Даъватнома барои Туй

Даъватномаҳои шахсӣ, асосан даъват ба туйи хонадоршавӣ, хонаободии ҷавононанд, ки матни баъзеи онҳоро ба тариқи намуна меорем. Ёдовар бояд шуд, ки даъватномаҳои туйи хонадоршавӣ дар кортҳои зебу ороишдодашуда, бо акси арусу домод, ангуштариҳо ва ғайра бо рангҳои сабз, сурх ва дигар навишта мешаванд. Ин навъ кортҳоро метавон аз дуконҳо дастрас кард ва ё худи хонадоршавандаҳо метавонанд дар матбаҳо фармоиш бидиҳанд. Дар ин навъ даъватномаҳо як ё ду байт шеър ҷой дода мешавад.

намунаи даъватнома барои туй


Намунаи даъватнома барои туй

Эй дӯст, маросими муборак дорам,
Шодии маро биё, бубинем бо ҳам.
Ин даъвати мо агар ба дил бардорӣ,
Хоки қадамат ба дида мебардорам.

Имшаб ду баҳор бехазон хоҳанд шуд,
Имшаб ду ситора ҳамқирон хоҳанд шуд.
Имшаб ду ниҳоли боғ пайванд шавад,
Фардо нигаред, гулфишон хоҳанд шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҳтарам_________________________________

Ҳузури мубораки Шумо дар базми домодию арусии фарзандони мо _______________________________________, ки рӯзи _____ соати ____ дар ___________________ ороста мешавад, моро шод ва сарфароз месозад.

Бо камоли эҳтиром__________________________

Инчунин хонед:

Намунаи Даъватнома барои туй


Даъватнома барои Туй, Намунаи даъватнома барои туй, Эй дуст, маросими муборак дорам, тарзи навиштани даъватнома барои туй, туй муборак даъватнома.

ҚаблӣНамунаи Даъватнома (Даъватномаи расмӣ)
БаъдӣНамунаи Даъватнома барои туй