Муқоисаи бузургиҳои ададӣ

Бузургиҳоро низ бо ишораҳои > ва < ба ҳам муқоиса намудан мумкин аст.

Қоида. Барои муқоиса намудани бузургиҳо, онҳоро аввал ба ченаки ягона гардонида, баъд ададҳои ҳосилшударо ҳамчун ададҳои натуралӣ муқоиса намудан лозим аст.

ададхо ракамхо

Мисоли 1. Кадомаш дарозтар аст: масофаи 4 км ё 3989м?

Аввал километрро бо метр ифода мекунем: азбаски 1км=1000 м, 4 км=4*1000 м=4000 м. Ададҳои 4000 ва 3989-ро муқоиса мекунем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар ду адад чоррақама аст. Дар асоси қоидаи муқоисаи ададҳои натуралӣ 4000>3989 мешавад, яъне 4 км>3989 м

Ҷавоб: 4 км аз 3989 м дарозтар аст.


Мисоли 2. Кадомаш вақти зиёдтарро ифода менамояд: Як шабонарӯз ё ки 86380 сония?

Аввал бузургиҳоро ба як воҳид меорем. Шабонарӯзро бо сонияҳо мегардонем. Азбаски 1 шабонарӯз аз 24 соат, 1 соат аз 60 дақиқа ва 1 дақиқа аз 60 сония иборат аст, пас 1 шабонарӯз=24·60·60 с=86400 соняро ташкил медиҳад. Минбаъд, ададҳои 86380 ва 86400-ро муқоиса мекунем. Ду рақами аввали ададҳо баробар аст. Рақами сеюми адади 86380 аз рақами сеюми адади 86400 хурд аст. Дар асоси қоидаи муқоисаи ададҳои натуралӣ 86400>86380 мешавад.

Ҷавоб: Як шабонарӯз аз 86380 сония тӯлонитар аст.


Мисоли 3. 12 тонна борро бо 121 сентнер муқоиса мекунем.

Азбаски 1т =10 сентнер аст, пас 12т ·10=120 сентнер мешавад. Дар асоси қоидаи муқоисаи ададҳои натуралӣ 120<121 аст. Бинобар ҳамин, 120 сентнер аз 121 сентнер сабуктар аст.

Ҷавоб: 12 т аз 121 сентнер сабуктар аст.


Мисоли 4. Оё Шукрона бо 5 сомонӣ 1 дона китоби нархаш 3 сомонӣ ва чорто дафтари нархи ҳар кадомаш 50 дирамӣ харида метавонад?

Азбаски 1 сомонӣ 100 дирам аст, маблағи 5 сомонӣ 500 дирамро ташкил медиҳад. Шукрона 300   дирами   онро  (3 сомонӣ = 300 дирам) барои харидани китоб сарф кард. Бо 2 сомонии боқимонда (ё 200 дирам) ӯ метавонад чорто дафтари нархи ҳар кадомаш 50 дирамӣ харад.

Ҷавоб: Метавонад.


Мукоисаи бузургихои адади, бузургихоро чи гуна мукоиса мекунанд, мисолхои математика, математика бо забони точики.

ҚаблӣМуқоисаи ададҳои натуралӣ
БаъдӣПорча. Дарозии порча