Формати JPEG (бо забони точики)

Формати JPEG (joint photographic experts group – гурӯҳи муштараки экспертони акс) формати дигари машҳури графикӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун усули самараноки нигаҳдории тобишҳои баланди рангии тасвир истифода мешавад.

Дар ин формат барои ифода намудани тобишҳои рангии тасвир зиёда аз 16 миллион рангро истифода бурдан мумкин аст, ки ин миқдор ранг барои анҷом додани саҳеҳтарин амалҳои тасвирсозӣ кифоя аст. Дар формати JPEG алгоритми фишурдани тасвир бе талафдиҳии иттилоот истифода мешавад. Аз ин рӯ ҳангоми дар экран кушодани тасвир он дар шакли аслиаш инъикос мешавад.

Яъне дар он шакле, ки пеш аз фишурдан (сабткунӣ) қарор дошт. Барои ҳамин ҳам аз формати JPEG бештар ҳангоми нигаҳдории аксҳо ва тасвирҳое истифода мебаранд, ки онҳо тавассути рангҳои гуногун сохта шудаанд.


Муфассал >> Графикаҳои растрӣ ва векторӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣФормати GIF (бо забони точики)
БаъдӣГрафикаи векторӣ