Корномаи Ардашери Бобакон

Корномаи Ардашери Бобакон” дар асл навиштаи аҳди сосонӣ буда, замони китобати онро асри VI мелодӣ, ба давраи подшоҳии Хусрави Анӯшервон тахмин мекунанд. Ҳамчунин тахмин меравад, ки матни кунунии “Корнома” шакли мухтасар ва таҳрирхӯрдаи нусхаи комили асри V мелодӣ мебошад, ки ба забони форсии миёна ва ба хати паҳлавӣ нигошта шуда будааст.

 

“Корнома” яке аз сарчашмаҳои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ба шумор меравад. Устоди Тӯсӣ онро аз тариқи матни “Худойнома” истифода бурдааст.

Дар “Корнома” таърихи подшоҳии нахустин шоҳи сосонӣ Ардашери 1 (224-241), пирӯзии вай бар Ардавони V (213-224 ) – охирин шоҳи Ашкониён ва дигар шаҳрёрони Эроншоҳ, муттаҳид сохтани кишвар ба як шоҳаншоҳии бузург, парвариши Ардашер, набардҳо ва пирӯзиҳои вай бар душманон, таваллуди Шопури 1 (241-272), Ҳурмузди 1 (272-273) ва дигар лаҳзаҳои зиндагии онон баён гардидааст.

“Корнома” асари таърихӣ аст. Вале чун моли Давраи қадим хусусияти синкретӣ дошта, якҷо бо афсонаву ривояту достонҳо устураҳои он замон мебошад, аз ин рӯ намунае аз тафаккури бадеӣ, адабиёти бадеии он замонҳо низ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки пажӯҳишгарон “Корнома”-ро натиҷаи омезиши таърихи воқеии Ардашер ва афсонаҳои рӯзгори бостон дар мавриди подшоҳии Куруш донистаанд.

Ба хотири арзиши бузурги забонӣ доштани “Корнома” тарҷумонҳо ҳангоми баргардони он аз паҳлавӣ ба забони форсии тоҷикӣ кӯшиш намудаанд, ки вижагиҳои забони форсии миёна – паҳлавиро нигаҳ доранд. Барои мисол, дар матни он асли калимаву мафҳумҳое ба мушоҳида мерасанд, ки имрӯз бештар муродифҳои арабӣ ва туркияшон маъмул шудаанд, монанди обзан ба ҷойи ҳаммом, обистан – ҳомила, сутургоҳ – оғил, ҳафтон – ҳафт сайёра, Дувоздаҳон – Бурҷи дувоздаҳгона, Ҳурмузд – Муштарӣ, Баҳром – Миррих, Аноҳид – Ноҳид, Зуҳра, Ҳафтавранг – Дубби Акбар, Шерахтар – Асад, сутурбон – галабон, Кайвон – Зуҳал, Тир – Уторуд, ғунд – даста, фармонбурдор – фармонбардор, сутӯҳида – мағлуб, юнҷа – юнучқа, ҳампиндор – ҳамфикр, писту – талқон, андарзбад – насиҳатгар, пешгӯёну ғайбгӯён – фолбинон ва ғ.

“Корнома” бо сабк, устураҳо, гиреҳбандию гиреҳкушоиҳо ва шахсиятҳояш мисли як афсонаест.

Бобак – марзбону шаҳрёри Порс ва гумоштаи Ардавон шабе хоб мебинад, ки чӣ гуна хуршед аз сари Сосон – аз нажоди Дорои Дороён битобид ва ҳама ҷаҳон рӯшноӣ кард. Шаби дигар хобе дид, ки чӣ гуна Сосон ба пили оростаи сафеде нишаста ва ҳар кӣ дар кишваранд, пиромуни Сосон истода ва бад-ӯ намоз баранд ва ситоишу офариниш кунанд. Шаби севум низ хоб дид, ки чӣ гуна Оташи Фарнбай ва Гушнаспу Бурзинмеҳр ба хонаи Сосон ҳамеафрӯзанд ва рӯшноӣ ба ҳама ҷаҳон ҳамедиҳанд.

