Аҳамияти нармбаданҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Ахамияти нармбаданхо дар табиат ва хаёти инсон.


Нармбаданҳо ба силсилаи мухталифи хӯрокии биосеноз дохил мешаванд. Нармбаданҳои хушкигардро ғук, паранда, хазанда ва кӯрмуш мехӯранд. Нармбаданҳои обиро моҳиҳои гуногун, ситораи баҳрӣ ва дигар ҳайвоноти обӣ ҳамчун хӯрок истифода мебаранд. Калмарҳо, ҳаштпойҳо ва каракатсия хӯроки бисёр ҳайвонҳои баҳрӣ – моҳӣ, рамуз (тюлен), кашалот мебошанд.

Нармбаданҳои дутабақа (дупалла) дар биосенозҳои обӣ ҳамчун биофилтрҳо аҳамияти калон доранд. Масалан, як устритса дар як соат 10 л обро полоида, онро аз заррачаҳои пасмондаи органикӣ тоза мекунад.

Баъзе намуди нармбаданҳо хӯроки хуби серғизои инсон ва ҳайвонот мебошанд. Одамон аз давраҳои қадим мидия ва устритсаро дар хӯрок истифода мебаранд (расми 80).

Расми 80. Нармбаданҳои дупалла
Расми 80. Нармбаданҳои дупалла

Устритсаҳо дар баҳр дар чуқурии аз 1 то 7 метр зиндагӣ мекунанд. Мидия бошад, дар соҳилҳо сукунат дорад. Гӯшти калмар, ҳаштпо ва баъзе намудҳои дигари нармбаданҳо хӯроки инсон мебошад. Шикори онҳо дар Ҷопон, Чин ва Куриё хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Бедандонак ва перловитсаро баъзан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранд. Гӯшташонро барои хук, гӯшмоҳиашонро бошад, майда карда, ба хӯроки мурғ илова мекунанд.

Нармбаданҳои аҳамияти саноатӣ доштаро (мидия, устритса ва ғайраҳо) дар ҷойҳои махсус парвариш мекунанд.

Садафаки баҳрӣ аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар байни мантия ва гӯшмоҳии онҳо, дар болои заррачаи реги тавассути об даромада, қабати садаф ё марворид ҷамъ шуда, гавҳар пайдо мешавад. Садафи баҳрии гавҳардорро ёфтан хеле душвор аст. Баъзан садҳо гӯшмоҳии садафи баҳриро кушоед ҳам, ягон гавҳар ёфт намешавад. Дар баъзе мамлакатҳо, масалан, дар Ҷопон истеҳсоли марворид ба роҳ монда шудааст. Барои ин садафаки баҳриро дошта, дар байни мантия ва гӯшмоҳии кушодаи он асоси сунъии марворидро (заррачаи рег) дохил мекунанд. Сипас онҳоро дар тӯрхалта ҷой карда, ба қаъри баҳр мефуроранд. Баъди якчанд сол дар гӯшмоҳӣ марворид ҳосил мешавад. Бисёре аз нармбаданҳо барои инсон зарар ҳам доранд. Масалан, чуноне ки дар боло гуфтем кирми киштӣ дар иншоотҳои чӯбии зери обӣ ба худ роҳ кофта, онҳоро сӯрох ва вайрон мекунад.

Хусусан, нармбадани даранда рапан ба табиат зарари калон мерасонад, чунки вай мидия ва устритсаро мехӯрад. Ин намуд нармбадани калон буда, дарозии гӯшмоҳиаш то 19 см аст. Дар солҳои 40-уми асри ХХ кирминаҳои нармбадан тавассути киштиҳо (ба таги киштиҳо часпида) аз баҳри Ҷопон ба баҳри Сиёҳ оварда шуданд. Дар ин ҷо рапан тез афзоиш карда, миқдори зиёди устритсаро нобуд ва инчунин паҳншавии мидияро кам кард.

Усули асосии мубориза ба муқобили рапан дошта гирифтани он аст. Гӯшти рапанро мехӯранд. Талабот ба рапан дар байни сайёҳон ва истироҳаткунандагон хеле калон аст, чунки вай аҳамияти оройишӣ дорад.

