Дар сари гаҳвора (шеъри Модар)

Бар сари гаҳвора дидам модаре,
Модари фарзанди монанди парӣ.

Тифл дар гаҳвора андар хоб буд,
Ё ки дар гаҳвора ширмаҳтоб буд.

Тавба кардам, – гуфт модар ногаҳон,
Тавба кардам, эй Худоӣ меҳрубон.

Ин қадар хурду заифу сода аст,
Ин қадар бахту мадорам додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эй Баҳори азиз, эй дилбар,
Ту ба ин тифли нозанин бингар.

Чуҷаи он кабутари ваҳшӣ
Дар ту мирам, аҷаб сафобахшӣ.

Хурдию аз ту гаҳвора пур аст.
Хона пур, кунҷ пур, канора пур аст.

Дашту саҳрои бекарон пури туст,
То фалак, то малак ҷаҳон нури туст.

Ту калон шав, бафазлу доно шав!
Ҳам ба дил, ҳам ба чеҳра зебо шав!

Аз эҷодиёти Ғаффор Мирзо

ҚаблӣШеъри МОДАР барои мухочир
БаъдӣҚадри модар (Кадри модар, иншо-эссе)