Бобак доноёну хобгузоронро ба пеш хост ва он хоб, ки ҳар се шаб дида буд, пеши эшон бозгуфт.

Хобгузорон гуфтанд, ки ӯ ё аз фарзандонаш касе ба подшоҳӣ расад, чи хуршеду пили оростаи сафед чирагию тавоноию пирӯзӣ ва Оташи Фарнбай диндонишии меҳмардону муғмардон ва Оташи Гушнасп артишдоранд, сипаҳбадон ва Оташи Бурзинмеҳр шубонону барзигарони ҷаҳонанд. Ва ҳама ин подшоҳӣ ба он мард ва ё фарзандони он мард расад.

Бобак Сосонро ба пеш хосту пурсидаш, ки ту аз кадом гавҳару нажодӣ. Сосон аз Бобак пуштибонию зинҳор хост ва рози хеш, чунонки буд, гуфт.

Бобак шод шуд ва духтари хеш ба занӣ додаш. Аз он духтар Ардашер бизод. Бобак чун танумандию чобукии Ардашер бидид, донист, ки он хоб, ки дида буд, рост будааст. Ва ӯ Ардашерро ба фарзандӣ пазируфт, гиромӣ дошту парваридаш. Чун Ардашер ба синни понздаҳсолагӣ расид, ба Ардавон огаҳӣ омад, ки Бобакро писарест ба фарҳангу аспсаворӣ варзидаву шоиста. Ва ӯ ба Бобак нома кард, ки мо шунидем, ки Шуморо писарест ба фарҳангу аспсаворӣ басе варзида. Орзуи мост, ки ӯро ба даргоҳи мо фиристӣ ва назди мо ояд, то бо фарзандону шоҳзодагон бошад ва ӯро ба фарҳанге, ки ҳасташ, подош фармоем.

Бобак чун аз он ки Ардавон комгортар буд, дигар чора кардан ва он фармон рад кардан натавонист.

Ардавон чун Ардашерро дид, шод шуд ва гиромӣ дошташ. Фармуд, ки ҳар рӯз бо фарзандону шоҳзодагони вай ба нахчиру чавгон шавад. Ардашер чунин кард.

Рӯзе Ардавон бо саворону Ардашер ба нахчир шуда буд. Гӯре дар дашт бигзашт ва Ардашеру писари меҳтари Ардавон аз паси гӯр битохтанд. Ардашер даррасид ва тире ба гӯр чунон зад, ки гӯр ба ҷой бимурд. Ардавону саворон расиданд ва чун ин заниш (зарба) бад-ин оин диданд, тааҷҷуб карданд. Пурсиданд, ки: “Инро кӣ кард?” Ардашер гуфт, ки: “Ман кардам”. Писари Ардавон гуфт, ки: “Не, ман кардам”. Ардашер хашм гирифт ва ӯ ба писари Ардавон гуфт, ки : “Ҳунару мардонагӣ ба ситамгарию бешармӣ ва дурӯғу бедодгарӣ ба хештан кардан натавон! Ин дашт накуст ва гӯр бисёр, ману ту дубора озмоиш кунем ва некуию далерию чобукӣ аз худ падид оварем”.

Ардавон аз ин тааҷҷуб кард ва пас аз он Ардашерро нагузошт ба асп нишинад. Ӯ Ардашерро ба охури сутурон фиристод ва фармуд, ки: “Нигар, то шабу рӯз аз наздики сутурон ба нахчиру чавгон ва фарҳангистон нашавӣ!” Ардашер донист, ки Ардавон ин аз рашку бадкомӣ гӯяд.

Ардавонро канизаке буд шоиста, ки ӯро аз дигар канизакон арҷмандтару гиромитар дошт ва ҳар парасторӣ, ки Ардавонро буд, он канизак мекард.