Бисёр намудҳои нармбаданҳо ба хоҷагии кишоварзӣ зарар мерасонанд. Масалан, тӯқумшуллуки саҳроӣ ба рустаниҳои дастпарвар зарар мерасонад. Онҳо, асосан, шаб фаъол буда, дар ҷойҳои намнок зиндагӣ мекунанд. Дар мавсими гарми табиат, ҳангоми сернам будани фасли тобистон онҳо ба авҷ зиёд мешаванд. Дар минтақаҳои ҷануб тӯқумшуллуки токхӯр зарар мерасонад. Баъзе намудҳои нармбаданҳо хӯҷаини мобайнии кирмҳои муфтхӯр мебошанд (масалан, кирми ҷигармак).


Хулоса

  1. Типи нармбаданҳо аз ҷиҳати шумора баъди типи буғумпойҳо калонтарин типи олами ҳайвонот мебошад.
  2. Намояндагони ин тип дар об ва хушкӣ зиндагӣ мекунанд.
  3. Вобаста ба муҳити сукунаташон онҳо тавассути ғалсама ва шуш нафас мекашанд.
  4. Системаи марказии асабашон, махсусан дар нармбаданҳои сарпой хеле хуб инкишоф ёфтааст.
  5. Типи нармбаданҳо се синф дошта, калонтаринаш синфи нармбаданҳои шикампой мебошад.
  6. Нармбаданҳо дар силсилаи хӯрокии ҷамоаи табиӣ нақши муҳим мебозанд.
  7. Баъзе намудҳои нармбаданҳо хӯроки хуби серғизои инсон мебошанд.
  8. Типи нармбаданҳо ба монанди типи буғумпойҳо аз як шохаи типи ҳалқакирмҳо пайдо шудаанд.

Оё медонед?

Аз нармбаданҳои дупалла устритса, мидия, шонамонанди баҳрӣ, аз шикампойҳо – тӯқумшуллуки токхӯр, аз сарпойҳо калмарро дар хӯрок истифода мебаранд. Диаметри гӯшмоҳии нармбаданҳои мурдарафта (аммонитҳо) 2 м аст ва дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз кофтуковҳои палеонтологӣ ёфт шудаанд. Хуни нармбаданҳо вобаста ба он ки кадом элементи кимиёвӣ – оҳан ё мис дар таркиби он аст, сурх ё кабуд мешавад. Як гр ранги сурхи баланди пурпурро аз 10 ҳазор нармбаданҳои шикампой ба даст меоранд.


Саволҳо

  1. Аҳамияти нармбаданҳо дар табиат аз чӣ иборат аст?
  2. Кадом намуди нармбаданҳоро инсон дар хӯрок истифода мебарад?
  3. Марворид дар гӯшмоҳии садафнок чӣ тавр ҳосил мешавад?
  4. Кадом намуди нармбаданҳо ба инсон зарар мерасонанд?

Кор бо гурӯҳ

Ба ду гурӯҳ ҷудо шавед. Гурӯҳи якум ҷиҳатҳои манфиатбор ва гурӯҳи дуюм зарари намудҳои нармбаданҳоро муайян намоед. Ба ҳар як намуд мисолҳо биёред.


Аз фикрҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дурустро ишора карда, сабаби онҳоро шарҳ диҳед.

  1. Бадани нармбаданҳо аз тан ва пой иборат аст.
  2. Қабати берунии гӯшмоҳӣ аз лавҳаҳои тунуки оҳакин ҳосил шудааст.
  3. Баъзе нармбаданҳо гӯшмоҳӣ надоранд.
  4. Нармбаданҳои дутабақа ҳамчун биофилтрҳо аҳамияти калон доранд.
  5. Узви нафаскашӣ дар нармбаданҳои обӣ ғалсама, дар нармбаданҳои хушкигард шуш мебошад.
  6. Системаи гардиши хунашон сарбаста аст.
  7. Ҳамаи нармбаданҳо ҳайвони рустанихӯранд.
  8. Узви ихроҷи онҳо гурда аст.
  9. Ҳамаи нармбаданҳо хунсоянд.
  10. Бадани нармбаданҳои дупалла аз сар, тан ва пой иборат аст.
  11. Пойҳои нармбаданҳои дупалла фақат вазифаи шинокуниро иҷро мекунанд.
  12. Ҳассосакҳои нармбаданҳои сарпой шакли тағйирёфтаи пой мебошанд.
ҚаблӣFrontend ва Backend. Кадом соҳаи web-барномасозиро интихоб кунем?
БаъдӣТипи буғумпойҳо ё бандпойҳо