Навруз – иди баҳор

Баҳор фасли дилафрӯзи сол аст. Онро бетоқатона интизор мешаванд. Ин фаслро фасли зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд. Дар ҳақиқат ҳам, фасли зебову дилрабост фасли баҳор! Кӯҳу дара, саҳрову боғот сабзу хуррам аст. Бӯйи хуши сабзаи навхез ва гиёҳҳои гуногуни худрӯй ба тани одам рӯҳи тоза мебахшад.

навруз дар Точикистон

Кӯҳсори сарсафед ба истиқболи иди баҳор домани худро бо сабзаю гул пӯшонда, хурсандӣ мекунанд. Дашту саҳро ба сар чодари рангин мегирад. Обшорон таронаи наврӯзӣ мехонанд. Насими форам ба ҳар кӯй мужда мебарад.

Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаттар,
Аз бӯйи хуши лолаву райҳону санавбар.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими мардуми тоҷик аст. Онро ҳар сол ба муносибати расидани баҳор ва ибтидои кишту кор 21-уми март ҷашн мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Навои карнаю сурнай халқро ба ид даъват мекунад. Хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Дорбозону масхарабозону мутрибон ҳунари худро намоиш медиҳанд. Ҳама аз омадани баҳор хурсанд, либосҳои зебову ороста дар тан, ба ҳамдигар хушнудиву хушбахтӣ орзу мекунанд.

 Маълумотҳои монанд:

Иншо дар бораи Навруз


Иншо ва мавзуи озод дар бораи Навруз, навруз иншо, Иншо оиди Навруз, Навруз дар Точикистон, эссе дар бораи Навруз, ессе дар васфи Навруз, шеър, Навруз, Наврузи.

ҚаблӣСуруди касбии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон
БаъдӣШеър дар васфи Навруз – бахор барои духтарон