Чанд рӯзе Ардашер ба сутургоҳ нишаста, танбӯр мезад ва сурудхонию хуррамӣ мекард, ӯ Ардашерро дида шефта гашт. Пас аз он бо Ардашер дӯстӣ ва хушӣ мекард. Пайваста ҳар шаб чун Ардавони баргаштабахт мехуфт, он канизак пинҳонӣ ба назди Ардашер мешуд ва то наздики бомдод бо Ардашер мебуд ва пас боз пеши Ардавон меомад.

Рӯзе Ардавон доноёну ахтаршуморони дарборро ба пеш хонду пурсид, ки чӣ мебинед? Онҳо гуфтанд, ки солоре ё подшоҳе нав ба пайдоӣ ояд ва басе фармонравоёнро бикушаду ҷаҳон боз ба шоҳии ягона оварад. Ҳар марди бандае, ки аз имрӯз то се рӯз аз назди худованди хеш бигрезад, ба бузургию подшоҳӣ расад ва бар худованди хеш комрону пирӯзгар бувад.

Канизак он сухан, ки ба Ардавон гуфтанд, шаб чун назди Ардашер омад, бозгуфт. Ардашер чун он сухан бишнид, аз он ҷой андеша ба гурехтан ниҳод. Ӯ ба канизак гуфт, ки агар туро андеша бо ман росту ягона аст, омода бош, биравем, то ҷаҳон бигирем. Шаб чун Ардавон хуфта буд, канизак аз ганҷи Ардавон шамшери ҳиндию зини заррин ва камарбанде бо нишони сари меш ва кулоҳи заррину ҷоми заррин бо басе гуҳару дираму динор ва ҷавшану зинафзори оростаи бисёр ва басе чизҳои дигар ситонду ба пеши Ардашер овард.

Ардашер ду асп аз борагони Ардавонро, ки рӯзе ҳафтод фарсанг мерафтанд, зин кард, ба яке худ ва бар дигар канизак нишаст ва роҳ ба Порс гирифту ба шитоб ҳамерафт.

Чун рӯз шуд, Ардавон канизро хост, лек канизак дар ҷой набуд. Сутурбон омад ва ба Ардавон гуфт, ки Ардашер бо ду аспи шумо дар ҷой нест. Ардавон донист, ки канизаки ӯ бо Ардашер гурехтааст. Ӯ ахтаршуморони солорро бихост. Онҳо ба Ардавон гуфтанд, ки Ардашер гурехта ва ӯро рӯй ба сӯйи Порс аст. Агар то се рӯз гирифтан нашояд, пас аз он гирифтан натавон.

Ардавон дарҳол сипоҳе чаҳор ҳазор биорост ва роҳ ба Порс пайи Ардашер гирифт. Чун ба ҷое омад, аз мардуми он пурсид, ки: “Он ду савор чӣ гоҳ бигзаштанд?” Эшон гуфтанд, ки: “Нимрӯз буд, чун боди бузург ҳамерафтанд ва ҳамвора бо эшон баррае низ мерафт”. Ардавон тааҷҷуб кард ва гуфт, ки: “Нигар! Савори дугонаро донем, аммо он барра чӣ шояд будан?” Ва ӯ аз дастур пурсид. Дастур гуфт, ки: “Он фарри подшоҳист, ки ҳанӯз ба ӯ нарасида. Ба зуд савор шавем ва шояд пеш аз он ки он фарр бад-ӯ расад, битавонем гирифтан”. Ардавон бо саворон зуд бишитофт.

Рӯзи дигар ҳафтод фарсанг рафтанд ва ононро гурӯҳи корвоне пеш омад. Ардавон аз эшон пурсид, ки: “Он ду савораро дар куҷо диданд?” Эшон гуфтанд, ки: “Миёни онону шумо бисту як фарсанг замин аст. Моро чунин намуд, ки бо яке аз он саворон баррае бас бузургу чобук ба асп нишаста буд”. Ардавон аз дастур пурсид, ки: “Он барра бо ӯ ба асп чиро намояд?”. Дастур гуфт: “Ҷовидон бодо! Ба Ардашер фарри каён расид ва ба ҳеч чора ӯро гирифтан натавон. Пас, хештану саворон ранҷ мадиҳед. Чораи Ардашер аз дигар роҳ бихоҳед”.

