Чашми танги дунёдор (ҳикоя)

Бозаргонеро1 дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи худ даровард. Ҳама шаб наёромид аз суханҳои парешон гуфтан: «Фалон анборам дар Туркистон аст ва фалон бизоат ба Ҳиндӯстон ва ин каболаи2 фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас зомин».

Гоҳ гуфтӣ:

-Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст.

Боз гуфтӣ:

-На, ки дарёи Мағриб (баҳри Миёназамин) мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст, агар он карда шавад, бақияи умри худ ба гушае бинишинам ва тарки тиҷорат кунам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гуфтам:

-Он кадом сафар аст?

Гуфт:

-Гугирди поруӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам қиммати азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам. Ва дебои румӣ ба Ҳинд. Ва фулоди ҳиндӣ ба Ҳалаб. Ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман. Ва бурди яманӣ ба Поре ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дуконе бинишинам.

Инсоф3, аз ин молиҳулиё (хаёлҳои хом) чандон фуру гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд. Сипас гуфт:

-Эй Саъдӣ, ту ҳам сухане бигуй, аз онҳо, ки дидаӣ ва шунидаӣ!

Гуфтам:

Он шунидастӣ, ки дар сайроӣ гyp,
Борсолоре4 бияфтод аз сутур5.
Гуфт: «Чашми танги дунёдорро,
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гур!»


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Бозаргон – савдогар, аҳли тиҷорат.
  2. Қабола – васиқа, хуҷҷате, ки ба соҳиби замин дода мешавад.
  3. Инсоф – ин ҷо ба маънои ба ростӣ, рости гап, ҳамин ки.
  4. Борсолор – соҳиби борҳои корвон.
  5. Сутур – хар, асп ва дигар чорвои саворӣ.
ҚаблӣҲикояҳо (аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ)
БаъдӣПанду андарз аз Саъдии Шерозӣ