занони мисриён аз ҳайрати ҷамоли зебои Юсуф ба ҷойи мева дасти худро мебуриданд.  Мисоли дигар. Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,
Шарме аз мазлимаи хуни Сивушаш бод.

Ин ҷо ишора ба достони Сиёвуш аст, ки паноҳанда ба назди Афросиёб – подшоҳи Тӯронзамин шуд ва ӯро бегуноҳ куштанд ва эрониён ба саркардагии Рустам интиқоми сахте аз тӯрониён гирифтанд.

Аз санъати талмеҳ шоирони гузашта зиёд истифода кардаанд, аз он ҷумла Хоқонии Шарвонӣ. Ӯ ин санъати шеъриро ба дараҷае фаровон истеъмол намудааст, ки баъзе аз шеърҳояш гумон меравад, ки маҷмӯаи талмеҳҳо мебошад. Чунончи, чанд байте аз як қасидаи шоир, ки дар он силсилаи талмеҳҳо ба кор бурда шудааст ва ишора ба замони Сосониён, шоҳони сосонӣ ва хонадони онҳоро дар худ доранд:

Маст аст замин, зеро хӯрдаст ба ҷойи май
Дар коси сари Ҳурмуз хуни дили Нӯширвон…
Кисрову турунҷи зар, Парвизу биҳи заррин,
Бар бод шуда яксар, бар хок шуда яксон…
Хуни дили Ширин аст он май, ки диҳад разбун,
З-обу гили Парвиз аст ин хум, ки ниҳад деҳқон.

Шоирон ва нависандагон аз санъати талмеҳ барои гунҷонидани маънии бисёр дар лафзи андак, барҷастагӣ ва расоии маънӣ истифода кардаанд. Ишора ба ҳодисаҳо ва шахсиятҳои маъруфу машҳур адибонро аз тафсиру такрори маънӣ бозмедорад. Барои мисол, дар байти зерин аз як ғазали Ҳофиз, ки дар он санъати талмеҳ вуҷуд дорад, омадааст, ки:

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт, 
Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.

Ин ҷо ишора ба қиссаи тӯлонии аз биҳишт ронда шудани ҳазрати Одам рафтааст.

 Талмеҳ ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар адабиёти мардуми дунё густариш ва корбурди фавқулодае дорад.

Ташбеҳ (дар адабиёт)

ҚаблӣБузургмехри хаким ва Андарзномаи у
БаъдӣЁдгори Зарирон