Он чораҳои дигари Ардавон фиристодани сипоҳу ғунд (даста) бо писари хеш ба Порс, ба гирифтани Ардашер буд. Вале он чораҳо коре накарданд, мардум ба Ардашер пайвастанд ва ӯ дар корзор бо Ардавон пирӯзӣ ёфт, духтари Ардавонро ба занӣ гирифт, Ардавонро бикушт, бо курдон, бо бошандагони Ҳафтубод корзор кард. Духтари Ардавон ба Ардашер бо исрори бародаронаш заҳр доданӣ мешавад, барор намегирад. Ардашер ӯро ба марг фармон медиҳад. Аммо аз фарзанд зодани ӯ Ардашер хабар надошт. Гумон дошт модараш ва ӯ мурдаанд.

Ардашер рӯзе ба нахчир шуд ва асп ба сӯйи гӯри мода ронд, гӯри нар ба теғи Ардашер омад ва гӯри модаро раҳо карду хештан ба марг супурд. Ардашер он гӯр бигзошту ба сӯйи бачаи гӯр афканд. Гӯри мода чун дид, ки савор асп ба бача афганд, омаду бачаро раҳо кард ва хештан ба марг супорид. Ардашер чун ин бидид, дар ҷой бимонд ва дилаш сӯхту асп бигардонд! Ба худ андешид, ки вой бар мардумон бод! Ин чаҳорпоёни гунг низ бо нодонию безабонии хеш бо ҳамдигар чунон меҳр баста, ки ҷони худ барои зану фарзанд супоранд. Ӯ он фарзандро, ки он зан дар шикам дошт, ба ёд овард ва ба пушти асп истоду ба бонги баланд бигирист. Мубадонмубаду эронсипаҳбад ва пуштбонони солору меҳтари дабирон ва андарзбади шоҳзодагон дар дарбор ба пеши Ардашер омаданд ва саҷда бурданду гуфтанд, ки «Ҷовидон бодо! Бад-ин ҳол хештан андуҳгин ва ранҷу ғам ба дил кардан мафармоед. Агар коре пеш омада, ки мардумон чора кардан натавонанд, моро огоҳ кун, то ҷону тан ва ганҷу дороию зану фарзанди хеш пеш дорем. Магар он газандест, ки чора кардан нашояд, хештан ва мо мардумони кишварро андуҳгин кардан мафармоед. Ардашер дар посух гуфт, ки: “Маро то кунун бадбахтие пеш наомада буд, ба ҷуз имрӯз, ки дар дашт аз чаҳорпойи гунгу ногӯёву нодон, ки худ бад-ин ҳол дидам, он зану он фарзандро бегуноҳ дар шиками модар то кунун дар ёд буд. Аз куштани онон дар андеша пушаймонам, ки ба ин ҷон гуноҳи гарон шояд буда бошад”.

Мубадонмубад чун дид, Ардашерро аз он кор ба пушаймонӣ омад, ба рӯй афтод ва гуфт, ки он зану фарзандро, ки шумо фармудед, то бикушам, ман накуштам. Ӯ писаре зод, ки аз ҳар навзоду фарзандони шоҳон некутару шоистатар. Ардашер гуфт, ки: “Чӣ мегӯйӣ!” Мубадонмубад гуфт, ки: “Ҷовидон бодо! Чунин аст, чунонки гуфтам”. Ардашер фармуд, то даҳони мубадонмубад пур аз ёқути сурху марвориди шоҳвору гуҳар кунанд.


Коранамоии Ардашери Бобакон, Корномаи Ардашер, маълумот дар бораи Ардашери Бобакон.

Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи тамаддуни ориёӣ

ҚаблӣАндарзи Озарбоди Мехроспандон
БаъдӣБузургмехри хаким ва Андарзномаи у

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед